Бахшҳо

Мавҷи хеле баланди интиқоди шадиди Русия натиҷаи амалиёти пантуркистон аст

Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ
доктори илмҳои иқтисод, профессор


Моҳҳои охир аз саҳифаҳои васоити ахбори омма, хусусан рӯзномаҳои озод мавҷи мақолаҳое, ки муқобили русҳо ва Русия нигаронида шудаанд, кам намегардад. Насли калонсол ангушти ҳайрат мегазанд – ин қадар эҳсоси бадбинӣ аз куҷо пайдо шудааст ва манобеаш чист? Ин мавҷ ҳар замон баланду паст мешавад. Агар тоҷике бо дасти “скинхед” ё ашхоси ҷиноии ғайритоҷик кушта шавад, мавҷ ба осмон дакка мехӯрад, рӯзноманигорон мақолаҳое менависанд, ки аз мантиқ фарсахҳо дур мебошад ва русҳоро бо тамоми гуноҳҳои дар олам ҷойдоштаю ҷойнадошта айбдор мекунанд, шоирон бо шеърҳои пур аз нолаю оҳу воҳ эҳсоси русофобиро даҳчанд зиёд кардан мехоҳанд.

ДАР ДУРИҲО БА ГӮРКОВИЮ МУРДАГӮРОНӢ МАШҒУЛ БУДАНИ ТОҶИКОН ШАРМАНДАГИИ МИЛЛӢ АСТ


Мутаассифона, мақолаҳое пайдо мешаванд, ки мақсадашон санг партофтан ба таърихи миллату давлати рус, ба табиату шахсияти русҳо, ба фарҳанги онҳо ва сиёсати гузаштаю муосири Русия, ҳатто ба роҳбарияти ин давлати бузург мебошад. Чунин як тасаввуроте пайдо мегардад, ки васоити ахбори умуми Тоҷикистон оид ба русофобӣ дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои аввалинро ишғол мекунад.

Ин талошҳо аз меъёрҳои адолат хеле дуранд. Масалан, вақте ки тоҷик тоҷикро мекушад (тақрибан 17 дарсади ҳолатҳои марги тоҷикон дар Русия) ва ё тоҷик русро бераҳмона қатл менамояд ва ё зӯроварӣ мекунад, рӯзномаҳои мо даҳони худро пури об карда, хомӯширо пеша мекунанд. Ҳар замон оид ба бори “200”, яъне тобутҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, муҳокимаю мубоҳисаҳоро авҷ медиҳанд.

Дар омади гап бояд қайд намуд, ки сатҳи фавт миёни муҳоҷирони тоҷики дар Русиябуда ба ҳисоби 1000 нафари аҳолӣ ба 1-1,1 кас мерасад. Ва ин дар суратест, ки агар шумораи муҳоҷирон тақрибан 1 миллион нафар бошад. Агар шумораи онҳо 1,5-2 миллион нафар бошад (ба гуфтаи коршиносон ва Каромат Шарифов) – ин нишондиҳанда то ба 0,5-0,75 поён хоҳад рафт. Барои муқоиса бояд гуфт, ки сатҳи фавт дар қаламрави Тоҷикистон нисбати ҳар 1000 нафар аҳолӣ давоми даҳ соли охир ба 4,0-4,4 кас мерасад. Агар ҳамаи мардикорони тоҷик дар Русия ошкорона амал менамуданд, ин сатҳи фавти муҳоҷирин 55-60 фоиз камтар мешуд, зеро аксари онҳо тавассути суғуртаи тиббӣ метавонистанд аз хизмати беморхонаю поликлиникаҳо бепул истифода баранд. Дар сурати аъзои Иттифоқи иқтисодии Аврупою Осиё шудани Тоҷикистон, бидуни шубҳа чунин имконият фароҳам меомад.

Мавҷи нави русофобӣ хусусан аз ҳодисаҳое, ки дар қабристони Ховани шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайвастанд, сар зад. Ин маврид ҳам рӯзномаҳои мо муносибати беғаразро як сӯ гузоштанд. Ба ақидаи ман, берун аз ватани худ, дар дури дуриҳо ба гӯрковию мурдагӯронӣ машғул будани тоҷикон шармандагии миллӣ аст. Ин нишонаи он аст ки онҳо дар ватан касбу кори замонавӣ (ба монанди арманиҳову молдаванҳо, чиноҳою ветнамиҳо ва ғ.) надоштанд ва ба як бурида нон муҳтоҷ будан онҳоро маҷбур сохт, ки чунин касабаи пастро пеша кунанд. Ин ҷо тоҷикон тӯъмаи русҳо не, балки бадтарин ашхоси ба фасод ғӯтазада (ба мисоли Чубуев) ва гуруҳҳои ҷиноие шуданд, ки мехостанд сатҳи истисмори мардуми гӯрковро 2 маротиба баланд бардоранд. Бояд илова кард, ки ба ин гуруҳҳои ҷиноӣ баъзе аз тоҷикон низ ворид буданд.

Чанд моҳ аст, ки дар рӯзномаҳо масоили ҷорӣ намудани визаи русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Баъзе аъзои парлумуни (Дума) Русия чунин таклиф доштанд. Аммо аксари аҳли ҷомеа ва намояндагони Ҳукумати Русия на як бору ду бор алайҳи ин масоил сухан рондаанд. Ҳатто рӯзноманигори машҳури тоҷик Нуралӣ Давлат дар ин бобат ба иштибоҳи сангине роҳ додааст. “Согласно российской стратегии - слабых бьют. Москва уже потеряла для себя тюркских республик Центральной Азии, поэтому будет использовать проблему введения виз для таджиков в качестве очередного рычага давления” (“Asia-Plus”, 26, 26.05.16). Ба нуктаҳои дар боло овардашудаи бародари азизам Нуралӣ ман комилан розӣ нестам. Русия ҳеч гуна стратегияи зарба задан ба заифон (Тоҷикистон ва дигар неруҳои суструшдёфта)-ро надорад. Дар замони шӯравӣ он ҳомии тамоми давлатҳои сусттараққикарда буд. Дар давраи пасошӯравӣ бошад, Русия аз қарзҳои бузурги аз Шӯравӣ меросмонда, ки мамолики зиёде аз Африқо, Осиё ва Амрикои Лотинӣ гирифта буданд, гузашт кард. Русия бо чунин давлатҳои туркзабон, аз қабили Қазоқистону Қирғизистон ва ҳатто Ӯзбекистон муносибатҳои хуби сиёсию иқтисодӣ дорад ва онҳоро ҳамчун иттифоқчӣ гум накардааст. Масоили виза нисбати тоҷикон бошад, дар сатҳи Ҳукумати Русия бо тамоми ҷиддият гузошта нашудааст ва ин бобат ходимони намоёни давлатии ин кишвар В. Матвиенко, Д. Рогозин ва ғайра ҳарф задаанд.

Дар баъзе рӯзномаҳо шиорҳое ба назар мерасанд, ки ба ҷорӣ кардани раводид даъват мекунанд, гӯиё аз ин чорабинӣ тоҷикҳо бурд мекунанду русҳо гирифтори бохт мешаванд. Рӯзноманигор Ашраф Акрам ақида дорад, ки аз низоми раводид набояд ҳаросид, дар ибтидо мушкилотро дар пой меорад, вале оқибати беҳтаре хоҳад дошт (“Озодагон”, 08.05.2016). Ҳамин ақида дар рӯзномаи “Нигоҳ” низ баён гардидааст (04.05.2016). Ба ин масоил саҳлангорона муносибат кардан хатост. Бояд хеле андеша кард. Каромат Шарифов мегӯяд, ки “агар визаи корӣ шавад, 1000-2000 одам даъват мекунанд, на 2 миллион. … миллион тоҷик, ки баргашт, онҳо ҷойи кор талаб мекунанд”. Ақидаи К.Шарифов дуруст аст, агарчи ӯ низ оқибати ногувори чунин чорабиниро то охир нафаҳмидааст. Бояд гуфт ки дар сурати ҷорӣ кардани амалияи раводид, агар консулгариҳои Русия аз субҳ то шом ва ҳатто рӯзҳои шанбею якшанбе беист фаъолият кунанд ҳам, аз 100-120 ҳазор бештар раводид дода наметавонанд. Аммо сухан дар бораи 1-1,5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ меравад, ки ҳар яке ба ҳисоби миёна масъули ризқу рӯзии на кам аз 4 нафар аст. Яъне аксари аҳолии Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аз даромадҳои пули бурунмарзӣ вобастагӣ дорад. Бӯҳрони муосири Русия, ки аз санксияҳои Ғарб ба вуҷуд омадааст, боз як бори дигар исбот намуд, ки амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз вазъи иқтисоди Русия вобастагии калон дорад. Яъне агар байни ду давлат амалияи раводид ҷорӣ карда шавад, Тоҷикистон ба чунин натоиҷи манфие дучор хоҳад шуд, ки оқибати онро тасаввур кардан амри маҳол аст.

КОШКИ ДАР ПАРЛУМОНУ ИДОРАҲОИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН МИЛЛАТПАРАСТОН МЕНИШАСТАНД

Талафоти иқтисодии Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба 7 миллиард доллар баробар буд. Амммо мувофиқи иттилооти расмӣ танҳо соли 2013 маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба 4,2 миллиард доллар мерасид ва бо назардошти кулли маблағҳои аз онҳо ба кишвар омада (амалияи “ҳавола”, инчунин маблағҳое, ки мардикорон ҳамроҳи худ ё дар шакли таҷҳизоту ашёи рӯзгор мефиристонанд), тақрибан ба 6,0 миллиард доллар мерасанд. Агар ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия ба таври ошкор фаъолият медоштанд, ин рақам аз 7,5-8,0 миллиард доллар мегузашт, ки ин танҳо дар сурати аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Аврупою Осиё будан имконпазир мегардад. Чунин вазъ имкон хоҳад дод, ки ҳуқуқҳои меҳнатии ҳамаи мардикорон куллан риоя карда шаванд, дар доираи шартномаҳо ҷавонони хоҳишманд тавассути системаи тайёрии касбию техникӣ ихтисоси худро баланд бардоранд, ширкатҳо барои беҳбудии зисту зиндагии мардикорон ғамхорӣ намоянд, фаъолияти истеҳсолии онҳо беҳбуд ёбад ва маҳдудиятҳое, ки имрӯз доман паҳн кардаанд, ба нобудӣ бурда шаванд.

Хеле хуб мешуд, агар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, васоити ахбори умуми электронӣ ва чопӣ ба масоили тарбия ва решакан намудани ҷинояткорӣ машғул мешуданд (бояд зикр кард, ки бо сабабҳои маълум мардуми ҷиноятпеша низ аксаран ба Русия барои ризқу рӯзӣ сафар карданд ва ин бобат Русия барои кам шудани миқёси ҷиноят дар қаламрави Тоҷикистон саҳмгузор аст). Танҳо ҳамин гуруҳҳои ҷиноианд, ки дар Русия сабабгори паст шудани обрӯю эътибори тоҷикон гардидаанд. Банда дар ин бобат дар вилоёт ва шаҳрҳои гуногуни Русия тадқиқот гузаронида буд. Иттилооте, ки то имрӯз дар ВАУ-и Русия ва Тоҷикистон чоп мешавад, хулосаҳоямро комилан тасдиқ менамояд.

Масалан, дар Русия мардикорони бекасу бе иттилоот, ки ба ин кишвар қадам мегузоранд, аз худи фурӯдгоҳ ба дасти миёнаравҳо меғалтанд. Миёнаравҳо ба гуруҳҳо шомиланд ва аз мардикорони ғайрилегалӣ то замоне, ки ба ватан бармегарданд, боҷ меситонанд. Дар асл тамоми мардикорони ғайрилегалӣ (на камтар аз 5 то ҳазор нафар) аз ҷониби миёнаравҳо, гуруҳҳои ҷиноӣ, ки худ тоҷиконанд, таҳти истисмор қарор гирифтаанд. Онҳо хуни ҳамватанони худро мемаканд ва ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, мутаасифона, худро аз ин масъала канор гирифтааст. Яке аз сабабҳои ҷиддии ҳолати мазкур бесаводии мардикорон аст. Каромат Шарифов дуруст мегӯяд, ки муҳоҷирони 17-30 сола номи худро навишта наметавонанд. Пас мо дар бораи кадом миллат ҳарф мезанем?

Дар Русия ва Тоҷикистон ВАО дар бораи вазъи ҷиноии байни диаспораи тоҷикон маводи зиёде чоп мекунад, ки ин боиси сархамии миллат (агар он бошад) ва давлат мегардад. Дар ин бобат 2-3 мисол меорам: Дар ноҳияи Наро-Фомински вилояти Маскав 4 тоҷик 2 ҳамватани худро гаравгон гирифта ба ивазаш 2 миллион рубли русӣ талаб карданд; 1 июни соли 2015, 3 шаҳрванди Тоҷикистон 1 тоҷикро гаравгон гирифта, ба ивазаш 10 миллион рубл талаб карданд; моҳи майи соли 2015, 4 шаҳрванди Тоҷикистон 1 тоҷикро рабуда, 10 миллион рубл талаб карданд (“Озодагон”, 08.06.2016). Чунин мисолҳо хеле зиёданд ва бояд гуфт, ки дар байни гурҷиҳо, арманиҳо, молдавиҳо, украинҳо, қазоқҳо, қирғизҳо чунин навъи ҷинояткорӣ хеле кам ба чашм мерасад. Ҳамаи тоҷиконро, ки аз тарафи ҳаммиллатонашон ба чунин балои бад гирифтор карда шудаанд, боз ҳамин русҳо озод кардаанд.

Мақолаҳои зиёде оид ба муносибати Д.Рогозин, А.Невзоров, В. Жириновский, Г. Онишенко ба тоҷику тоҷикистониён бахшида шудаанд. Дар баъзеи онҳо шахсони номбурдаро неофашист меноманд (“Бизнес и политика”, 19.05.2016). Ба чунин ақида ҳеч гоҳ розӣ шуда наметавонам. Муаллифони ин мақолаҳо намедонанд, ки фашизм ва неофашизм чӣ маъно доранд. Онҳо ашхоси миллатпараст мебошанд. Кошки дар парлумону идораҳои давлатии Тоҷикистон чунин афрод, яъне миллатпарастон менишастанд, ки манфиатҳои рушди миллӣ ва такомули миллатро нисбат ба манфиатҳои шахсии худ боло медонистанд. Дар омади гап бояд гуфт, ки В. Жириновский якчанд маротиба дар бораи тоҷикону таърихи онҳо самимона сухан гуфтааст. Д.Рогозин низ зимни сафари расмие, ки ба наздикӣ дар Тоҷикистон дошт, оид ба бо техникаи навтарини ҳарбӣ мусаллаҳ гардонидани артиши давлати мо суханронӣ кард ва аз номи ҳукуматаш ин бобат ваъда дод.

Онҳо нисбати на Тоҷикистон, балки тавассути қаламрави он гузаронидани маводи мухаддир суханони дурушт гуфтаанд ва мо бояд эътироф кунем, ки он дуруштиҳо аз назари ашхоси миллатпараст беасос набуданд. Ин бобат мо бояд поквиҷдонона ба гузаштаи наздик назар андозем. Охир беҳуда бо ташаббуси созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ниҳоди мубориза алайҳи маводи мухаддир ташкил нашуда буд. Танҳо ин ниҳод ҳар сол якҷоя бо созмонҳои дигари давлатӣ аз 1 тонна бештар маводи сахттаъсир – героинро якҷоя бо соҳибонаш дастгир менамуданд. Бидуни шубҳа, миқдори зиёди маводи мухаддир аз қаламрави мо гузашта, тавассути ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба Русия ворид мегардид. Дар тақсиму фурӯши он дар Русия дар қатори шаҳрвандони рус шаҳрвандони тоҷик низ фаъолона ширкат меварзиданд. Дар натиҷа садҳо ҳазор шаҳрвандони Русия ба фалокати нашъамандӣ дучор шудаанд. Касе мутаассифона, ҳисоб карда наметавонад, ки дар натиҷаи нашъамандӣ дар Русия чӣ қадар оилаҳо вайрон шуданд, чӣ қадар кӯдакон бе саробон монданд ва ё сағира шуданд, чӣ қадар ҷавонон ба ҳаёт падруд гуфтанд. Замоне ки мо натавонистем комилан пеши роҳи селаи маводи мухаддирро бигирем, албатта дар ҷомеаи Русия интиқод оиди тоҷикистониёне, ки дар паҳн намудани он фаъолият доштанд, зиёд мешуд ва ин ҳолати табиист, агарчи ногувор аст.

Аз ин рӯ мо бояд сабабҳои дуруштии сухангӯиҳои онзамонаи чунин миллатпарастони рус, аз қабили Ройзман, Жириновский, Невзоров, Рогозин ва дигаронро фаҳмем ва ба худ ҳисобот бидиҳем, ки агар он замон мо ин бобат дурусттар ва беамон ба муқобили ҳаракати маводи мухаддир мубориза мебурдем ба чунин дуруштгӯиҳо дучор намешудем. Замоне ки Тоҷикистон ҳамчун гузаргоҳи селаи маводи мухаддир хизмат мекард, онҳо талаб менамуданд, ки раводид ҷорӣ карда шавад. Ҳоло ки ин села ба маротиб кам шудааст ва дигар ба амнияти миллии Русия таҳдид намекунад, Рогозин муқобили ҷорӣ намудани раводид байни Тоҷикистону Русия баромад мекунад.

ҶОМЕАИ РУСИЯ ТОҶИКОНРО ЧИРКИНУ ИФЛОСУ ҚОТИЛУ ТЕРРОРГАР НАНОМИДААСТ

Рӯзноманигор Ашраф Акрам дар як мақолааш менависад, ки “русҳо нахуст бесаводию кундзеҳнию бефаросатиро хоси тоҷик шумурданд. Баъдан бетамизию чиркинӣ, нашъаҷаллобӣ ва дигар аъмоли бадро ба ӯ ихтисос доданд ва мегуфтанд, ки тоҷикон авбошу ғоратгару қотилу терроргар бештар зуҳур мекунанд. Русҳо хешро миллати олию мутамаддин дониста, дигаронро бефарҳангу ваҳшӣ меноманд. Аммо ин сарбуру пӯсткану қотилу таҷовузкорӣ он ҷо аслан наврасу навҷавонанд, ки ин барои дигар миллат падидаи бегона аст” (“Озодагон”, 08.06.16). Ман ва миллионҳо тоҷикони дар Тоҷикистону Русия иқоматдошта ба ин суханони рӯзноманигори номбурда розӣ шуда наметавонем. Маълум аст, ки рӯзноманигор аз таърихи Русия, адабиёти классикӣ ва муосири он бехабар аст ва эҳтимол чандон ба васоити умуми ахбори ин кишвар шинос нест. Чунин сифатҳое, ки ба русҳо нисбат дода мешавад, комилан сифатҳои ҳақиқии шахсияти русӣ нестанд. Чунин суханонро танҳо шахсе гуфта метавонад, ки аслан дар Русия зиндагӣ накарда бошад ва агар ин кишварро ҳамчун муҳоҷир эҳсос карда бошад, пас ҳамчун муҳоҷири ғайрилегалие, ки байни гуруҳи ҷиноӣ иқомат дошта бошад, ё тӯъмаи истисмори шадиди ҷиноиён ва аз ҷумла сартосон шуда бошад. Дар байни аҳли ҷомеаи Русия ё дар ВАО касе тоҷиконро чиркину ифлосу авбошу ғоратгару қотилу терроргар наномидааст. Шахсони чунин сифатҳоро дошта дар байни ҳамаи миллатҳо вомехӯранд ва ягон халқияту миллате нест, ки аз онҳо эмин бошад. Ҳаминро нисбати сарбуру пӯсткану
қотилу таҷовузкор гуфтан мумкин аст. Ин бобат Ашраф Акрам аз ҳақиқатҳои талх хеле дур мераванд. Хеле хуб мешуд, агар рӯзноманигор ба таърихи ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳон, ба ёддоштҳои ҷанговарону генералҳо, ба ҳуҷҷатҳои архивӣ хубтар шинос мешуданд. Вақте ки душманон пӯсти русҳоро меканданд, сари онҳоро аз танашон ҷудо менамуданд, дар печҳои Освенциму Бухенвалд месӯзониданд, русҳо немисҳои асирафтодаро ба лагерҳое ҷой мекарданд, ки аз ҳама ҷиҳат ба талаботи ҳуҷҷатҳои аз тарафи Лигаи Миллатҳо қабулшуда мувофиқ буданд. Дар омади гап ман ба рӯзноманигор маслиҳат медиҳам, ки ба таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хубтар шинос шаванд, зеро он пур аз ҳолатҳои таҷовузу қатлу сарбурию пустканӣ буд. Ҳаммилатони мо дар бераҳмӣ ба ҷое расида буданд, ки дар ҷангҳои тамоми таърихи инсоният рӯй дода, хеле кам ба назар мерасад. Хеле хуб мешавад, агар мо ба сифатҳои ғайриинсонии зумрае аз ҳаммилатони худ баҳо диҳем ва аз суханҳои туҳматомези бардурӯғ нисбати миллатҳое, ки дар рушди Тоҷикистону тоҷикон саҳмдорӣ кардаанд худдорӣ намоем. Бояд ҳар яке ҳолати мавриди интиқод гардида далел дошта бошад.

Баъзан чунин гуфтаҳо рӯи қоғаз меоянд, ки комилан ВАУ моро шарманда мегардонанд. Баъзе аз ходимони давлатии кишвари ба мо наздик ва дӯстро душмани рақами яки тоҷикон эълон мекунанд, онҳоро саркардаи неофашистон мехонанд ва ҳатто хеле дағалона дашном медиҳанд. ГЛОНАСС-ро системаи техникии қафомонда ном мебаранд, мегӯянд, ки Русия ба Тоҷикистон танҳо силоҳи куҳнаю фарсуда медиҳад. Ба ақидаи ман чунин суханрониҳо танҳо инъикоси сатҳи на чандон баланди фарҳангии рӯзноманигорони тоҷик мебошад. Ман аз чунин рӯзноманигорон хоҳиш мекунам, агар тавонанд, чунин тарзи суханрониро аз матбуоти Қазоқистон, Руссияю Белоруссия ва ғайра пайдо кунанд. Имони комил дорам, ки ҳеч гоҳ пайдо карда наметавонанд. Чунин тарзи суханронӣ ба осиёи душманони миллати мо ҷараёни нави обро илова менамояд, ки ба манфиати миллату кишвар нест, зеро душманон (хусусан пантуркистон) чунин суханҳои ношоямро барои дар арсаи байналхалқӣ шарманда кунонидани тоҷикону давлати миллии онҳо истифода мебаранд.

Ман боварӣ дорам, ки мавҷи хеле баланди интиқоди шадиди Русия ва русҳо, ки ҳоло матбуоти озоди моро фаро гирифтааст, натиҷаи амалиёти фаъолонаи пантуркистони муосир мебошад. Ин мавҷ хусусан баъди вайрон гардидани муносибатҳои байни Русия ва Туркия боз ҳам баландтар ва хатарноктар шуд. Боиси таҳайюр аст, ки дар рӯзномаҳо танқиди пантуркизм, Салафия, ДИИШ хеле кам вомехӯрад. Мутаасифона, тамоми бадбахтиҳое, ки тавассути фаъолияти пантуркистон ба сари миллати мо дар ду асри охир рехтанд, баъзе аз муаррихону рӯзноманигорон ба русҳо ва Русия нисбат медиҳанд. Масалан, оид ба талафҳои хеле калони инсоние, ки дар кишвари Туркистон ва хусусан уезди Самарқанд, аз ҷумла Хуҷанд, натиҷаи шӯриши соли 1916 чой доштанд, мегӯянд, ки он маҳсули репрессияҳои ҳукумати Русияи подшоҳӣ буд. Аммо ҳақиқат тамоман дигар аст. Пас аз саршавии шӯриш, ки бо ташаббуси пантуркистон ба амал омада буд, боз ҳамин душманони қаттоли миллати тоҷик мардуми камсаводро тарсонида, онҳоро ба Туркистони Шарқӣ бурданд, ва он ҷо 250-300 ҳазор одам дар натиҷаи гуруснагӣ ва маризҳо ба ҳалокат расид. Нақшаи ин палидон дар он буд, ки тоҷикро дар ҳудуди кишвари Туркистон ҳамчун миллат нобуд созанд ва ба ин ҳадаф қариб ноил ҳам гаштанд. Ҳоло вақти он расидааст, ки зиёиёни тоҷик, хусусан рӯзноманигорон мӯйро аз хамир ҷудо карда, душманони ҳақиқии миллатро ба таври мушаххас аз дӯстонашон фарқ карда тавонанд. Тамоми қарнҳо норасоии чунин сифат боиси афзоиши хорию зории миллати тоҷикон ва якчанд маротиба аз даст рафтани давлату давлатдории онҳо мегардид. Аз ин рӯ, дар навбати аввал мебояд, ки рӯзноманигорони тоҷик аз суханҳое, ки ба муносибати ду кишвар халал мерасонанд ва инчунин ба ҳақиқати ҳол мувофиқ нестанд, худдорӣ намоянд. Чунин суханҳо аз назари воридшавии кишвар ба равандҳои интегратсионӣ зарарнок мебошанд. Мутаасифона, рӯзноманигорони маъруфи мо низ ба чунин нуқсонҳо роҳ медиҳанд. Масалан, Иршод Сулаймонӣ ақида дорад, ки фарҳанги русӣ барои мо бегона аст ва ҳеч қаробате ба мо ва маишати мо надорад (“Озодагон”, 04.05. 2016). Бояд арз кунам, ки дар аввали асри XXI дар натиҷаи баҳамчаспӣ беш аз 150 сола фарҳангҳои тоҷикӣ ва русӣ чунон ба ҳам печидаанд, ки ҷудо кардани онҳо кӯшиши беҳуда мебошад. Таъсири фарҳанги русӣ ба фарҳанги тоҷикӣ аз адабиёту санъат сар карда, то маорифу тиб, манзилу роҳҳо, кишоварзию саноат, инфрасохтору давлатдорӣ, либосу урфу одат ва ғайра акси худро меёбад. Ва чунин таъсиррасонӣ хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо намудааст. Муҳимаш он аст, ки фарҳанги русӣ ҳамчун пулест, ки фарҳанги ҷаҳонӣ ва хусусан аврупоиро бо фарҳанги хеле қадима ва ғании тоҷикон пайваст намудааст. Бидуни шубҳа, он хусусияти прогрессивӣ дорад ва ҳамчун омили мустақили рушд ва нашъунамои фарҳанги миллӣ хизмат мекунад.

Ман ба дӯсти азизам Иршод Сулаймонӣ тавсия медиҳам, ки ба водии Зарафшон сафар кунанд ва меҳмони зарафшониён шаванд, бубинанд, ки тарзи зиндагӣ ва рӯзгори мардуме, ки дар Русия мардикор буданд, чӣ тағйиротро аз сар гузарониданд. Ба Бадахшон Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон сафар карда, қиёс кунанд, ки сатҳи фарҳангии кадом сӯи рудхонаи Панҷ баландтар аст. Сатҳ ва тарзи зиндагонии мардуми тарафи мо бевосита таҳти таъсири фарҳанги русӣ рушд намудааст ва ин барои тоҷикони тарафи муқобил хеле ҷолиб мебошад.

Нисбат ба муносибати Русия ва тоҷикону Тоҷикистон афкори созандагӣ ва оптимистӣ мебояд. Дар сурати беҳтар гардидани муносибати ВАУ-и Тоҷикистон ба Русия омодагии ҳукумат ва сохторхои хусусию давлатии ин кишвар дар пиёда гардонидани он тарзи алоқаҳои иқтисодию технологии ба рушди ҳаматарафаи иҷтимоию иқтисодии мамлакати мо мусоидат мекунанд, меафзояд. Бояд ин васоит ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ такони мусбат бахшад. Ин бобат мисолҳои хеле зиёдеро ҳамчун намунаи муносибатҳои замонавӣ овардан мумкин аст. Масалан, рафтори ронанда Юсуф Каримов, ки дар роҳи беодаму каммошин тавонист ба зани рус, ки вазъи таваллуд кардан дошт, ҳамчун доя хизмат расонад. Тамоми рӯзномаҳои намоёни Русия дар бораи ин шахси накӯкирдор маводҳо чоп намуданд. Ё оид ба гуруҳи мусиқавии “Любэ” бо роҳбарии Николай Расторгуев, ки аз маризии хеле вазнини миопия халос намудани ҷавони тоҷик тавассути консертҳояшон пули зарурӣ ҷамъ намуданд. Ё қарори боадолатонаи суди ноҳияи Невскийи шаҳри Санкт-Петербург, ки қарори хадамоти тафтишотро оид ба марги Умаралӣ Назаров бекор намуда, экспертизаи мустақили судию тиббӣ оид ба сабабҳои марги ин кӯдак таъин намудааст… Ва ҳазорон чунин мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки онҳо тоҷикону русҳо, Тоҷикистону Русияро ба ҳам наздиктар мекунанд. Воқеан дар байни мардуми оддӣ ва хусусан оилаи мардикорони бурунмарзӣ обрӯю эътибори Русия хеле баланд аст. Аксари зиёди мардуми тоҷик ба он ақидаанд, ки муносибатҳои сиёсию иқтисодию инсонии байни ду мамлакат бояд рӯ ба беҳбудӣ дошта бошанд ва касе онҳоро халалдор нанамояд. Чунин ақида хеле дуруст аст ва қарзи ахлоқии давлатмардону зиёиён дар он аст, ки ин ақидаи мардумро субботкорона амалӣ гардонанд.
Мӯҳр
.
Ин профессор хеч аз менталитети гуломиаш намонд. Доим тавфсифи хучаинаш - халки руси "кабир".

Як бор ба Россияи имруза рав, ду-се бор полис хуччатхоятро тафтиш кунад, чор мушту лагади скинхедхоро бихур, баъд дигар хел гап хохи зад.

шогирд
Устоди азиз, ин хидояти Шумо ба кадом хадаф аст; "Дар омади гап ман ба рӯзноманигор маслиҳат медиҳам, ки ба таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хубтар шинос шаванд, зеро он пур аз ҳолатҳои таҷовузу қатлу сарбурию пустканӣ буд. Ҳаммилатони мо дар бераҳмӣ ба ҷое расида буданд, ки дар ҷангҳои тамоми таърихи инсоният рӯй дода, хеле кам ба назар мерасад."

Мухочир руссия
Хазорхо рахмат устод хамон фикрхое ки солхои зиед дар сари ман чарх мезад шумо ба калам додед модоме ки зиндагии мо аз хисоби хамин давлати абаркудрат аст мо бояд санг назанем таьрифам ки натонем карда лоакал танкид накунем офарин устод

Устод салом, хеле кушиш намудаед, ки вокеиятро нишон дихед. Бинобар иктисоддони хуб буданатон дар чорчубаи манфиатхои иктисоди дар муносибати точикону русхо кушиши равшани андохтан намудед, ахсан. Пахлухои бахсбарангези макола зиед аст. Танхо дар самти кочоки маводи нашъадор тавассути хоки кишвари азизам хаминро гуфтани хастам, фаромуш набояд кард, ки рохи кочоки маводи нашъадорро ба Руссия худи онхо тахия намуданд (дар зери ин парда иттилооти нухуфта хеле зиёд бояд бошад, ки ба тахкик ниёз дорад). Ин догест, ки ба миллати мо часпонидаанд. Дар масъалаи сиёсати пантуркизм бо Шумо мувофик хасатм.

Офарин. Бехтарини андешахо. Ошкор аст, ки ин матлаб махсули зехни як нафар олим, равшанфикр ва ё доктори илм аст. Умедворам, ки акшори равшанфикрони мо дар ташаккули афкори созандаи миллат андешамандона сахм дошта бошанд.

Кулоби
Салом
Аввал ин ки чаноби Умаров Шумо худ тарбиятдидаи Руссия хастед ва як шахси дигар ба момнди хазорхо шахсоне ки ошики ва тарафдори куркуронаи хукумат ва режими Руссия хастед. Инчунин Шумо иктисодон хастед ва ба назар мерасад ки дар масъалаи сиёсат зиёд варзида нестед!!! (дониши сиёси надоштани аксари зиёиёни мо сабаби ба мушкилоти зиёд гирифтор шудани мо шудаст)
дуюм ин ки тарафдории Шумо аз Русия ба монанди хамон хачви чаноби Аловуддин мемонад "Ман нафахмидам ту тарафдори ман хасти ё хамон ХИРС язнаат хаст"

Виркан
Мухтарам Умаров, харгиз аз шумо чунин назарро мунтазир набудам, харгиз. Кишвареро ки шумо аз он дифоъ мекунед, на факат точикон балки тамоми олам аз руи сиёсати нодурусти онхо хуш надоранд ва бехуда Кутби Бадии Олам намегуянд. Зеро чурми бузургтарини онхо дар ин аст, ки дар тамоми олам тиранхо ва диктаторонро пуштибони мекунад. Хазорон далел меорам, хазорон, танхо барои хамин аз эшон мутанаффирам. Афгонистон махз ба касифии хамин тоифа ба хун нишаст ки то имруз дигар ба худ намеояд, Куба то вакте ки ба Амрико ва ба Гарб наздик нашуд афтодаву бечора буд, Кореяи шимоиро бубинед - пуштибони онхо махз хаминхоянд, пуштибони Саддоми хунхоре, ки хазорон курдхои бегунахро бо захри кимиёви кушт, душмани эрониву ориёитаборон буд, чазояшро худованд дод, Каззофи ки буд ба чуз у касе аз Ливия сухан намекард, пуштибонаш хамин тоифа, Башор кист ва то имруз чи кадар хуни бегунох то имруз бо силохи эшон мерезад, имруз тамоми зиёиёну рушанфикрон бояд бо Руссия бойкот кунанд, кадом пантуркизм, кадом куввахои сеюму дахуму бистум, хамон тактикаи KGB.
Нурали Давлат комилан хак аст, ин андешахоро бояд таквият дод, хазор сол барояш хизмат кунед як руз не як руз черный мегуянд, рости забони иэшонро бемуболига аз худи эшон хубтар баладам, аммо дигар ин забон барои ман манфур, забони гастерону гуломон, ашрофзодаи точик ба ин забон, ки хазорон тахкирхо шунидааст бояд як вожаро хатто ба забон наёрад. Борхо навищтааму боз менависам - агар рох ба бихишт тавассути хамин кишвар бошад, дузахро интихоб мекунам, вассалом ва ин назари шахсии ман аст ва ба касе тахмил хам намекунам.
Дар охир таъкид мекунам, ки хайф ва сад хайф аз баъзе зиёиёни мо.

Шумо водии Зарафшонро хуб намедонед, харчанд ки зодаи он чо хастед, соле он чо меравед ё не, дар он чо ва дар чойхои дигари Точикистон низ дарду зиллат аз он мулки таърифии шумо хеле зиёд расидааст. Дар мукобили он ободихо он бечорахо мулки бегонаро хазорон бор бештару бехтар обод кардаанд, аз хазорон рубли кор кардаашон шояд сад рубл ба даст овардаанд, ба ивази чи кадар хориву мазаллат ва сарсахтихо хонахои худро обод кардаанд, гуиё онхо намебуданд точикон мемурданд, баръакс агар онхо намебуданд бехтару хубтар обод мешудем, заминхо бекор намемонданд, баръакс сафар ба мулки бегогна ба мо хазорон хазор зарару зиён овардааст, шумо иктисоддон аммо ин кадар содалавхона тахлил мекунед, ман хайронам. Иршод назари нав дорад, мутманиам ки аз шумо бехтар масъаларо сарфахм рафтааст.

Cавсангул
Ман ба андешахои олими шинохта сад дар фисад розиам..Сухан дониста гуй,то дустро душман нагардони......Хохем нахохем,Руссия давлати абаркудрат аст ва мо бояд хадду андозаи худро донем...Кадрамонро худ донем,худ,ки донистем..дигарон низ медонанд

бобоёр
Бародари азиз оё Руссия хак дошт карзи шурави ки ба хамаи чумхурихои собик дахл дошт аз номи худаш бахшад

Хайрхоҳ
Фикри устод қобили қабул аст: мардуми тоҷик аз русҳо дар давоми қариб сад соли охир аз зарар дида бештар фоида гирифтааст. Ва оянда низ бояд ҳамкорӣ кунем.
Лекин душворӣ дар дигар чиз аст: имрӯз тоҷикон барои рақобат дар бозори байналхалқии кор тамоман омода нестанд: на дониши кофӣ, на ҷасорату кӯшиш ба пешравии шахсӣ, на ҷаҳонбинии лозима надорем. Фақат менолему айбдор меҷӯем. Ҳол он ки ҷаҳони имрӯза имконоти беҳисоб медиҳад, фақат ҳар рӯз худро беҳтар кардан ва аз Худованд натиҷа талабида дар ҳадди бештарин кӯшиш кардан зарур аст.
Агар инсон касби худро ба дараҷаи олӣ донад, на танҳо дар Русия, балки дар дилхоҳ кишвар ҷои худро бе мушкили меёбад, вале агар беҳунару ношукру носкашу танбалу тангназару бесавод бошад, дар ҳар ҷо азоб мекашаду боз айбдор меҷӯяд.
Ҳалли масъала сахтгирӣ ба худ, пешравии шахсӣ и меҳнати ҳалол аст.

шахрванд
Ба Виркан,
Шумо худатон барои ободии Ватан ва берун аз он рафтани чавонмардон ягон кор кардаед? Магар аз хуби ба Руссия мераванд ин мардон? Шумо мегуед ки :- агар рох ба бихишт тавассути хамин кишвар бошад, дузахро интихоб мекунам. Аммо ман ба Шумо гуфтаниям, ки агар зиндаги мачбур кунад давида давида меравед.

Барои Умаров кушори тоҷик дар Руссия аз тарафи фашистон танхо омор асту халос! Огои Умаров, тоҷике ки дар рагу пусташ заррае хуни тоҷики бошад, хеч гоҳ аз фашистони ба мисли Жириновски ва Рогозин дифо нахоҳад кард. Новобаста ба ин маколаи «дабдабаноки» шумо тоҷик барои рус «чурка» буда, ҳаст ва хоҳад буд.

АНА ИНРО НИШОН ДОДАНИ ЧЕХРАИ АСОСИ МЕГУЯНД ... ДУРУСТ ХАСТ КИ МО ГУЛОМИ ХАЛКАБАРГУШИ РУССХО ХАСТЕМ АММО ИН МАЪНОИ ОНРО НАДОРАД КИ БАРОИ ХОТИРИ ШУМОРО ВА РУССХОРО ШОД КАРДАН ДИГА ШАБУ РУЗ СИТОИШИ РУССХОРО КУНЕМ ...ХАМА МАРДУМ ДИГА МЕДОНАД КИ КИ БАРОИ ИН МИЛЛАТИ БЕСОХИБ ДУСТ ХАСТУ КИ ДУШМАН ...МО БОЯД АЗ РУИ ФОРМУЛАИ ТУ ДУСТИ МАН ВА ТУ ДУШМАНИ МАН ЗИНДАГИ КУНЕМ ДИГА БАС ХАСТ ЧОПЛУСИЮ САР ХАМ КАРДАНУ ВАСФИ БАДОНРО КАРДАН !!!!!!!!!!!!

Салому дуруд бар Миллати Шарифи Точик ва корбарони сомонаи Озодагон!
Банда баад аз хондани ин маколаи устоди мухтарам Хочимухаммад Умаров ба хулосае омадаам,ки дар Точикистон ягон Зией, Рузноманигор, ва Донишманде нест, ки хос манофеи Миллати Точикро пайгири кунад.
Сабабгори хамаи ин бадбахти факри модди ва дунедустдори мебошад, ба хамагон маалум аст, ки аксарияти рузноманигор ва нухбагони ин Муллат аз хорич бо хар восита маблаг мигиранд,Ва хар кадоми Аз ин чанобон, аз кадом давлати хоричие, ки кути лоямуташро дастрас мекунад ба манофеи хамон давлат кор мекунад.
Алон аксарияти рузноманигор ва нухбагони мо ба 3 гурух таксим шудаанд Пантуркист, Панрусист,Паниронист Боз хам як гурухи шармандаи нав Панчинойхам пайдо шудааст.
Дар мавриди сиесати касифи пантуркизм ба Чаноби Устод сад дар сад хамфикрам.
Ва тамоми филмхои туркие, ки алон дар Точикистон ташфику таргиб мекунанд,ин хам як чузаи сиесати пантуркизм мебошад.
Бояд ин чанобони рузноманигор ва нухбагон аз зери чодари хоричиен бароянду, факат ба манфиати Миллати Точик кор кунанд!
Ба акидаи Банда хеч кадоми аз ин давлатхо бо мо дуст нестанд ва ободии моро хам намехоханд, ва бигзор зиндаю саломат бошанд, ва факат аз пеши Мо дуртар!

шахрванд
"озодагон" чаро шахри маро чоп накардед? Магар озод нестед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)