Бахшҳо

«Гурӯҳи мусоидат ба муҳоҷирони тоҷик» муаррифӣ шуд ва теъдоди ҷонибдоронаш дар ҳоли афзудан аст

Дар толори хурди мавсум ба муҷтамаи «Шарқи Озод» муаррифии гурӯҳи тозатаъсиси «Мусоидат ба вазъи муҳоҷирони тоҷик» баргузор шуд.


Зимни ҳамойиш аъзои шӯрои ҳамоҳангсоз  барномаи кор ва ҳадафҳои худро барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти пешомада эълон намуд. Қайд гардид, ки дар марҳилаи аввал тавассути муроҷиат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсиятҳои таъсиргузор ва расонаҳои Русия, дар ҳалли ин мушкил мусоидат намояд.

Бино ба қавли Гурӯҳ аз ҷумлаи аҳдофи аввалини онҳо, коҳиши шиддати ташаннуҷи авзоъ миёни ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистону Русия аст. Онҳо мегӯянд, ба ҳеч ҳизбу созмон ва ташкилоти сиёсӣ ҳамроҳ нестанд ва ҳадафҳои сиёсиро ҳам ба думбол надоранд.

Ёдрас менамоем, Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин шаби 14-уми ноябр дар  Душанбе аз ҷониби гурӯҳе рўзноманигорон ва рӯшанфикрон ташкил шуд. Мубтакирони он эълом дошта буданд, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгох нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd» сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад. Раҳбарии ин гурӯҳро Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик бар дӯш дорад.То кунун бархе аз шахсиятҳо ва нерӯҳои сиёсии кишвар  пуштибонии худро аз таъсиси "Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон" эълон кардаанд.
Аз ҷумла рӯҳонии саршинос  Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, шоири халқӣ Мӯъмин Қаноат, вакили МН Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҷамъияти «Дӯстони Русия» Абдулло Ҳабибов, журналисти шинохта Муҳаммад Эгамзод (Русия), Ҳошим Холзодаи Некварз (Эрон), ҳунарманд Ортиқи Қодир, профессор Иброҳим Усмонов, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова ва дигарон таъсиси ин гурӯҳро дар ҳоле, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвари Русия нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, муҳим хонда ва аз он ҷонибдорӣ карданд.

Гуфтанист, дари Гурӯҳ барои ҳаводорон ва ҷонибдорон боз буда, шаҳрвандон метавонанд ба он бипайванданд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)