Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:59

Ҷилавгирӣ аз ҳаводиси номатлуб дар шимоли Тоҷикистон

18 ноябр 2011, 11:34

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ноҳияи Спитамен дар раёсати фарҳанги ин ноҳия вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯъи пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа ва хариду фурӯши одамон баргузор гардид.


Дар нишасти мазкур, раиси ноҳия З.Узоқова, ҷонишини прокурори ноҳия Х.Назаров, раиси суди ноҳия Х.Муҳаммадиев бо аҳолии ҷамоати шаҳраки Нов дар мавзӯъҳои вазъи кунунии сиёсию иҷтимоӣ, мубориза бар зидди қонуншиканиҳо, ҷараёни иҷрои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

Гуфтанист, дар ин вохӯрӣ беш  аз 120 нафар сокинони ҷамоат иштирок намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва намояндагони сохторҳои дахлдор ҷавобҳои аниқ гирифтанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!