Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:46

Суғд: 19 адад трансформатор иваз карда шуд

18 ноябр 2011, 11:45

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо шабакаҳои барқи вилоят дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон 19 адад трансформаторҳоро барои камбор намудани трансформаторҳои сербор васл намуданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, инчунин 12 адад трасформатори иловагӣ васл гардида, 1,7 км хатти барқи ҳавоӣ, 28 км хатҳои буришашон хурд ба симҳои буришашон калон иваз гардиданд. Илова бар ин 3,8 км хатҳои кабелӣ таъмир ва барқарор шуданд.Бояд гуфт, ки дар нерӯгоҳи обӣ-барқии «Қайроққум» 51 тонна равғани турбинӣ ворид шуда, агрегати шашуми нерӯгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.Ҳоло барои шабакаҳои барқии вилоят 195,5 тонна равғани трансформатор  дархост шудааст, ки аз он ба шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои вилоят 73,5 тоннааш ворид гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!