Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:11

АНМН аз ҳамкорӣ бо давлати Чин изҳорӣ хушнудӣ мекунад

19 ноябр 2011, 04:08

Дар  агентии назорати маводи нашъаовар  мулоқоти Рустам Назаров бо сафири  ҷумҳурии Халқии Хитой дар Душанбе ҷаноби Фан Сянжун сурат пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии мазкур иттилоъ доданд,  зимни мулоқот директори агентӣ дар бораи вазъи маводи нашъадор дар минтақаҳои Тоҷикистон ва чораву тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорат бар маводи мухаддир меандешад, оид ба фаъолиятҳои агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муфассал нақл кард.

 

Манбаъ афзуд, дар ҷараёни мулоқоти сарвари агентӣ ба ҷаноби сафир ба хотири омӯзиши 15 тан аз кормандони АНМН дар шаҳри Урумчии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Хитой, ки аз 30 октябр бо 13 ноябр сурат гирифт ва кӯмаки техникӣ ба агентӣ изҳори сипос кард. Тарафҳо зимни суханронии худ қайд карданд, ки ҷониби Хитой дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани иқтидори онҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ёрии техникӣ мерасонад. Ғайр аз ин якҷо бо вазорати амнияти ҷамъиятии ҷумҳурии Халқии Хитой як силсила лоиҳаҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон  амалан татбиқ мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!