Бахшҳо
22 июл 2016 15:16Тоҷикистон / Сиёсат

Посух ба профессор Умаров: Мадюни Русия донистани худ тафаккуре бардагист

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Ман ба шахсияти профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров эҳтироми хоса қоил ҳастам. Умаров дар баробари як иқтисоддони варзида будан, аз ҷасорати илмӣ ва сиёсии қобили мулоҳизае бархӯрдоранд. Аз шумори камтарин олимони мо мебошанд, ки дар баробари мушкилоти мардум, миллат ва давлат хомӯш нестанд ва рисолати олимиву равшанфикриашонро иҷро мекунанд. Вале он чи дар матлабе бо номи “Русофобия” навиштаву ба “Озодагон” оварданд (ва ин матлаб бо номи “Мавҷи хеле баланди интиқоди шадиди Русия натиҷаи амалиёти пантуркистон аст” дар торнамои Хабаргузории “Озодагон” ба нашр расид) ба шинохте, ки мо аз Умаров доштему дорем, ҳамхонӣ надошт. Агар профессор Умаров дар ин навиштаи худ ба иштибоҳоти усулӣ ва хулосаҳои ҳайратоваре роҳ намедоданд, мо ҳам посухе намедоштем. Аз ин навиштаи эшон маълум мешавад, ки ҷаноби профессор ба гунае, ки дар масоили иқтисодӣ соҳибназар ҳастанд, дар масоили ҷомеашиносӣ ва сиёсӣ набудаанд. Аз ин рӯ, ба назари мо беҳтар аст хонандаи тоҷик аз эшон бештар матлаб ва таҳлилҳои иқтисодӣ бихонад.

Ибтидо бояд бигӯям, ки ман ҳеч бадбиние нисбат ба мардуми рус ва кишвари Русия надорам. Аз хонаводаи мо ҳам чандин нафар дар муҳоҷират дар Русия қарор доранд. Хонаводаи мо ҳам солҳои дароз аз ҳисоби пули фарзандони муҳоҷири падар собиту побарҷост. Ман ҳам ҷонибдори муносибати дӯстонаву ҳусни нияти Тоҷикистон бо Русия ва ҳар кишвари дигар ҳастам. Вале ин ба он маъно нест, ки мо бо ин худро мадюни Русия бидонем ва ҳар амали таҷовузкорона ва истеъморгароёнаи русҳоро танқид накунем ва ғуломворонаву бардахӯйёна ин амалҳоро бипазирем.

Дар он навиштаи профессор Умаров ду хитоба ба мо тааллуқ дорад ва мо аз ҷониби эшон дар русбадбинӣ (русофобия ва ҳатто пантуркизм) расман муттаҳам ва гунаҳкор дониста мешавем. Нахуст ин ки ҷаноби Умаров танқиди амалкардҳои Русияро ба унвони давлат ва давлатмардони онро ба унвони рус, дар баробари Тоҷикистон ва тоҷикон бо русофобия иштибоҳ гирифтаанд. Ин як иштибоҳи усулӣ (принсипиалӣ) аст, ки содир шудани он аз ҷониби соҳибназаре чун Умаров мантиқӣ нест. Русофобия ин бадбинии ошкорои миллати рус ва кишвари Русия, даъват ба амалҳои номашруъ дар баробари ин кишвару ин миллат ва содир кардани амалҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ алайҳи русҳову Русия мебошад. Ё ҳадди ақал доштани руҳияи бад ва талоше барои ба вуҷуд овардани ҳамин гуна як руҳия дар ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи расонаӣ мебошад. Вале ба ҳеч ваҷҳ интиқод ва ҳатто маҳкум кардани амалкардҳои Русияву русҳо ва давлатмардони ин кишвар дар баробари тоҷикон русофобия нест.

Шояд дар Тоҷикистон шахсиятҳои хосе бошанд, ки русҳову Русияро хуш надошта бошанд, вале муттаҳам кардани расонаҳои тоҷик ба русофобӣ мантиқӣ ва мунсифона нест. Русбадбинӣ ва ҳама намудҳои “фобий” амале тарҳрезишуда ва доимӣ мебошанд ва навобаста аз авомили замониву маконӣ ҳамеша тарвиҷ дода мешаванду тавсеа меёбанд, аммо интиқоди расонаҳои тоҷик танҳо замоне пайдо мешавад, ки Русия ноодилонтарин кору амалро дар баробари тоҷикони мазлуму бепуштупаноҳ раво мебинад. Тавре дида мешавад расонаҳои тоҷик як сари мӯ “ба таърихи миллату давлати рус, ба табиату шахсияти русҳо, ба фарҳанги онҳо ва сиёсати гузаштаю муосири Русия, ҳатто ба роҳбарияти ин давлати бузург” (гуфтовард аз матлаби Умаров) бадбиние надоранд ва агар ҳам доранд танҳо мухолифат аст. Доштани мухолифат дар замони мо як амри машруъ ва лозим аст ва ҳеч бадие надорад. Агар ҷаноби Умаров аз муаллифоне, ки зимни чунин баҳсҳои расонаӣ аз мавзӯъ канор рафта, таърих ва тамаддуну шахсияти русҳову Русияро ба масхараву истеҳзо кашидаанд, ёд мекард, мантиқӣ буд. Вале ба таври куллӣ, ҳама гуна интиқоди объективонаи Русияро дар расонаҳои тоҷик “русофобия” қаламдод намудан одилона нест.

Бардошти аввалин, ки аз ин навиштаи Умаров (ва ба пиндори мо ҳадафи аслии навиштани матлаб ҳам ҳамин аст) ҳосил мешавад ин аст, ки профессор тамоми талоши мумкинро мекунад, то пайвасти Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз нигоҳи илмӣ, ба қавли маъмул “теоризатсия” кунанд. Шояд барои ин кор аз ҷониби Русия ҷалб шуда бошанд ва агар ин кор шуданист, профессор Умаров барои ин ҳақ ҳам доранд. Зеро дар сар то сари матлаб профессор Умаров нигаронанд, ки “чунин суханҳо аз назари воридшавии кишвар ба равандҳои интегратсионӣ зарарнок бошанд”. Мо ки дар масоили иқтисодӣ коршинос нестем, шояд ба ҳадди Умаров мусбат будани натиҷаи узвияти Тоҷикистонро дар ин “иттиҳоди путинӣ” надонем, вале бо ин иқтисоди валангору варшикаста ва вобаста ба гуруҳҳои сиёсиву манфиатдоре, ки Тоҷикистон дорад, барои андакхондаҳо ҳам маълум аст, ки ҳоло замони хубе барои пайвастан нест. Ҳарчанд Тоҷикистон чорае ҷуз пайвастан надорад ва ба ҳар андозе, ки худро зери раҳмати сиёсии Чин мебарад, ба ҳамон андоза ба хашми сиёсии Русия дучор мешавад.

Аз нигоҳи сиёсӣ пайвастани Тоҷикистон ба ин Иттиҳод машруъият бахшидан ба вобастагии сиёсест, ки ҳоло аз Русия дорад. Албатта хубу бади пайвастани Тоҷикистонро ба Иттиҳоди мазкур ба виҷдони илмии профессор Умаров ва замони дигаре ҳавола мекунем, зеро ин ҷо ҷойи баҳси ин мавзӯъ нест, вале дар ду мавриде, ки ҳам Умаров ба зурарти шадиди пайвастани Тоҷикистон дар матлаб таъкид кардаанд, хулосаашон камтар илмӣ, балки бештар ангезанда (мотиватсионӣ) ва сиёсатписанд (политкорректно) мебошад. Зеро таҷрибаи узвияти бештар аз яксолаи Қирғизистон нишон медиҳад, ки он назарияҳои румонтикие, ки пешниҳод мешаванд, бепоя ҳастанд.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар матлаби худ менависанд: “Масалан, Иршод Сулаймонӣ ақида дорад, ки фарҳанги русӣ барои мо бегона аст ва ҳеч қаробате ба мо ва маишати мо надорад (“Озодагон”, 04.05. 2016)”. Нахуст ин ки гуфтовард (иқтибос) аз матлаби мо ноқис ва ғалат оварда шудааст. Ин гуфтовардро профессор Умаров аз як матлаби мо бо номи “Вақте намегузоранд тоҷик бошем” (Озодагон, 6 май, 2016) овардаанд, ки мавзӯи он ҳангомаю пархошгариҳои расонаҳо ва баъзе чеҳраҳои илмиву сиёсии Русия аз даст кашидани Тоҷикистон аз насабгузории русӣ буд. Ҷумла аслан чунин аст: “Бо вуҷуди истеъмори 56-солаи русҳо дар замони Манғитиҳо, 71-сола дар даврони Шуравӣ ва 25 соли вобастагии сиёсиву иқтисодӣ аз Русия дар даврони истиқлол, фарҳанги русӣ барои мо бегона аст ва он ҳеч қаробате ба мо ва маниши мо надорад”. Вале дар гуфтоварде, ки профессор Умаров овардаанд аввали ҷумла нест ва вожаи маниш бо маишат иваз шудааст, ки намедонем чиро чунин шудааст. Чун ҷумлаи боло аз матлаби мо, дар мавзӯи насабгузории русӣ ва даст кашидани Тоҷикистон аз он мебошад, манзури мо ҳам аз фарҳанги русӣ дар матлаб манзури мавзуӣ аст. Яъне онҷо зери фарҳанги русӣ бештар фарҳанги насабгузориро дар назар дорем ва онро ба худ ва маниш (табиат, хӯй, сиришт, хислат, ниҳод)-и худ бегона донистаем. Дар ҳақиқат ба насабгузории тоҷикон русҳоро чӣ кор аст, ки ин қадар валвалаю ҳангома ва қиёмат барпо карданд? Магар интиқоди ҳамин амалкарди русҳо ва чеҳраҳои илмиву сиёсии Русия русбадбинӣ ҳаст? Агар ҳимоят аз фарҳанги номгузории худ ва ҳувияту маниши худ русофобия бошад, пас ман ҳозирам, ки ин корро ҳамеша бикунам. Профессор Умаров ҳатман медонанд, ки дар сохтмони як миллат нақши ҳувият аз иқтисод камтар нест. Яъне ин ҷо дида мешавад, ки профессор Умаров моро замоне дар русофобия муттаҳам мекунанд, ки мо иштибоҳи содиршударо интиқод ва дахолати истеъморгароёнаро маҳкум намудаем. Он ҳама хубиҳо, ки тоҷикон дар натиҷаи истеъмор ва ё ҳамкориву ҳамзистӣ бо Русияву русҳо ба даст овардаанд, қобили ситоиш аст, вале ба он маъно нест, ки дигар ҳама ҷинояту иштибоҳи русҳову Русияро дар баробари тоҷикон “бипӯшонанд”. Агар ба ишораи профессор Умаров “Чунин суханҳо аз назари воридшавии кишвар ба равандҳои интегратсионӣ зарарнок бошанд”, пас чаро аз ин гуна амалкардҳои расонаҳои Русия мисоле намезанад ва онҳоро низ насиҳат намекунанд? Ин тарзи бархурд ба масъала ҳайрати ҳар соҳибназареро меоварад.

Хитобаи дигар ба мо ин аст: “Ман ба дӯсти азизам Иршод Сулаймонӣ тавсия медиҳам, ки ба водии Зарафшон сафар кунанд ва меҳмони зарафшониён шаванд, бубинанд, ки тарзи зиндагӣ ва рӯзгори мардуме, ки дар Русия мардикор буданд, чӣ тағйиротро аз сар гузарониданд. Ба Бадахшон Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон сафар карда, қиёс кунанд, ки сатҳи фарҳангии кадом сӯи рудхонаи Панҷ баландтар аст. Сатҳ ва тарзи зиндагонии мардуми тарафи мо бевосита таҳти таъсири фарҳанги русӣ рушд намудааст ва ин барои тоҷикони тарафи муқобил хеле ҷолиб мебошад”. Устоди азиз, ман борҳо дар водии Зарафшон будаам ва худ зодаи Бадахшон ҳастам ва он чиро, ки Шумо мегӯйед, дидаам. Ман чунин тарзи тафаккурро, ки мо худро абадудаҳр мадюни Русия бидонем, дуруст намешуморам. Он чи дар даврони Шӯравӣ, дар Тоҷикистон шуд фаъолияти эҳсонкорӣ ва корҳои хайриявии Русияву русҳо набуд. Тоҷикистон расман ҷузъе аз давлати бузурги Шӯроҳо буд, ки зери султаву сайтари русҳо қарор дошт ва ончиро, ки карданд ба унвони қарз ва вазифаи давлатдорӣ карданд, на аз рӯйи эҳсонкориву назари марҳамат. Ва он чи ки дар натиҷаи кори муҳоҷирон зиндагӣ ин ҷо беҳбуд ёфту кишвар соҳибу суботу амният гашт дуруст аст, вале инҳо бештар натиҷаи кори муҳоҷиронанд ва камтар назари марҳамати Русия. Муҳоҷири тоҷик агар ба Қазоқистон ва ё кишварҳои Аврупоиву Амрико ҳам мерафт, ҳамин корро мекард. Ин ки ин пешрафтҳо маҳз ба Русия марбутанд, мантиқи устуворе нест.

Устоди азиз, мову Шумо шоҳиди куштани тоҷикони бешуморе ба дасти “скинхедҳо”-и рус шудаем, ки ин амали зидиинсонии онҳо аз ҷониби додгоҳову додситониҳои Русия на куштор, балки “майдаавбошӣ” баҳогузорӣ мешавад. Куштори як тифли 9-сола, Хуршедаи маъсум дар Русия, ки ғайриинсонитарин амал буд, майдаавбошӣ баҳогузорӣ шуд. Гуноҳи ин тифл танҳо ҳамин, ки тоҷик буду ба миллати рус тааллуқ надошт ва ватанаш як кишвари нодору қашшоқ -- Тоҷикистон буд. Сари чандин муҳоҷири тоҷик аз ҷониби миллатгароҳои рус бурида шуд. Шумо тасаввур мекунед, ки волидайн тани беҷони фарзандони худро чӣ гуна бо дард мепазиранд? Ҳамаи инҳоро танҳо амали “скинхедҳо” донистану муқассире аз ҳукумат ва ҷомеаи Русия наҷустан, магар пиндоре ғуломона нест? Оё ин падидаҳо ҳосили муҳити Русия нестанд? Оё муҳити офаридашуда дар Русия имкониат надода, ки чунин амалҳо хеле бисёр содир шаванд? Ҳодисаеро, ки Шумо аз қабристони Хован ёдоварӣ кардаед, магар танҳо ба Чубуев марбут аст? Чубуев аз ҳимояти чӣ гуна ҳукумате бархӯрдор аст? Оё Чубуев мансабдори бархоста аз низоми фасодзада ва саропо “бандитгароёна”-и мансабдории кишвари худ нест? Он чи бо тифли панҷмоҳа (!) милисаи рус кард, магар боиси ором нишастан аст? Онро набояд танқид кард? Ҳоло Шумо аз “қарори боадолатонаи суди ноҳияи Невскийи шаҳри Санкт-Петербург, ки қарори хадамоти тафтишотро оид ба марги Умаралӣ Назаров бекор намуда, экспертизаи мустақили судию тиббӣ оид ба сабабҳои марги ин кӯдак таъин намудааст” хурсанд ҳастед, вале ҳеч фикр кардаед, ки ин гардиш дар қазия баъди чӣ рух дод? То замоне, ки расонаҳои дунё аз ин амали золимонаи милисаи рус интиқоди шадид накарданд, додгоҳе “қарори боадолатона” содир накард!!!

Милисаи рус тоҷикро дар бештарини ҳолат одам ҳисоб намекунад. Ин агар аз як тараф ба бесоҳибиву беҳимоятии тоҷик аз ҷониби давлати худаш рабт дошта бошад, аз тарафи дигар ҳосили муҳити ҳоким ва ҷомеаи сохташуда дар Русия аст. Чаро ин гуна муносибат бо муҳоҷирин дар кишварҳои урупоӣ нест ва ё агар ҳам бошад, бисёр кам ва ночиз аст?

Шумо, мо ва ҷомеаи расонаии тоҷикро замоне ба пантуркизм муттаҳам мекунед, ки русҳо яке аз ҷонибдорон ва ҳимоятгарони пантуркизм буданд. Пантуркизми поёни ҳукумати подшоҳии рус ва оғози давлати Шӯравӣ маҳз тавассути ҳукуматҳои вақти Русия таъсис ва тавсеа дода шуд. Касе каму беш аз таърихи ин раванд бохабар аст, ҳатман инро медонад. Чаро Русияи болшевикӣ дар ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро пантуркистонро мансаб дод? Қарорҳои сиёсии роҳбарони пантуркистро кӣ ҳимоят мекард? Русия ҳар замон, ки мехоҳад аз кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода бикунад, баҳси пантуркизмро ворид мекунад.

Устоди азиз, аз ин матлаби Шумо хулоса мешавад, ки ҷонибдор ҳастед то мо ҳар чи бештар пойбанд ва вобастаи сиёсиву иқтисодии Русия бошему бимонем. Дар ҳама муносибати баде, ки ҳоло дар Русия ба тоҷикон ва Тоҷикистон карда мешавад, зоҳиран, Шумо ҷониби Тоҷикистонро муқассир медонед, вале аз шарҳи воқеияти пайдо шудани замина ва омилҳои мавҷи интиқодҳо алайҳи Русия канорагирӣ мекунед. Магар солҳо нест, ки ба гуфти шумо “роҳбарияти ин кишвари бузург” аз муҳоҷирини мазлуму беҳуқуқ ҳамчун фишанги сиёсӣ истифода мекунад?

Хулосаи хулосаҳо, устоди гаронмоя, ин аст, ки ин ҳама танқиди расонаҳои тоҷик на бар пайи русбадбинӣ, балки бар пайи муносибати ноодилонаву ғайримунсифонаи Русия ва расонаҳову баъзе чеҳраҳои ин кишвар нисбати тоҷикон аст, чеҳраҳои нажодгаройе мисли Рогозину Онишенко, ки ҳоло мавриди ҳимояти Шумо қарор гирифтаанд. Бовар кунед, агар чунин набуд, ҳеч вақт ин мавҷи интиқод дар расонаҳо вуҷуд намедошт. Тоҷик ба андозае миллати посдору миннатпазир аст, ки то ҷонаш бар лаб нарасад, эътироз намекунад.

Албатта, мушаххас аст, ки барои ин ҳама беҳуқуқиву бепуштупаноҳии тоҷикони муҳоҷир дар Русия, пеш аз ҳама ҷониби Тоҷикистон гунаҳкор аст, ки бо вуҷуди фоидаи зиёд наметавонад дар муҳоҷират танзиму тадбире бикунад. Вале Русия, чаро намехоҳад бо муҳоҷирон муносибати инсонворона роҳ биандозад ва муҳоҷиратро танзиму тадвини дурусте кунад? Фикр мекунам дар ин баҳс маҳз ҳамин савол асосист ва бояд ба он посух ҷуст.
Мӯҳр
Усмонов
Ба фикрам ҳамин бачаак дуруст мега, Умаров чере чур гурзонда бд дар навиштагиш. Расия мора йордам не, горат карсодай. Мо барои горат бо ай Расия миннатдор бошем, нек боб карда партофтӣ, акаи Ҳоҷимуҳаммадро, да братишка.....

Ах,сант Иршод! Маколаи мантик,и ва посухи мудаллал навиштаи! Ман низ аз марде донишманд ва мех,андуст чун Х,оч,имух,аммад Умаров чунон маколаеро интизор надоштам, ки х,ар номаъкулии русх,оро тавч,ех, бикунад ва "чомаи илм" ба онх,о бипушонад. Аммо асли муносибати тах,киромези русх,о ба мардуми мо аз он ч,о маншаъ мегирад, ки мо худ ич,озат медих,ам, - чи давлат ва чи мардум. Дар чандин назархох,ихо, ки анч,ом шуда, мебинем, ки мардуми рус аз миёни хама кишварх,о ва ак,воми шуравии собик, назари манфии бештар ба точ,икону Точ,икистон доранд ва низ ин назархохих,о гувох,анд, ки точикон беш аз х,ар халк,и дигаре ба русх,о садокат нишон медиханду мепарастандашон. Ин рухияи гуломи аст, психологияи бардагист. Ва кисмати барда ин аст, ки пайваста аз хоааш тах,кир бибинад! ..............

Гунг.Метро.
Ин кадар боз ба Россия часпидел?Инсофу муомилаи хуб дар Поссия аст.Духтупони Точикистонро ба духтуроеи Россия мукоиса мекуеам,фарк вз замин то осмон.Хеч гох корам ба дузтурони точик наафтад,худо,табибу евари ман табибони рус хастанд,тоза русхо,на тотору кафкозиву екути.Корам ба як духтури афгонтабори солхурда афтол,муоинаро хеч не,ки ба аечом расонад.Духтурро иваз кардам,холо як хонуми миенасол ба муоинаву табобати ман машгул аст.Хело ьотачрибаву мехрубону донишманд мебошад.Ман навиштахои профессор Умаровро нахрндаам.Лекин ин бародар Иршод хам пургувии бад мекунад,Россия чи мачбур аст,ки сари зар яки моро сила кунад.Махз Россияву мухочирони кории точикистони аст,ки Точикистон пур аз мошинхо шудаасту хонахои дехоти "еврокишлак" хоро мебинем.Мархамат карда росташро гуед,ки ба гайр аз Россия точикон дар кадом давлат бисеранд?Акнун даххо хазор наврасон мактаби миенаро тамом карданд,ними зиедашон гурух гурух дар бозорхои Россия пайдо шудаанд,...телефонхои нав дар даст,рафту о,хамсинфкобиву кучанарди...аз бебаркиву беоби..аз "облава" гурехтаанд,ба кучо ба Россиячон!

Chujai zarrin
Rasia padeshkai janobi oliai...khap bshne...

Офарин Иршод Сулаймонӣ хело посухи ба мавқеъ ва арзанда. Оқойи Умаров шояд боре таҳқирҳои чеҳраҳои сиёсии русро нисбати тоҷикон нашнида бошад. Ё шунидаву барое "бародарбузургашон" хафа нашавад лаб зери дандон монда. Маколаи Пономарёвро дида бошад? Тоҷикро ҳамаашро аз шоҳ то гадо бе мағз хондааст. Ё садҳои дигар. Ва ба яқин чунин ашхосе ки дигаронро мехоҳанд "руофоб" ё "пантуркист" хонанд худашон равғане ҳастанд дар деги душманони миллати тоҷик.

Доро
Чоната садка бо хамин навиштааст бародари канд! "Тоҷик ба андозае миллати посдору миннатпазир аст, ки то ҷонаш бар лаб нарасад, эътироз намекунад".

Баъд аз хондани маколаи Умаров ва чавоби Сулаймони ба хулосае омадам ки сатхи дониш, чахонбини ва хисси милли бародар Сулаймони хазор маротиб аз "профессор" баландтару зиёдтар будаст.
ОФАРИН ИРШОДИ СУЛАЙМОНИ!!!

Олиме ки вожаи маниша аз маишат фарк накунад, пас чи чои бахс бо у))))

Ин гуна маколахои эхсосиро хонда вокеахои солхои 90-ум ба хотирам мерасад.Хамон вакт низ яке аз барангезандагони он ходисоти номатлуб журналистони эхсоси буданд. ки хам ба наъл мех мезаданду хам ба сум. Маколаи имруза низ аз хамон сериалхост. Хочимухаммад Умаров ягона олими вокеии сохаи иктисодшиноси хастанд, ки дониши мукаммал доранд ва хамеша мавкеи шахрвандии хешро аз диди илми асоснок иброз менамоянд. Азин ру хар чизе ки дар муносибатхои миёни Руссияю Точикистон навистанд асоснок аст. Дар шароити кунуни кишвари хурдакаки Точикистон дар ихотаи абаркулратхо карор дорад ва хар ки мехохад ин чо хадафи хешро пиёда созад Бояд гуфт ки азин абаркудратхо ба мо наздиктараш Россия аст, хатто аз Эрон хам. Таърихи кариб 130-солаи бо Россия буданро аз маъхазхо бихонед то чи андоза Россия барои пешравии мо таъсири мусби расондааст.Бихонед Ахмади Дониш, Айни, Фитрат ва садхои дигарро. Имруз низ дар иктисоли мо, амнияти мо, интеллети накши босазо дорад. Оне ки чанд нафар кушта шуданд ин наметавонад тачассумгари сиёсати Россия бошад.Оне ки точикон байни хеш мезананд. горатгарию даст ба куштор мезананд, садхо хазор мардуми Россияро бо героин олуда месозанд аз мадди назари журналист берун мемонанд. Равед ба донишгоххою муассисахои фархангии Россия, онхо ашхоси босаводро дуст медоранд. Аксари онхое ки аз Точикистон ба Россия рафтанд дар сатхи ибтидои дониш надоранд, ахлок низ ибтидои, забони сарзамине ки нон медихад намедонанд.Ба метрою чойхои серодам ворид шавед мефахмед ки шумо чи хел миллат хастед, либосхои чиркин, садои баланд, хакорат. Боз мехохед Россия шуморо эхтиром кунад? Не. Мавриди эхтиром будан ба худи шахс вобаста аст. Хубаст ки рохбарияти Точикистон Россияро шарики стратегии хещ мехисобад, новобаста ба садохои гирду атроф сиёсати устуворо дар ин самт пеша кардаст. Ба ЕвразЭС ин такозои замон аст, имруз нашавем пагох мешавем. Шахрвандони ин Иттиход дар Россия хешро озод хис мекунанд ва дар хама чо ба осони кор пайдо мекунанд. Бо Россия дуст бояд буд. ва аз имкониятхои у имрузу фардо бояд истифода кард. Азин ру андешахои профессор Умаров аз диди илми ва зиндагии имруза асосноканд.Усмонов,

иршод дигар кор надоред барои гирифтани обру ва рейтинги худ ба хама чо даст мезанед. хар масьал аро дониста надониста мавриди барраси карор медихед. мафтуни демократияи хаелии гарб гардидаед. як маротиба берунро нигох кунед дар дуне чи гап. шумо бошед хар чиро кофтан мегиред. шукри истиклолият, давлат ва пешвои миллати точик кунед. Худо чаноби олиро нигахбон ва хидоят кунад. шумо журналистони дасисабоз солхои чанги шахрванди бечора мардумро ба рохи нодуруст кашидед. дилсузи миллат бошед давлатро обод созед. ба мардум роххои фаолият кардан омузонед на чудоиандози...

иршод дигар кор надоред барои гирифтани обру ва рейтинги худ ба хама чо даст мезанед. хар масьал аро дониста надониста мавриди барраси карор медихед. мафтуни демократияи хаелии гарб гардидаед. як маротиба берунро нигох кунед дар дуне чи гап. шумо бошед хар чиро кофтан мегиред. шукри истиклолият, давлат ва пешвои миллати точик кунед. Худо чаноби олиро нигахбон ва хидоят кунад. шумо журналистони дасисабоз солхои чанги шахрванди бечора мардумро ба рохи нодуруст кашидед. дилсузи миллат бошед давлатро обод созед. ба мардум роххои фаолият кардан омузонед на чудоиандози...

абдуллох
Ва яҳудиёну тарсоён ҳаргиз аз ту хушнуд намешаванд, магар ин, ки кеши онҳоро пайравӣ кунӣ. Бигӯ: «Ба дурустӣ ки ҳидоят ҳидояти Худо аст». Ва агар баъди он чи аз дониш ба ту омадааст, орзуҳои (ботилаи) онҳоро пайравӣ кунӣ, [пас] туро (барои халос) аз (азоби) Худо ҳеҷ дӯсте ва ёридиҳандае набошад.(Куръон2:120)

Рост мегуи бародар...ин професорра марди кори равон кардан даркор ,ки худаш бо чашмаш бинад холи зори мардума .....КАЛЛА ХАСТУ _ ХИРАД НЕСТ дар ин професорову академикхо ...барои хами давлат пешрафт намекуна инхо хама зархаридан ....

Озодагон! Чаро комментарияи маро чоп накарди?

ravshan
оё чаноби Умаров маколаи Пономарёви хонда бошад

мехмон
Иршод !! Русхо хело чавонмарданд нисбат ба он шахсоне , соли 1990-92 дар Точикистон онхоро шикор карданд !! Ду се рузноманигори бесавод ва таърихро нохонда ин кадар вохима мекунед ! Умуман русхоро мо худамон мукобили худ кардаем.
Бовар кунед дар русхо бадию кинагири кам хаст, вагарна аз Точикистон алам дида рафтагон басанда хаст моро дар Россия якто намонда кушанд !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)