Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:04

Тазоҳуроти оммавӣ дар Баҳрайн алайҳи режими Оли Халифа

19 ноябр 2011, 06:27

Ҳазорон баҳрайнӣ асри рӯзи ҷумъаи 19-уми ноябр алайҳи режими Ҳамад бин Исо Оли Халифа – Подшоҳи Баҳрайн тазоҳурот карданд.


Раҳпаймоён эълон доштанд, ки аз хостаҳои худ ҷиҳати тағйиру ислоҳот дар ин давлат ҳаргиз даст намекашанд.Ба гузориши хабаргузории «Форс»-и Эрон, дар ҳоле ки режими Оли Халифа гумон мекард, ки бо саркӯби тазоҳуроти мардуми Баҳрайн онҳоро аз хостаҳои худ барои тағйирот дар сохтори қудрат мунсариф хоҳад кард, аммо ҳазорон баҳрайнӣ ҳамоно барои расидан ба хостаҳои хеш пофишорӣ менамоянд. Дар тазоҳуроти ахир занон низ ҳузури чашмгире доштанд. Бо ҳушдор ба режими Оли Халифа, ки тазоҳуротро «кори шеаҳо» медонад, тазоҳургарон садо дармедоданд, ки «Эй бародарони шиаву суннӣ! Мо ин ватанро намефурӯшем!».

Тазоҳурот дар Баҳрайн ҳанӯз дар моҳи феврали соли равон бо корпартоӣ ва тазоҳуроти як идда ҷавонон бо талаби ислоҳот дар ин кишвари кӯчаки Халиҷи Форс оғоз ёфт ва неруҳои амниятии Оли Халифа ҳамоиши мусолиматомези ислоҳотхоҳонро бо куштани теъдоде ҷавонон башиддат саркӯб карданд. Баъдтар, вақте тазоҳуроти мардумӣ густарда шуд, низомиёни кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ба хусус Арабистони Саудӣ ба ёрии неруҳои Оли Халифа шитофтанд ва тазоҳуроти мусолиматомези баҳрайниҳои ислоҳотхоҳро саркӯб карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!