Бахшҳо

Эълони ҳаҷми маоши раиси Бонки миллӣ ва вазирони тоҷик

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 25 июл гуфт, маоши ӯ ва муовинонаш баробари музди меҳнати вазирон ва раисони кумитаҳои кишвар мебошад.

Ҷаноби Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ҳаҷми маоши ӯ 5 ҳазор сомонӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулин аз ифшои ҳаҷми маоши мансабдорони сиёсӣ, аз ҷумла вазирону раисони кумитаҳо худдорӣ мекарданд. Раиси Бонки миллӣ ҳам иқрор кард, ҳаҷми маоши ӯ ва муовинонаш ба феҳрасте ворид мебошад, ки ҳамчун сирри давлатӣ қабул шудааст.

Ахиран Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар шарҳи сарчашмаи хонаю мошинҳои гаронарзиши вазирон гуфт, музди меҳнати мансабдорони сиёсӣ дар кишвар нисбатан зиёд мебошад.

Ҷумъа Давлатов ин нуктаро 12 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошта, таъкид намуд, ки дар баробари ин вазирону мансабдорон манбаъҳои дигари даромад низ доранд. Давлатов худро мисол овард, ки дар баробари 4 ҳазор сомонӣ маош корҳои дигарро низ анҷом медиҳад ва барои он маблағ мегирад: “Шумо фикр мекунед роҳбари вазорат як сарчашмаи даромад дошта бошад. Аммо фарз кардем ман ба фаъолияти омузгорӣ низ машғулам, лексия мехонам. Ба фаъолиятҳои илмӣ машғулам, китоб ҳам нашр мекунам, маблағҳои зиёд мегирам”.

Қаблан Раҷаб Одинаев, сардори Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, маоши вазирон ва президенти Тоҷикистон махфӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ зимни ислоҳоти музди меҳнат дар соли 2005 хизматчиёни давлатӣ тақсимбандӣ шуданд: “Хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва мансабдорҳои маъмурӣ. Маоши хизматчиёни давлатии сиёсӣ-маоши вазирону роҳбари давлатро ифшою чоп кардан мумкин нест. Махфӣ аст. Маоши мансабдорҳои маъмурӣ ошкор аст”.
Мӯҳр
Ахмад
Барои чи махфи бошад?

Бузургмехр
О маоши Президенти Русия ё аз Барак Обама махфй нест-ку!!! Уно бо ифтихор мохонахояшонро эълон мекунанд. Хатто дар давоми сол чанд пул мегиранд, ба мардум мегуянд. Фикр мекунед маоши шуморо мардум намедонад. Ё чй хел пули левй доред, гумон мекунед, пинхон аст? Хеч вакт.

Гариб
Сирро бой надиҳед!

Эй хоча дар-ин чахон чаро бехабари?
Рузону шабон дар талаби молу зари.
Сармояи мо дар-ин чахон як кафанаст,
Инхам ба гумон ки мебари ё набари!Ахмад,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)