Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:18

Озарбойҷон ҳам ба Қонуни озодиҳои динӣ ислоҳот ворид сохт

19 ноябр 2011, 07:05

Маҷлиси ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи 15-уми ноябр дар Қонуни озодиҳои динии ин кишвар ислоҳот ворид кард.


Бино бар ислоҳоти суратгирифта, омӯзиши динӣ дар кишварҳои дигар барои шаҳрвандони Озарбойҷон бидуни ҳамоҳангӣ бо созмонҳои марбута; мубодилаи чеҳраҳои динӣ; иҷрои маросим ва анъанаи исломӣ тавассути шаҳрвандони дар хориҷ аз кишвар таҳсилдида; фурӯши адабиёт, мақолот ва соири маводди иттилоотии динӣ дар марокизи фурӯши бидуни муҷаввиз ва анҷоми таблиғоти динӣ аз тарафи афроде, ки шаҳрванди дигар кишвар ҳастанд, мамнӯъ эълон шуд.

Хабаргузории «Тренд»-и ин кишвар иттилоъ медиҳад, ки афроди вайронкунандаи бандҳои ҷадиди қонун то 7000 манат ҷарима мешаванд ва дар сурати напардохтани маблағ аз ду то панҷ сол ҳабс хоҳанд шуд. Агар қонуншиканӣ аз ҷониби гурӯҳе ё масъули давлатӣ сурат бигирад, ҷаримаи он аз 7000 то 9000 манат хоҳад буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!