Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

Таъкиди Русия бар ҳалли мусолиматомези мавзӯи ҳастаии Эрон

19 ноябр 2011, 07:18

Русия дар нишасти Шӯрои мудирони Агентии байналмиллалии энергияи атомӣ бори дигар ба лузуми ёфтани роҳи ҳалли мусолиматомез барои мавзӯи ҳастаии ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.


Григорий Берденников, намояндаи Русия дар Агентии байналмиллалии энергияи атомӣ, гуфт: "Бо таваҷҷӯҳ ба номаи Эрон, бинобар пешниҳоди фиристодани ҳайати Агентии байналмиллалии энергияи атомӣ ба Теҳрон, ба манзури рафъи ҳар гуна ибҳом ва посухи мудири кул барои омодагӣ барои фиристодани ин ҳайат, ба назар мерасад, пешрафте дар ҳамкорӣ эҷод шуда аст." Намояндаи Русия афзуд: "Бархе изҳори назарҳои матбуотӣ дар хусуси истифода аз нерӯи низомӣ ба ташдиди авзоъ меанҷомад ва Маскав мухолифи чунин иқдомоте аст." Берденников таъкид кард: "Интишори гузориши замима дар робита ба мутолиоти иддаоӣ бисёр бемавқеъ ва номуносибу ғайриоқилона буд." Сафири Русия дар ниҳоди назорати ҳастаии Созмони Милал таъкид кард: "Ҷойи таассуф аст, ки бо надоштани асноди қонеъкунанда, арзёбии гузориш тавре бошад, ки гӯё чанбаҳои низомӣ дорад ва бе шак чунин гузоришеро наметавон ҳирфаӣ ва ғайри ҷонибдорона номид." Вай афзуд: "Дар гузориши мудири кул иттилооти ҷадиде дар хусуси он чӣ, ки дар гузашта дар робита бо мутолиоти иддаоӣ вуҷуд дошт, вуҷуд надорад." Сафири Русия хотирнишон кард: "Гузориши мудири кул ҳатто қабл аз пахши расмӣ дар матбуот мунташир шуд.

Дар ҳоле, ки ин гузориш ҳовии матолиби бисёр ҳассоси ҳастаӣ буд ва акнун дар дастраси умум қарор гирифта аст." Намояндаи Русия таъкид кард: "Маскав аз дабирхонаи Агентӣ мехоҳад моҳияти маҳрамонаи иттилоотро риоят кунад, вагарна сарнавишт ва этибори Агентӣ зери суол хоҳад рафт."



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!