Бахшҳо

Ҷоизаи байналмилалии Гулназар Келдӣ дар Аврупо

Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо “Diploma di Merito” ва нишони Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ шудааст.

Бино ба иттилои Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи нависандагон, диплом ва нишони Аврупо ба шоири тоҷик бо қарори Палатаи Аврупо супурда шудааст: “Ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад. Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим мешавад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад. Ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд”.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дар-Дари ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Фориғутаҳсили факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1966 мебошад. Аз соли 1966 то 1973 ба ҳайси хабарнигор ва баъдан муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст. Соли 1973 муовини раҳбари шӯъбаи адабии маҷаллаи "Садои Шарқ" таъин гардида, солҳои 1975-1977 ҳамчун тарҷумон дар Афғонистон фаъолият кардааст. Баъди бозгашт аз Афғонистон то соли 1991 дар "Садои Шарқ" кор мекунад. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Расми сарбозӣ" соли 1969 нашр шудааст.

Соли 1994 дар як озмун аз миёни 114 пешниҳод, шеъри ӯ гимни Тоҷикистон эълон шуд.
Мӯҳр
Дар-Дар
Муборак бошад, Устоди гиромӣ!!!!!

Устод Гулназар Келди чоиза муборак бошад ин чоизаи Шумо фахри миллати точик.

Матни Гулназар Келди. Оханги. Сулаймон. Юдаков....кто помнить ставьте класс!!!

Фикр мекнам ки каме ноадолатонааст ин мукофот вообще хами МО шахрвандони точикистон ва давлат нисбати Сулаймон Юдаков бепарво хастем охир хами мардакам хизмат кардагихай оханги ин мард намебуд Келди Гулназар низ кадр намешуд. Чаро акалан акси Сулаймон Юдаков нест. Чоиза ба у низ дожа шавад . озоди агар хамирам чоп накни дигар гап надорум

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)