Бахшҳо
27 июл 2016 10:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Акрамзода: Барои таъмини деҳқонон бо техника 4 миллиард зарур аст

Юсуф Акрамзода, раиси корхонаи давлатии “Тоҷикагролизинг” мегӯяд, барои таъмини пурраи кишоварзони тоҷик бо техника 4 миллиард сомонӣ зарур аст, ки корхонаашон чунин имкони молиро надорад.

Акрамзода имрӯз, 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шароити буҳроние, ки пеш омадааст, маълум нест, ки давоми чанд сол кишоварзони тоҷик пурра бо техника таъмин хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, бо назардошти вазъи мушкили молӣ муҳлати баргардондани маблағи техника, ки баробари се сол буд, то 5-6 сол зиёд карда шуд. Раиси “Тоҷикагролизинг” ваъда дод, ки ҳаҷми маблағи пешпардохт барои техникаро аз 30 фоизи феълӣ поин хоҳанд бурд.

Қаблан раёсати “Тоҷикагролизинг” эълон кард, ки хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба 29 ҳазор техника ниёз дорад, аммо амалан хоҷагиҳои кишвар 26 ҳазор техника доранд, ки 9 ҳазораш кор намекунад. Акрамзода аввали соли равон гуфт, аксари техникаҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба ном вуҷуд доранд. Ӯ афзуд, ки тибқи меъёр хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон бояд бояд 2 ҳазору 226 комбайн дошта бошанд: “Вале ҳозир дар хоҷагиҳо 1121 комбайн буда, 649 тоаш кор намекунанд. Комбайнҳои мавҷудаи коршоям 29 дарсади талаботро ташкил медиҳанд. Дигараш ба ном вуҷуд дорад”.

Тибқи иттилои “Тоҷикагролизинг” подошпулии лизинг 12 фоизи солон буда, аз арзиши боқимондаи техника ҳисоб карда мешавад: “Тоҷикагролизинг техника қарз медиҳад ва он дар хоҷагии деҳқонӣ нигоҳ дошта мешавад. То пурра иҷро шудани уҳдадориҳои шартномавӣ техника моликияти Тоҷикагролизинг аст ва баъди пардохти пурраи маблағ техника аз лизинггиранда мешавад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)