Бахшҳо

Худсӯзии сокини 36-cолаи Кӯлоб дар назди манзили ҳамсари собиқаш

Як сокини ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб худро назди манзили ҳамсари собиқаш, воқеъ дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ оташ задааст.

Наздикони Тоҷиддин мегӯянд, ӯ баъди он ба чунин амал даст задааст, ки ҳамсараш бо далели соҳиби фарзанд нашудан, таркаш намуд. Наргис Ҳамидова, модари Тоҷиддин дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш се маротиба арӯсӣ карда, аммо соҳиби фарзанд нашудааст: “Бо оилаи якумаш 7 сол зиндагӣ кард. Вақте соҳиби фарзанд нашуданд, аз ҳам ҷудо шуданд. Баъди ин ду маротибаи дигар зан гирифт ва онҳо низ бо ҳамин сабаб писарамро тарк карданд. Ҳамин боис шуд, ки даст ба ин кор занад”.

Худсӯзии сокини 36-cолаи Кӯлоб дар назди манзили ҳамсари собиқашБа гуфтаи хонум Ҳамидова, модари келини сеюмаш аз Тоҷиддин талаб кардааст, ки “ҷавоби занаш”-ро диҳад, то ӯро ба шавҳар барорад ва соҳиби фарзанд шаванд: “Ту безурёт гуфта, ӯро таъна мекунад. Писарам ҷавобашро медиҳад. Баъди қариб як ҳафта келинам бо модару хоҳараш барои бурдани чизу чорааш меояд. Ману шавҳарам ва як келини дигарам дар ҳавлии дигарамон, ки дар деҳаи ҳамсоя ҷойгир аст, қарор доштем. Ба гуфти ҳамсояҳо, модари келинам ба писари ман гуфтааст, ки “нигоҳ кун, духтарамро бурда шавҳар медиҳам, дар пеши ту бача мекунад”.

Модари Тоҷиддин афзуд, вақте онҳо ба хона баргаштанд, писараш гуфтааст, ки ҳарчанд талош намуд, аммо натавонист ҳамсарашро барои идомаи зиндагӣ розӣ кунонад ва билохира ҷавобаш дод. Ба гуфтаи хонум Ҳамидова, писараш тақрибан соатҳои 13:30-и рӯзи 3 июл аз хона берун шуд ва баъдан хабари худсӯзиашро ба ӯ расонданд: “Дар беморхона ҳамеша мегуфт, ки дар насибам ҳамин сухтан будааст. Маро тасалло медод, ки “оча зиқ нашав, сиҳат шуда, дубора ба пой мехезам, ҳама азобро фаромӯш мекунем”. Аммо баъди 8 рӯз, 11 июл фавтид”.

Наздикони Тоҷиддин мегӯянд, ӯ ва ҳамсари сеюмаш 3 сол буд, ки зиндагии муштарак доштанд ва духтарчаи як бародарашро, ки 9 сол дорад, ба фарзандхонӣ гирифта буданд. Ӯ Шабнам ном дорад. Момагул Мирзоева, хоҳари бузурги Тоҷиддин ба “Озодагон” гуфт, “зани бародарам пеш аз ҷудо шуданаш ба Шабнам мефаҳмонад, ки падару модарии аслии ту дигаранд, ту духтари Тоҷиддин нестӣ, ӯ амакат мешавад”.

Додситонии ноҳияи Восеъ мегӯяд, нисбати ҳолати худсӯзии Тоҷиддин тафтишот бурдааст. Як манбаъ аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, “Тоҷиддин иқрор шуд, ки ин корро ба хотири тарсонидан ва ҳамчун василаи раҳми занашро овардан анҷом додааст. Ба гуфти ӯ, аслан қасди худкушӣ надоштааст ва баъди рехтани бензин ва оташ задан мебинад, ки дигар чора нест худро ба ҷӯйи об меандозад, атрофиён низ омада ба ӯ об мепошанд. Баъд бо мошини худи Тоҷиддин ӯро ба беморхонаи вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб меоранд”.
Мӯҳр
Нои
Модари беақл! Натиҷаи ҷаҳолат!
Як духтарчаи бародарашро гирифта будаанд ку?!
Одамҳо сагу пишакри гирифта калон мекунанд!
Модари занро бо чанд статя ба суд кашидан даркор, ки ба дигарон сабақ шавад.
Аввал, мудозиха ба ҳаёти шахсии / маҳрамонаи дигар нафар, дуюм, то ба худкушӣ расонидани нафари дигар аз тариқи фишори равонӣ!
Садқаи номи оча шавад ҳамон модари арус!

Гунги тутала.
Беинсофи.Ана инсофи модари точик.Рахматии Точиддин агар дар Россия омада арус меефт,хубтар буд.Шояд духтаои руси хамсару шуда аз паси муоличаву табобати худ гашта,е Точиддинро ба назди духтурхо бурда,табобат мекарду сохиби фарзанд мешуданд.Чавонмарди 39-сола аз нохияи Панч низ муддати 14-сол фарзанддор нашуд.Бахташ омад кард,бо зани чавони 28-солаи рус аз нохияи Сонковои вилояти Тверь хонадор шуд.У аз хамсари пешинааш як духтарча дошт.Фатхуллоро худи у ери расонид,ки аз муоинаи духтурхо гузарад.Бо хам ба бехтарин клиникахои шахри Сагкт-_Петербург мурочиат карданд.Сохиби писар шуданд.Писарча нихоят сахт монанд ба Фатхулло аст.Ачоибаш хатто холи руи китфи чапаш мисли холи китфи чапи падараш мебошад,уро шухикунон " клонбача" мегуянд.Одамизод харчанд агар ба сахтихо тоб оварад хам,лекин аз таьнаи сахт метавонад бистари шавад,хатто бемор шуда фавтад.Солхои чавониам як марди агрономи колхоз занашро дар назди хамсояву хещу таборон дар рузи туи писари бародараш ,бо дугу пуписа маломат карда , ту хонаи мо аруси нодухтар омада буди,медони,ки ман ин кадар солхо дар пахлуи бева мехобидам,хеч гох дустат намедоштаму намедорам,боз гап мезаниву нагмахо мекуни...ният дорам,туй ин навбат аз барои ман мешавад..зани чавон мегирам.Бечора ин зани дар туй хизмат мекардаги аввал хело хомуш истод,баьд ,майлаш,майлаш,илохирам,ки дах бор туй шави гуфту ба хонаи хобаш рафт.Дигарчи шуд,намедонам,туй гузашт.Он зани бечора хамрохи ду духтарчааш ба хонаи падариаш рафтанд.Падару модар баьди сари худ хонаро ба бародари калониаш монда буданд.Касал шуда баьд аз се руз вафот кард.Пеш аз маргаш нолида гуфта аст,ки таьнаи шуи маьлумоти олидораш,дили уро кафондааст.Дагаливу забони бад мисли захри афьи аст.

Davron
Халки гумрохи бесавод!! 7 сол нашуд чаро хаети занро сузонди??
Чаро фарзанд нагирифти аз сагирахона??
Ба назари у зан мисли. Як мошини тавалудкун аст???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)