Бахшҳо

Дастгоҳи Президент: Афвро махфӣ нигоҳ медорем, то сӯиистифода нашавад

Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи овозаҳо дар бораи авфи "тиллоӣ" ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ гуфт, ин масъала бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад.

Барно Саидзода, намояндаи дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, масъалаи афв бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад, то афроди алоҳида аз он сӯиистифода накунанд. Ба гуфтаи Саидзода дар бархе ҳолатҳо вақте афв пешакӣ эълон мешавад, афроди алоҳида аз он сӯиистифода мекунанд: “Афв мешавам, гуфта даст ба ҷиноят мезананд”.

Саидзода таъкид намуд, ки то содир шудани қарори расмии раисиҷумҳур дар ин бора бояд масъалаи афв махфӣ бошад.

Вазорати адлияи Тоҷикистон расман эълон кард, ки то ҳол ҳеч санаде дар бораи эълони афв ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолиятро дастрас накардааст. Ба иттилои ин ниҳод дар маҳбасҳои кишвар ҳудуди 12 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешаванд.
Мӯҳр
мухочир
ин чи давлатдори шуд ки маоши вазирон махфи афв махфи чиноят махфи бародарони мансабдорхо бегунох

Одил
Махфи бидоред ё надоред ба ҳама маълум аст ки киҳо афв мешаванд.Чун анъана дуздон,,роҳзанон, ғоратгарон,авбошон хуллас касоне ки зарарашон ба ҷомеа бештар аст озод мешаванд ва чанде нагузашта боз ҷинояти вазнинтар содир намуда ба зиндон бармегарданд.Ҳеҷ гоҳ шумо як мусалмонеро ки бо туҳмату буҳтон зиндони шудааст мавриди афв қарор намедиҳед.мухочир,

Шахри
Конуни авфро аз худи зиндонбонону прокурорхо бояд махфи нигох дошт. чунгки хар авфе ки мешавад,кормушкаи онхо аст. Хамин кадар пул кор мекунанд,ки хисоб надорад. Аз гушти фарзандоншон бадтар аст хакки хамин махбусон ва падару модарони махбусон,ки аз онхо барои озод кардани фарзандонашон пули калон аз 2 то 5 хазор доллат талаб мекунанд.
Зинда бошад президентамон,пешвои миллат, ки чандин бор аст авф мекунад махбусонро. Охир ин махбусон кихоянд? фарзандони мо,бародарону хохарони мо фарзандони мо. хай гумрох шуданд,гунох карданд,ки бегунох аст. Вале худованд худаш бахшанда аст. ва рохбари мо низ бахшандагиро пеша кардааст,ки илохо сараш дардро набинад.
Вале як проблемаи бисёр мухим аст,ки хама хешу таборои махбусон хуб медонанд вале метарсанд гуянд,шикоят кунанд,ки боз фарзандонашонро дар паси панчара азоб надиханд. Ин проблема хамин аст,ки хамин ки авф эълон шуд,50-60 то дуздаку пуздака чавб медиханду дар ТВ нишон медихад ва мондагии махбусора бо ивази пулхои калон озод мекунанд. Инхо хамин кадар харромхуранд,ки хатто худо онхоро нишон медихад,фарзандонашон мемуранду ба зиндон меафтанд,боз хам сари андеша намеоянд. Чаро Озодагон ин мавзуро барраси намекунад. метарсад??? Агар метарсад,пас мардуми бечора ба ки бовар кунад додашро ба ки гуяд. Макомоти интизоми,УИД ВАз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)