Боздошти ду мансабдори Кумитаи амният
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон боздошти ду мансабдори воломақоми Кумитаи давлатии амнияти миллиро барои фасодкорӣ тасдиқ кард.
Давлатбек Хайрзода, ноиби раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе тасдиқ кард, ки аз ҷониби ин ниҳод ду корманди Кумитаи амният боздошт шудаанд.
Ӯ гуфт, феълан алайҳи боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо аз ифшои ҷузъиёти бештар бо далели муҳри махфӣ доштани парванда худдорӣ кард. Манобеи "Озодагон" мегӯянд, боздоштшудаҳо мансабдорони воломақом буда, раҳбарии раёсатҳоро ба уҳда доштаанд ва аз ҷумла дар хунукназарӣ айбдор мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |