Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

ВКД: Ҳалокати як корманди нуқтаи газтаъминкунӣ дар Конибодом

21 ноябр 2011, 06:26

Сониҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Конибодом-Хуҷанд-Деҳмой, дар километри 11-уми ҳудуди деҳаи Шурқурғон мунҷар ба марги як нафар гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, рӯзи гузашта соати 18:10, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106»    таҳти идораи Шерзод Икромови 24 сола, сокини ҷамоати Пулодон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Конибодом-Хуҷанд-Деҳмой, дар километри 11-уми ҳудуди деҳаи Шурқурғони  ҷамоати  Ортиқов бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Валиев Каримхони 37 сола, зодаи шаҳри Кӯлоб, муваққатан истиқоматкунанлаи  шаҳри Конибодом, кӯчаи С.Айнӣ, коргари нуқтаи газтаъминкунии компрессори «Нур-Конибодом»-ро пахш намудааст. Дар  натиҷа, Валиев К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!