Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:54

Хуҷанд: Тақсими замин ба ниёзмандон идома дорад

21 ноябр 2011, 10:39

Ба 68 оила аз мавзеи «Чашмаи Арзана» ва ба 97 хонавода аз қасабаҳои 1-уму 2-юми шаҳри Хуҷанд барои бунёди манзил қитъаҳои замин ҷудо гардид.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» райиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, ки дар маросими тақсими замини наздиҳавлигӣ ширкат дошт, эшонро ба ин муносибат табрик гуфт. Номбурда афзуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, тибқи дастуру супоришоти президенти мамлакат ва раиси вилояти Суғд тамоми имкониятҳоро барои тақсимоти ҳарчӣ зудтари  қитъаҳои замин ба оилаҳои эҳтиёҷманди манзил равона мекунад.

-То охири ҳафтаи равон боз ба 146 оила ҷудо карда додани қитъаи замини  наздиҳавлигӣ дар назар аст,- гуфт ҷаноби  Каримов.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!