Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:14

Ҳиндустон НБО-и Варзобро таъмиру таҷдид мекунад

21 ноябр 2011, 10:50

Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.


Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони мамлакат, аъзои Шўро лоиҳаи қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ», лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ«Дар бораи консессияҳо», «Оид ба ворид намудани илова ба қонуни ҶТ«Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» - ро муҳокима карданд.

Манбаъ афзуд, дар Шӯро ҳамчунин, Ёддошти тафоҳум байни вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон дар бораи таҷдиди (навсозии) НБО – и Варзоб – 1   баррасӣ гардиданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!