Бахшҳо

Додгоҳи Хатлон ҳанӯз ҳукми ниҳоии халабонҳоро эълон накардааст

Бозбинии парвандаи халабонҳои ширкати мавсум ба «Ролкан Инвестмент ЛТД» дар додгоҳи вилояти Хатлон идома дорад.

 


Тибқи иттилои расида, намояндаи додситонӣ дар оғози муҳокима аз додгоҳи вилоятӣ хост, ки Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро озод намояд.Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, айбдоркунандаи давлатӣ, зимни баромади худ гуфтааст: «Мо дар мавриди бегуноҳ будани ин ду халабон чизе намегӯем, аммо аз додгоҳи вилояти Хатлон мехоҳем, ки хукми суди зинаи аввалро тағйир дода, бо назардошти шахсияти онҳо, ки бори аввал суд шудаанд, ҷазояшонро сабуктар кунад» . Вай илова кардааст, ки "ба ҳар кадом аз халабонҳо 2 солу 6 моҳ ва 14 рӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи то 4 сол идора намудани ҳавопаймоҳо ҳукм содир шавад." "Бинобар Қонуни афви Тоҷикистон мехоҳем, ки аз ин ҳукм 2 солаш кам карда шуда, бинобар ин ки онҳо аз 6 моҳ зиёдтар дар СИЗО нигоҳдорӣ карда шудаанд, аз толори додгоҳ озод карда шаванд",-гуфт Толибҷон Азимов.

Ҳамзамон, вакили дифоъи ҳалабонҳо, Ғулом Бобоев гуфтааст, ки эътирози додситонии Хатлонро ҷонибдорӣ мекунад, аммо гуфт, нафарони таҳти ҳимояташ бояд пурра озод карда шаванд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир суд ба хонаи машваратӣ рафта, ҳукми ниҳоӣ алъон эълом нашудааст.

Ёдрас менамоем, додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи ҳафтуми ноябр ин ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним соли зиндон ҳар кадомеро маҳкум кард. Ҳукми ин ду халабон боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва мақомоти Русия зоҳиран дар посух ба ҳукми халабонҳо ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид карданд, ки шояд ҳатто вуруди мардикорони тоҷикро ба Русия манъ кунанд. Танҳо баъд аз судури ҳукми ин ду халабон садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд, боздошт ва як гурӯҳи онҳо ихроҷ шуданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)