Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:51

Шералӣ Хайруллоев дар Беларус бо ҳамтояш ҳамкориҳои низомиро баррасӣ мекунад

22 ноябр 2011, 05:46

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати анҷоми як боздиди корӣ озими Минск шудааст.

 


Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сардори дафтари матбуоти вазорати мадофиа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, сафари роҳбарияти вазорати мудофиаи ҷумҳрии Тоҷикистон дар Беларус  муддати 3 рӯз идома хоҳад кард. Дар назар аст, ки зимни ин сафар Шералӣ Хайруллоев бо ҳамтои худ Юрий Шадобин мулоқот намуда, доираи васеи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбии техникиро аз қабили табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ, ҳамоҳангии қувваҳои мусаллаҳ дар муборизаи муштараки зидди терористӣ ва дигар масъалаҳое, ки бевосита ба сатҳи низомии ду кишвар вобастааст, мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

 

Гуфта мешавад, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус аз солҳои аввали таъсисёбии артиши миллии Тоҷикистон оғоз гардида, сол аз сол дар сатҳи баланд густариш меёбад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!