Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:58

Тарки мактаб бештар дар давраи синфи 9-ум ба назар мерасад

22 ноябр 2011, 06:49

Барномаи озмоишии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ оид ба пешгирии тарки мактаб (USAID/SDPP) дар Душанбе семинари вижаи чоррӯза доир кард.


Дар ҳамойиши  мазкур кормандони вазорати маориф, дигар идораҳои давлатӣ, донорон ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият доранд, иштирок намуда, барои такмил додани роҳҳои ҷалби хонандагон ба мактаб пешниҳодҳо карданд.

Тибқи иттилои расида, низоми идоракунии иттилоотии маориф нишон медиҳад, ки сатҳи тарки мактаб дар давраҳои ибтидоӣ ва миёна баландтар буда, мувофиқи он ҳадди миёнаи сатҳи тарки мактаб дар синфи 9 аз 6 то 11 фоиз мерасад, ки он кӯшишҳои ҷумҳурии Тоҷикистонро барои кафолат додани таълими умумии асосиро мушкил месозад. Барномаи озмоишии USAID оид ба пешгирии тарки мактаб (БОПТМ) барномаи сесола буда, бо мақсади ҷалб намудани хонандагон ба мактаб дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Камбоҷа, Ҳиндустон, Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Барнома чанде қабл таҳлили равандҳои тарки мактабро дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонид, ки он минтақаҳои ҷуғрофӣ, синфҳо ва гурӯҳҳои хонандагонеро, ки эҳтимоли зиёди тарки мактаб карданро доранд, муайян намуд. Дар асоси ин маълумот барномаи мазкур бо мақсади  дар мактаб нигоҳ доштани хонандагонеро, ки дар ҳавфи тарки мактаб мебошанд, дар ноҳияҳои Балҷувон, Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон ҳамкории хешро бо Вазорати маориф идома медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!