Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Дар Шӯрообод беш аз 90 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид

22 ноябр 2011, 09:04

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон 90 килою  700 грамм маводи нашъадор ёфт шуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии ВКД хабар доданд, зимни амалиёт  дар заминҳои чарогоҳи деҳаи  Зулмобод, шаҳрванд Рамазон Назарови 25- сола, сокини ноҳияи  Восеъ, ҷамоати Тугарак, деҳаи Тугарак, бо 6-борхалтаи полиэтиленӣ  дастгир карда шуд. Зимни азназаргузаронии  «бор»-и ӯ  90 килою  700 грамм «бангдона» забту мусодира гардид.

Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд кормандони милиса дар  ноҳияи Варзоб, рустои Ҷангалак, Ҳомидҷони Абдулҳакими 19 -сола, сокини  шаҳри Душанбе, кӯчаи  Яккачинорро боздошт карданд. Аснои кофтукоби шахсӣ аз борхалтааш 958 грамм  маводи нашъадори «ҳероин» дарёфт гардид. Феълан, нисбати ин қазияҳо   парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!