Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:47

Варзишгари маъюб дар баландии 2 400 метр

20 май 2011, 11:32

Як гурӯҳ кормандони бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон  қуллаи Уларро, ки дар қисми ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор воқеъ аст, фатҳ намуданд.
Бино ба гуфти сухангӯи фурудгоҳи байналмилалӣ Муҳаммадюсуфи Шодӣ, дар ҳайати дастаи варзишгарон одамони касбу кори гуногун аз ҷумлаи кормандони муҳандисӣ-техникии фурудгоҳ , ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ҶСК «Тоҷикаэронавигатсия» ва ширкати «МЛТ» буданд. Варзишгарон Игор Умновро, ки маъюби гурӯҳи 3 аст ҳамроҳ гирифтанд. Иродаи қавии Игор имкон дод, ки баландии 2 400 метриро фатҳ намояд.  Роҳбари гурӯҳи куҳнавардон Евгений Лорентс иброз дошт, ки сафари кӯҳистон ва фатҳи қуллаи Улар дар нақшаи имсола мавҷуд буда, ба рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд. Сафари навбатӣ аз ҷониби федератсияи кӯҳнавардони Тоҷикистон ташкил ва дастгирӣ шуда, ташвиқи ҳаёти солим ва пайванд бо табиат аст, иброз доштанд кӯҳнавардони соҳаи ҳавопаймоии ҷумҳурӣ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!