Бахшҳо

В.Мадаминов: Росселхознадзор дурӯғ мегӯяд

Ворис Мадаминов, сардори Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растании Тоҷикистон, арқоми «Росселхознадзор» - ро, ки гӯё имсол 154 ҳолати риоя нашудани меъёрҳои фитосанитарии байналмилалӣ ва Русияро дар маҳсулоти Тоҷикистон ошкор кардаанд, қобили эътимод намеҳисобад.


Номбурда зимни сӯҳбат бо  хабарнигори «Озодагон» изҳор дошт, ки имрӯз ман ҳам метавонам, гӯям, садҳо ҳолати риоя нашудани меъёрҳои фитосанитариро дар маҳсулоти бағоҷи мусофирон ошкор кардаем: «Кӣ инро тафтиш мекунад? Русия бояд дар ҳолати ошкор шудани нақзи меъёрҳои фитосанитарӣ дар маҳсулоти Тоҷикистон моро огоҳ мекард. Дар сурати риоя нашудани меъёрҳои фитосанитарӣ, ҷониби Русия ҳуқуқ дорад, маҳсулотро дар ҷояш нобуд кунад. Аммо то имрӯз аз ягон ҳолати нест кардан, баргардондан ё риоя нашудани меъёрҳои фитосанитарӣ дар Тоҷикистон ба мо хабар надодаанд. Маҳсулоти Тоҷикистон бе монеаъ вориди бозорҳои Русия мегардид. Мадаминов афзуд: «Мегӯянд, 154 ҳолатро дар давоми 9 моҳи авали соли ҷорӣ ошкор кардаанд. Пас то ҳол, ки моҳи 11 –уми сол сипарӣ шуда истодааст, онҳо дар куҷо буданд ва чаро моро огоҳ накарданд?»

Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл Хадамоти назорати ветеринарӣ ва фитосанитарии Русия (Росселхознадзор), бо пахши изҳороти расмӣ Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки дар сурати пурзӯр нашудани назорат аз болои меъёрҳои фитосанитарӣ дар кишвар, воридоти меваю сабзавоти кишварро ба ҳудудаш манъ мекунад.

Русия истеъмолкунандаи асосии меваю сабзавоти Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тибқи иттилои расмӣ ҳудуди 75 фоизи меваю сабзавоти содиротии кишвар ба Русия раҳсипор мегардад. Коршиносон изҳороти  «Росселхознадзор» - ро давоми фишоровариҳои Русия ба Тоҷикистон медонанд, ки баъди равонаи зиндон шудани шаҳрванди ин кишвар, Владимир Садовничий, авали моҳи ҷорӣ оғоз гардид.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)