Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:55

Футбол: Регар ТадАз-Гвардия 10:0, Истиқлол- Парвоз 5:0

22 ноябр 2011, 09:18

Шоми дирӯз бозиҳои даври 42-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.


Тавре аз ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ин навбат дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти бо тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров рақобат намуда бо ҳисоби 5 бар 0 ғолиб омад. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ тими “Гвардия”-и Душанберо қабул намуда бо ҳисоби калони 10 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври 42-юми мусобиқот рӯзи 20-уми ноябр дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе бо бозии дастаҳои ССКА “Помир” ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа шурӯъ шуда буд, ки ин бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар бозии даври 42-юм дастаи меҳмон - “Равшан”-и Кӯлоб ба иллати аз мусобиқот даст кашидани ҳарифаш дастаи  “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби техникӣ 3 бар 0 ғолиб дониста шуд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Равшан” бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст, ки ҳамагӣ се бозии дигар дорад. Тими “Регар-ТадАЗ” бо 76 имтиёз аз 32 бозӣ дар зинаи дуюм мебошад. дастаи “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 27 бозӣ кардааст, бо 71 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.

Манбаъ афзуд, 23-юми ноябр дар варзишгоҳи “Политеникум”-и Душанбе бозии мавқуфмонда миёни дастаҳои ССКА “Помир” - “Вахш” баргузор мешавад. Даври 43-юми мусобиқот рӯзи 25-уми ноябр миёни дастаҳои “Энергетик” - “Шодмон”, “Регар-ТадАЗ” - “Истиқол” доир хоҳад шуд. Рӯзи 26-уми ноябр бозии мавқуфмондаи дастаҳои “Гвардия” ва “Вахш” барпо мегардад.
Бозиҳои даври охирин – 44-ум рӯзи 29-уми ноябр баргузор мешавад: “Парвоз” - ССКА “Помир”, “Энергетик” - “Истиқлол”, “Вахш” - “Равшан”.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот пас аз машварат бо дастаҳо муайян хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!