Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:48

Панҷакент дар иҷрои барномаи компютеркунонӣи мактабҳо қафомонда аст

22 ноябр 2011, 09:27

Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 имконият медиҳад, ки мактабҳои вилояти Суғд  бо 5906 адад компютерҳои ҳозиразамон таҷҳизонида шаванд.


Зимнан, интизор меравад, дар ин давра 924 синфхонаҳои компютерӣ ба шабакаи интернет пайваст гардад. Бояд гуфт, ки дар ин ҳолат ба ҳар 15 нафар хонандагони синфҳои 7-11 як адад компютер рост меояд.Дар 11 моҳи соли равон муассисаҳои таълимӣ бо 1163 адад компютер таъмин карда шуданд, ки 155,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Ҷараёни татбиқи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят мувофиқи нақшаи солона дар ёздаҳ моҳи соли 2011 дар шаҳру ноҳияҳои Табошар , Қайроққум,       Зафаробод , Мастчоҳу Ашт таъмин гардидаанд. Аммо мутаассифона, иҷрои барномаи мазкурро шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 22, 5 фоиз, Ғончӣ 45, 5 фоиз, Ҷ.Расулов 67,5 фоиз иҷро кардаанду бас. Дар  ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз хадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!