Бахшҳо

Узвияти Тоҷикистон дар ҳолати мавҷуда Иттиҳоди АвруОсиёро заиф мекунад?

Миёни Русия, Қазоқистон ва Белорусия, сар аз якуми январи соли 2012 –ум Минтақаи ягонаи иқтисодӣ амал хоҳад кард, ки  ҳаракати озоди молу маҳсулот, қувваи корӣ ва маблағро таъмин месозад.


Сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Белорус охири ҳафтаи гузашта, изҳор доштанд, ки дар паи минтақаи воҳиди иқтисодӣ то соли 2015- ум бояд ҳамаи заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти Иттиҳоди АвруОсиё таҳия гардад.  Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ва Димитрий Медведев, президенти Русия изҳор доштанд, ки барои дучори бӯҳрон нашудани Иттиҳоди АвруОсиё, зимни қабули аъзоёни нави иқтисодашон заиф ба ин иттифоқ шитоб нахоҳанд кард. Онҳо бохти Иттиҳоди Аврупоро, ки айни ҳол мубталои бӯҳрон шудааст, шитобзадагӣ дар қабули аъзоёни нав арзёбӣ карда, таъкид намуданд,  ки ин камбуд зимни ташкили Иттиҳоди АвруОсиё ба назар гирифта хоҳад шуд.

 

Айни ҳол номзадҳои асосӣ барои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ, минбаъд Минтақаи ягонаи иқтисодӣ ва сонӣ Иттифоқи АвруОсиё пеш аз ҳама Қирғизистону Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.  Аммо Димитрий Медведев, президенти Русия, мегӯяд боз будани ин Иттифоқ барои аъзоёни нав маънои онро надорад, ки дилхоҳ кишвар метавонад аъзои он гардад: «Ҳатто кишвари ба мо наздику шарик. Ҳар кишвар бояд, нақшаи дохилшавии худашро дошта бошад, ки метавонад аз 2 то 10 – 15 сол давом кунад».

Барои кишварҳои хостори узвият, ки айни ҳол Тоҷикистону Қирғизистон ба қатори онҳо дохил мешаванд, Нурсултон Назарбоев зарур меҳисобад, ки аввал қонунгузорӣ ва иқтисодиёташонро омода созанд: «Агар қарзҳо 30 фоизи буҷетро ташкил намоянду таваррум дар сатҳи 20 – 30 фоиз қарор гирад, аввал ин кишварҳоро зарур аст, ки то сатҳи муайян пешрафт намоянд, то бӯҳрони мавҷудаи Иттиҳоди Аврупо дар Иттифоқи АвруОсиё такрор наёбад».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)