Бахшҳо

Шукурҷон Зуҳуров пешниҳоди Иззатулло Шариповро қабул накард

Сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хостори аз маҳбас раҳо нагардидани зане шуд, ки 28 сол ҳукм гирифтааст.

Иззатулло Шарипов имрӯз, 24 август зимни баррасии лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” дар Маҷлиси намояндагон гуфт, Сарвиноз Раҳматова, ки бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як хонаводаи тилофурӯшҳо 28 сол равонаи зиндон шудааст, аммо аз ин ҳукм ҳатто як солашро паси сар накардааст: “Як маҳбус дорем бо моддаҳои 186 қисми 2 (бандитизм), 244 қисми 4 (дуздӣ), 237 қисми 1 (авбошӣ) ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Ҳоло ҷазоро як сол ҳам не, ҳамагӣ 10 моҳ адо кардааст, дар таҷрибаи мо нисбати ҳамин одам афв татбиқ карда мешавад. Ман хоҳиш мекардам, як бор ҳамин масъаларо дида бароед. Агар аз 28 сол 25 солаш кам карда шавад, се соли дигарро дар маҳбас гузаронад. Ин одам бо авлоди худ дар вилояти Суғд куштори зиёд кардааст. Шумо ҳамаатон медонед, ҷинояти вазнин кардааст, ин одам Раҳматова Сарвиноз аст”.

Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон гуфт, ин пешниҳодро қабул карда наметавонанд. Ба гуфтаи ӯ, ин масъаларо бидуни баррасӣ наметавонанд қабул кунанд. Зуҳуров дар идома назари Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишварро пурсид. Оқои Раҳмон гуфт, бо Шермуҳамади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ин масъаларо ба баррасӣ хоҳанд гирифт.

Ҳукми Сарвиноз Раҳматова аз сӯи Додгоҳи вилояти Суғд 29 январи соли равон эълон шуд. Додгоҳ он замон Олим Раҳматовро барои як умр равонаи зиндон карда, Адиба Раҳматоваро 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аҳлиддин Раҳматов, Қиёмиддин Раҳматову Ваҳҳоб Раҳматов 28 солӣ ва Валӣ Раҳматов 7 сол ҳукм гирифтанд. Ин афрод дар қатли хонаводаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -Аҳмадхӯҷа Бобоев ва саррофон аз шаҳри Хуҷанд - Бурҳоновҳо муҷрим шинохта шуданд.
Мӯҳр
и чихелияй я хонаводара кушта як солам нашишта чазо надида озод шавад? Ма дуруст фахмидамми? Ин ба кадом акли солим рост меояд? Камтар сум дошта бошан камакак шишта авф мешаванд

Шахбоз
Рафик Генерал ин чи гап аст? дар авф 2 сол кам карда мешавад на 25 сол. Одама мекша 3 сол дар махбас бшина тамом? Ё ягон хешу таборатон мешава?.

Ҳоҷӣ
Агар ҳамин зан озод шавад. ин ҷиноят нисбат ба инсоният мешавад,Ҷанобон!Маҳмуд,

Номдор
Чаноби Зухуров ин махбусихоро Мухтарам Изатулло медонад зан чиноят кардааст мардам ки бошад фарк надорад дар назди конун чавобашро бояд дод нагузоред бе ислох рахо ёбанд то ба дигарон дарс шавад вай чиноят кор чазояшро надида авф шавад пас дигарорам даст ба чиноят мезананд хак ба Изатулло Ш мухтарам Ш Зухуров дуруст фахмед агар малоли хотиратон шуда бошем озодагон чоп кунед хохиш

мухочир
Гунох гарчи бузургаст фазилати авф кардан бузургтараст бародарон

Якуб.Душанбе.
Рост мегуяд чаноби ZORRO бояд ин зан авф нашавад чинояти бузург кардааст!Монед бе гунохон озод шаванд,яке Зайду дигаре Бузургмехр!!!

Ориёи
Шахсоне, ки чинояти вазнин ба мисли куштор содир кардаанд набояд авф шаванд. Ин зидди конун ва зидди адолат аст.

джурабек
Фазилати авф бузургтар аст???
Шумо рост гуфтед мухтарам мухочир.Лекин ин зан чинояти бузург кардааст.Ин хел одам дар чаьмият умуман лозим нест набояд авф шавад!!!
Чунки сатхи чинояткори хело зиед мешавад.

Бародарон ин авф не балки як манбаи пулкоркуни мебошад. Бо чунин тарз шумораи чинояткорон, калобон, ва одамкушон зиёд хохад шуд. Одам агар одам низ накушад, пули мардумро бо харрох дуздад ин низ аз одамкуш ками надорад. Макомоти мо факат дар дохили чумхури овоз дорад ва чинояткороне, ки берун аз чумхур мегурезанд хеч гох дастгир карда наметавонад. Чаро макомотхои мо бо давлатхои хорича хусусан Россия кор карда наметавонанд? Ёбед шахсони калобонеро, ки дар чустучу хастанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)