Бахшҳо
24 авг 2016 12:44Тоҷикистон / Сиёсат

Хавфи наздикони Ҷамшед Ёров аз такрори “сенария”-и қазияи Бузургмеҳр

Наздикони Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯянд, ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигоҳ дошта мешавад.

Наздикони Ҷамшед ба “Озодагон” гуфтанд, ҳоло вай расман боздошт шуда, нисбати ӯ бо дастрасии моддаи 311 қисми 1 парванда боз шудааст: “Аммо хавфи мо аз он аст, ки сенарияи Бузургмеҳр Ёров такрор нашавад. Ӯро ҳам нахуст бо моддаи 247 гунаҳкор карданд, аммо баъдан ба парвандааш терроризму экстремизм пайдо шуд. Ҳоло метарсем, ки нисбати Ҷамшед ҳам ҳамин чиз нашавад”.

Наздикони Ҷамшед Ёров мегӯянд, ҳоло дар пайи пайдо кардани вакили дифоъ барои ӯ ҳастанд.

Боздошти Ҷамшед Ёров дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи 22 август Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва писари 17-солааш – Фирӯз аз сӯи афроди номаълум бурда шуданд. “Тоҷнюс” бо такя ба манобеаш мегӯяд, Ҳамсар ва писари Ҳайит тақрибан соати 12-и шаби 23 август аз дари асосии бинои Прокуратураи генералӣ берун шудаанд. Манбаъ мегӯяд, Савринисо Ҷӯраева, ки дар парвандаи ҷиноии аъзои раёсати ҲНИТ ба сифати шоҳид мегузаштааст, дар доираи тафтишоти нав бо писараш бозпурсӣ шудааст: “Ҳадафи тафтишоти нав маълум кардани омилони асосии фош шудани 90-саҳифа ҳукми Суди Олии Тоҷикистон оид ба қазия “Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ” будааст, ки муҳри “махфӣ”доштааст”. Гуфта мешавад, боздошти Ҷамшер Ёров низ ба ҳамин қазия марбут аст.
Мӯҳр
.
Аз вакили дифоъ чи фоида?

фарёд зи дасти фалаки чомакабуд
ёрони маро якто якто омада бурд
гар одати ин фалак хамин хохад буд
як рузи дигар навбати ман бояд буд
рафтанду равему боз оянду раванд
бурданду баранду боз оянду баранд

Маълум аст, ки бародар агар дар чиноятхои ба мукобили асосхои сохти конститутсиони ва ё амнияти давлат даст дошта бошад, албата ба дигар аъзоёни оила низ бе таъсир гузошта наметавонад. Тафтишот аник намуд, ки Бузургмехр бо ХНИТ, ки расман хизби террористи элон шудааст, алокамандии наздик доштааст. Аз ин ру, аз эхтимол дур нест, ки бародарашро (манзурам Чамшед) низ дар ин чиноят куш карда бошад. Ба наздикони Ёровхо гуфтаниам, ки агар бо ХНИТ алокаманд бошанд, бигзор аз ин маризи худро дар махбас пок созанд, чунки ин намуд маризи сирояткунанда буда, чомеаро низ носолим мекунад.

.,
Рав саратро то гарданат зери лойка карда касд ба чони худ кун ба ин аклу фахм ба ин мафкураву андешаат!!! Ман мутмаинам,ки гайр аз падару модар ва чахор хеши наздикат дигар бакасе лозим нести

Пурдил
Фардо, ки мардум ба куча рехтан давлатдорону давлатдусторон суол хоханд кард, ки чаро мардум шукри оромиро накарда даст ба митингхо мезананд!!!!

Одам
як-як хамаро махкам карда ба сари миллат чи оварданиянд, намедонам. Худованд доност, ягон руз хар кас чавоби ин беинсофихояшро медихад.

Орифи кулоби
Суфии фархори,

Маълум аст, ки ту хам аз амниятихои. Чуз 4-5 нафари атрофатон дигар хамаро душману хоин мебинед.
Як далел биёр барои чинояткор буданаш!
Хукме ки содир шудааст дар ягончои дунё махфи буда наметавонад.

ассаламу алайкум бародарони ахли ислом. Чихеле ки намекунанд хамин кормандони хифзи хукук кандашона зананд. Бояд гуфт ки оромии Тосикистон ба душманони миллат хуш наомада истодааст. Оромии Точикистон дар дунё хамто надорад. Ороми ба зару зевар баробар аст дар замони мо барои хамин мо мардуми Точикистон барои оромии ватанамон бояд хаматарафа кушиш кунем.

Дар шархи тафсири ин модда банди 60 чунин омадааст _ Хаминро бояд кайд кард ,ки маълумоти махфии тафтишот , бонкки , тичорати , оилави , тибби , гуфтушуниди телефони (телеграфи ) ва гайра , сирри давлатиро ташкил намедихад ва ифшои он чиноятхои бо моддахои дигари КЧ пешбини шударо , ташкил медихад .
Парвандахое ,ки дорои сирри давлати мебошанд агар махкумшуда ё вакили мудофеаш барои шикоят навистан бояд барояшон шароити мусоид ва хучраи махсус ба вучуд оранд то ин ,ки маводхо дастраси дигарон нашаваду сирри парванда нигох дошта шавад ва новобаста аз эълони хукми суд матни он мохияти сир доштани худро то замони муайян шояд 40-50 сол нигох дорад

Онхо намехоханд ки мо обод бошем.
Онхо намехоханд ки мо озод бошем.
Онхо намехоханди фарзандонамон хушбахт бошанд.
Онхо мехохан ки мо бародарон хуни якдигарро резонем.((.
Онхо мехоханд ки чанги бародаркушро аз нав огоз кунанд.
Онхо мехоханд ки моро гумрох бисозанд.
ЛЕКИН ОНХО БА МАКСАДАШОН НАМЕРАСАНД!
МО ЧАВОНОНИ АСРИ НАВЕМ. МО ХЕЧ ВАКТ ВА БА ХЕЧ КАС НАМЕГУЗОРЕМ КИ ХАЛКИ БУЗУРГИ ТОЧИКРО ОЗОР ДИХАД ВА ЯК ГУЛИ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО ПОЙМОЛ КУНАД!

shumo dodu gavgo mekunen hamy vaziyati bechorahora ki mumkin ki javobshon btan. ahvolshona bad meknen . shumo az duur istoda mejaken lekin vaziyaty mardumi prostoya vaznin meknen

Ассалом . бародархо ба фикрам ин насли наврас ки чангхои соли 90-умро надидааст маст шудааст . ХАй сум аст мол аст мошщин аст кайфу сафо аст. Хар гохе ки нозу неъмат зиёд шавад мардум ношукр мешаванд. Барои хамин чавононро бояд таълим дод ки окибати митингу митингбозиро фахманд .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)