Бахшҳо

“Шайх Темур” ба озодӣ мебарояд?

Мавлудхон Салихов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” бар асоси қонуни нави афв шонси ба озодӣ баромаданро дорад.

Ҷаноби Салихов, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз ҳуқуқҳои Саидмаҳдихон Сатторов ҳимоят мекард, имрӯз 25 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, моддаҳое, ки бар пояи онҳо зерҳимояашро муҷрим шинохтанд, шомили қонуни афв мебошад: “Саидмаҳдихон Сатторов ба он ҷиноятҳое, ки тибқи ин қонун афв намешаванд, маҳкум нашудааст, яъне терроризму экстремизму ба мисли инҳо. Дуюм, дар қонун гуфта шудааст, ки он нисбати афроди аз 55-сола боло татбиқ мешавад”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 июл Саидмаҳдихон Сатторовро бо иттиҳоми дузанагӣ, таҳқири ҷасади фавтидаҳо -- несту нобуд ё касиф кардани қабристон, тамаъҷӯӣ ва чанд ҷинояти дигар 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард. Аз ин муҳлат ӯ як солу 6 моҳро сипарӣ кардааст. Сатторов инчунин, дар ҳаҷми 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шуд. Қабл аз эълони ҳукм Сатторов дар сухани ниҳоияш аз додгоҳ хоста буд, ӯро сафед ва аз толори мурофиа озод кунад.

Номи “Шайх Темур” баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли 2015 филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он Сайидмаҳдихон Сатторов дар мардумфиребӣ муттаҳам мешуд. Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз шуд.
Мӯҳр
мурдахоро тахкир кардааст баъд чабрдидахо яъне мурдахо даъво намекунанд ми?

а
Чавоб дихед муйсафедро. Чанд сол умраш боки мондааст ки онро паси панчара гузаронад? Хеч гунох хам накарда буд.

Шахбоз
Чи гуна 16солро авф мекунанд? максимум 3 сол тамом. Тачовуз ба номуси ноболиг. ТАМОМ ДИГА ТАЧОВУЗГАРХОРО ОЗОД КУНЕД. АЙБА НАДОНЕН. Ин чина авф?

Ачоиб, чинояткор,ки чазо намегирад пас он боз даст ба чиноят мезанад...

Ачоиб, чинояткор,ки чазо намегирад пас он боз даст ба чиноят мезанад...

муйсафед
Бисёр кори савоб мешавад, муйсафеди пиронсолро агар чавоб диханд. ..

Барои ин хел шайхо хамон кунчи работ бехтарин макон аст, тиловат карда худо ва расул гуфта шинад ва мардумро рохгум накунад. Васалом!

муйсафед
Саидмаҳдихон Сатторовро ...аз кумитаи амнияти милли хоиш карда мешавад баъди озод шудани ин мусафеди мафийзник аз кафоаш назорат баранд , ки ба бовария нест... аз дасти ин муйсафеди сумдор тамоми кор меояд ....

Салому алайкум ва рахматулох бародарон дар бораи чизе ба чашми худ надидаед хукум накунед аз кучо медонед тухмат аст ё бухтон вакте ба зиндон ворид шуди мурдаи ленинро ба гадрда мегири. Агар муъминеро сатр куни худованд рузи махшар туро сатр мекунад агар Худованд пардаро аз руи мо бардорад шарманда мешавем ин рузхо чи гуноххоро анчом медихед оё борехам фикр кардаед агар ошкор шавад чи мешавад

мехмон
Мо ин шахсро намешиносем ва ягон гаразе надорем. Озод кунанд хуб мешуд. Хар як шахси гунахкорро Аллох ч.ч худаш чазо медихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)