Бахшҳо
26 авг 2016 12:26Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пешниҳоди таъсиси осорхонаи журналистони Тоҷикистон

Дар Душанбе пешниҳод шуд, барои журналистон осорхонае таъсис дода шавад. Ин пешниҳод дар маҳфиле ба хотири ёдбуди журналистони даргузаштаи тоҷик аз сӯи Шаҳло Акобирова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Хома” садо дод.

Ӯ бо ишора ба касби пурхатар будани журналистика ва даргузашти теъдоди зиёди журналистони тоҷик дар ду соли ахир гуфт, зарурати созмон додани осорхона ё ҳадди ақал гӯшаи журналистон пеш омадааст. Хонум Акобирова аз журналистон даъват кард, бо таъсиси як гуруҳи вижа дастбакор шаванд ва дар гирдоварии фиттаву портрет, китобу навиштаҳои журналистони маъруф саҳм гузоранд.

Маҳфили ёдбуди журналистони тоҷик имрӯз, 26 август бо ибтикори нашрияи “СССР” дар бинои Шарқи Озод сурат пазируфт. Дар маҳфил зикр шуд, танҳо дар ду соли ахир наздики 20 журналисти тоҷик даргузаштаанд. Дар ин маҳфил аз Акбари Саттор, Асадулло Саъдуллоев, Раҳими Ашроф, Шарифи Мисайзод, Бахтиёр Сафаров, Аброри Зоҳир, Темур Султон, Убайдуллоҳи Ширин, Галина Зутсева, Толиби Сангин, Муҳаммадҷон Мирзошоев, Луъбат Бурҳонова ва дигарон ёд оварда шуд.

Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз Акбари Саттор, раиси пешини Иттифоқи журналистон ва медиамагнати тоҷик ёд оварда гуфт, як соли бидуни Акбар нишон дод, ки ҷойи ӯро касе иваз карда наметавонад. Вай таъкид кард, бо даргузашти Акбари Саттор ваҳдати миёни журналистони тоҷик ба назар намерасад: “Захми вафоти Акбар даҳсолаҳои дигар боқӣ мемонад”.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, журналисти тоҷик пешниҳод кард, ба хотири Акбари Саттор ҷоизаи “Журналистони навовар” таъсис шуда, ҳамасола дар рӯзи мавлуди раиси пешини Иттифоқи журналистон тақдим гардад.

Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири нашрияи “СССР” гуфт, дар ҷаласаи охири Раёсати Иттифоқи журналистон пешниҳод шудааст, ки ба Шарифи Мисайзод баъди маргаш ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дода шавад. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Мизроб дархостҳои ба такрор дар бораи пешниҳод шудани номзадии Мисайзод аз сӯи Радиои Тоҷикистон, ки марҳум онҷо фаъолият дошт, беҷавоб мондаанд: “Ҳоло пешниҳод шудааст, ки номзадии ӯро аз ҷониби газетаи “СССР” пешниҳод намоем”.

Сармуҳаррири "СССР" пешниҳод кард, 28 август – рӯзи даргузашти Акбари Саттор Рӯзи журналистони фавтида эълон карда шавад.
Мӯҳр
Хайрандеш
Дар асл Акбари Саттор журналисти арзанда буд.Ман таклиф дорам, ки осорхонаи журналистон ба номи Акбар кушода шавад. Рухат шод бод Акбар. Дар хакикат Акбар буд....

с
Сорбони Ошик.Нева
Журналистону адибоне,ки дар солхои 1992-1993-94 аз дасти ярокбадастони ФХ ба халокат расида буданд,магар аз хотирахо рафт?Е ман хам мурдааму хабар надорам е намедонаму нахондаам,ягон бор онхоро ба хотир овардаед?
Як солхо машхуртарину маьруфтарин рузноманигорон аз кабили Саидкосим Чалолов,Арбоб Вадуд,,бонухо Саодат Сафарова,Кимхохбону Суярова,Сочидаи Мирзо,Хуриниссо Гафорова.,Сураеи Хуршед,инхо кучо шуданд?Аз Чумьаи Мирзо хеч дараке нест.Амрихудо Низомов кучо аст?Бадриддин Сулаймонов, Тохир Асомиддинов...Е факат шумо боз " круги" худро ташкил додаед?
Зинда бод демократия!!!!Арвохону арбобхоро хам бо таври демократи таксим кардаем!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)