Бахшҳо

Бозхонди масъули сафорат, ки дар Туркманистон ба “дастдарозӣ” муттаҳам мешавад

Вазорати корҳои хориҷӣ котиби сеюми Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистонро, ки ахиран номаш дар пайи як маҷарои дипломатӣ расонаӣ шуд, бозхонд кардааст.

Вафо Ниятбеков, сухангӯи вазорат ба нашрияи “Нигоҳ” гуфтааст, Ғолиб Қаюмовро барои таҳқиқи қазия ба кишвар даъват кардаанд.

Ахиран, дар интернет наворе ба сайр даромад, ки котиби сеюми Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистонро дар қасди таҷовус ба номуси як духтари ноболиғи туркман муттаҳам мекард. Ҷои дигар аз ин духтар донишҷӯи соли чорум ном бурда мешавад. Ба иддаои таҳиягарони навор ин ҳодиса дар Чорҷӯи Туркманистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар ин навор, ки 20 август дар Ютуб нашр гардид, сабтҳое ҳам гузошта шуд, ки иддао мешавад, суҳбати телефонии дипломатҳои тоҷик дар Душанбе ва Ашқободанд ва моҳи июни соли ҷорӣ сурат гирифтаанд. Дар ду маврид яке аз тарафҳои суҳбат Маҳмудҷон Собиров, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад. Собиров моҳи июн бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ба сабаби “ба нафақа баромадан" аз симмати худ озод шуд.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз сухангӯи ВКХ пурсидааст, ки оё бозхонди Маҳмудҷон Собиров ба моҷарои таҷовузи туркмандухтар рабт дошт? Ҷаноби Ниятбеков посух дода: “Собиров бо сабаби ба нафақа баромаданаш, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон озод карда шудааст ва ин фармон ба тасдиқи иловагие эҳтиёҷ надорад”.
Мӯҳр
ВКХ
Э рутон лахча. Вақте шарманда шудед даррав фармон мебарореду тарихашро ду моҳ пеш нишон медиҳед. Дар дасти худатон аст ку ҳар қароре бароред дар дасти худатон. Агар ба нафақа мебаромад барои чи сафир таин кардед?

Ин касали рухии хешутабор ва чурабози хама вакт дарди сар эчод мекунад

Дохилӣ
Ин бача консул буд, аз кай боз котиби севум шудаст?
Дар МИД ҳама медонад ки консулҳоро кӣ таин мекунад.
Ин кори авал нест,

Ман сабти телефониро оиди ин казия пурра гуш кардам. Хамаи садохоро шинохтам. Вазири корхои хорича охирон мегуяд, ки ман хозир аз пеши калон омадам вазъият вазнин аст ва туро аз кор мегиранд, дилат назанад. Чамадонота таёр кун ва зуд биё. Сафир факат ухум ухум мегуядва гузориш бади ним соат дар дастатон мешавад...

Комил
Агар фаришта дар хукумат кор кунад шумо айбша миёвен..кандтона бзанен...ба фикрм шаву руз худо гуфта местен ягон коркуни хукумат гунох...

Soleh
A bacha i mardak hamara sharmanda kad ku. Ixali diplomata ay kjo yoften.

И дипломатои Аслов хамихели кор мекардастанд, ки баьд курпачахошона мисли Сафорати мо дар Белгия дар балкон дар боли байрак офтоб мекаданд да.

Хаëл кардай ки онч,о ТЧ, аст, пул аст чи коре хохам мекунам на инхел нест

но комил
ба ҷаноби Комил
Худои нокарда агар ин кора ягон мулло мекард, чи мегуфтед?

туркманистонро ба суди байналмилал додан даркор агар хомуш шинем дигар давлатхо хам ами хел коромона ки сири давлати доран фош кардан мегиран

хаё
Сафорат симои миллат. Инхо миллатро шарманда карданд. Тамоми дунё аз Ютуб инро дид."Боз мугуянд, хич гап не..."

асл
Ин коргарони МИД наметавонанд пурра ба забони модари гап зананд, ачоиб.
Муалима иро ба инобат гиред. Чаро бо ин рафторашон инора пеш намекунанд?

аспи
ВКХ агар дар назди конун шумо рост бошед, кани инхоро хамаашонро аз вазифа сабукдуш кунед. вале у дастдарозро махкама.
Ба фахмиши ман МИД симои миллат аст. Рафтори ино номуси миллатро паст кард.

Бо ин кирдори корманди тагодори намеарзидаги бояд вазир истеьфо дихад мардонавор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)