Бахшҳо

Ислом Каримов ва ташнагии қудрат дар Осиёи Марказӣ

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Хабару овозаҳо дар мавриди беморӣ (ва ҳатто марги) Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон аз дирӯз баҳсеро миёни таҳлилгарон гарм кардааст, ки қудрат дар ин кишвари истротежики Осиёи Марказӣ ба кӣ мерасад?!

Ин бисёр бад аст, ки замоне раисҷумҳури барҳоли як кишвар бемор мешавад, вале таҳлилгарон на аз сарнавишти ӯ, балки аз сарнавишти қудрат нигарон мешаванд. Ба назар мерасад, сарнавишт ва марги раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаи ташнагии қудрат бисёр сахт гиреҳ хӯрдааст. Албатта, ин ҷо Қирғизистон истисност, ки як миқдор аз вобастагӣ ба ташнагии қудрат раҳидааст.

Ташнагии қудрат дар Осиёи Марказӣ аслитарин масъала мебошад. Мешавад гуфт, ки сарчашмаи аслии мушкилоти кишварҳои ин ҳавза ҳамин ташнагии қудрат аст. Беҳтарин сармояҳои инсониву зеҳнӣ ва доштаҳои миллӣ дар ин кишварҳо баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ қурбони ташнагии қудрат шуд. Ҳоло он чи ки дар Узбакистон оғоз шудааст, яъне тақсим ва талоши ба даст овардани қудратси сиёсӣ, метавонад хатароти бисёр густарда барои Узбакистон ва ҳатто тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ дар пай дошта бошад. Ва аз эҳтимол дур нест, ки чунин манзараро мо метавонем дар чунин ҳолатҳо дар ҳар кишвари дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон шоҳид шавем.

Ба назар мерасад, ин дафъа бемории Ислом Каримов ҷиддист, зеро то ин замон бо вуҷуди нашри хабару овозаҳо дар бораи бемории ӯ, давлат ба таври расмӣ аз бемориаш иттилое нашр намекард. Ин маврид бо фарқ аз ҳолоти пешин давлати Узбакистон бемории ӯро расман таъйид кард. Расонаҳои марбут ба мухолифини Узбакистон мегӯянд, ки барои табобати Каримов аз Исроил ва Олмон духтурони ҳирфаӣ даъват шудаанд. Баъзе аз расонаҳои дигар навиштаанд, бар асоси хулосаи табибон масъалаи маргу зиндагии Ислом Каримов дар тайи панҷ рӯз ҳал мешавад. Ин ҳама дар ҳоле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтумонҳо аз марги Ислом Каримов меравад. Вале ҳамагӣ чашминтизори ҳузур пайдо кардани ӯ дар тантанаҳо аз 25–умин солгарди истиқлоли ин кишвар ҳастанд.

Он чи ки баъди хабари бемории Ислом Каримов мавриди таҳлили коршиносон ва расонаҳо қарор гирифтааст, ин аст, ки кӣ метавонад меросбари ӯ дар Узбакистон шавад. Ҳамин гуна манзараро мо метавонем дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон шоҳид шавем. Ҳоло он ки бар асоси қавонини ҳамаи ин кишварҳо дар сурати қабл аз муҳлат аз раёсат канор рафтани раисҷумҳур раиси палатаи болои Маҷлис то замони таъини интихобот ва интихоб шудани раисҷумҳури нав, кишварро идора мекунад. Вале ба далели ин ки масъалаи қудрати сиёсӣ дар минтақа фаротар аз қонун қарор гирифтааст ва тақрибан қонун дар ҳеч маврид ва замони марбут ва соҳибии қудрат муроот нашудааст, бештар сари меросбари қудрат фукас мешавад.

Сарнавишти талхи Туркманбошӣ ва “интиқол”–и ғайриқонунии қудрат ба раисҷумҳури феълии ин кишвар метавонад дар тамоми 3 кишвари дигари минтақа такрор шавад. Ва феълан ҳам таҳлилгароне, ки ба масъалаи меросбари қудрат дар кишвари Узбакистон даст задаанд, ҳамагӣ аз эҳтимол сари ҳукумат расидани нахуствазири ин икшвар Шавкат Мирзиёев ва духтари хурдии Ислом Каримов Лола тахмин мезананд. Ҳол он ки бар асоси Қонуни Асосии Узбакистон дар чунин ҳолот қудратро то замони интихоби раисҷумҳури тоза бояд Юлдошев – раиси Сенати Узбакистон дар даст бигирад. Ин масъала ба андозае ба масъалаи ташнагии қудрат марбут аст, агар ҳам раисҷумҳури ин кишвар (худо накарда) даргузашта бошад, вале то замоне соҳиб ва меросбари қудрат муайян нашавад, марги ӯ эълом нахоҳад шуд.

Манзараи “маргу зиндагӣ”–и Ислом Каримов як мушкили асосии минтақаро ошкор ва аланитар кард, ки қудрати сиёсӣ дар ин кишварҳо на бар қонун, балки ба шахсиятҳо бастагӣ дорад. Ва то замоне, ки қудрат ба шахсиятҳо бастагӣ дорад ва мардуми ин кишварҳо дар инҳисори хостаҳо ва ғурури шахсиятҳо қарор доранд, сарнавишти рӯшане мардумони минтақаро мунтазир нест. Мушкилтарин масъалаи минтақа ҳам ин аст, ки бояд қудратро аз инҳисори шахсиятҳо раҳо кард ва нагузошт, ки қурбонӣ шавад. Чун баъди Инқилоби Фаронса Аврупо аз низомии сиёсии сулолавӣ ё меросӣ будани қудрати сиёсӣ даст кашид ва ба низоми сиёсии мардумӣ (аз роҳи интихобот баргузида шудани роҳбар) пардохту ба пешрафтҳои қобили мулоҳизае даст ёфт. Ин буд, ки ин улгу ва намунаи давлатдориро кишварҳои дигари қораҳои гуногуни ҷаҳон пазируфтанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳам ҳеч таҷрибаи ҳукуматдорӣ аз роҳи интихоботро надоштанд, чунин як тарзи расидан ба қудратро дар қавонини худ пазируфтанд, агарчи ин қавонин на дар ибтидо ва на дар даврони баъдӣ дар дохили низом коро нашуданд. Аммо дар баъзе аз кишварҳо ташнагии қудрат бар қонун ғолиб омад ва дубора низомии сулолавии қудратдорӣ, вале ин бор “аз роҳи қонун” роҳ андохта шуд, ки чизе чуз баргашт ба даврони шахсиятсолорӣ нест. Дар Осиёи Марказӣ ҳам дар тадовуми ин солҳо ҷойи ниҳодсозӣ шахсиятсозӣ шуд ва кор ба ҳадде расид, ки маргу зиндагии ин кишварҳо ба шахсиятҳо вобаста шуд. Ҳоло дар мисоли бемории Ислом Каримов ва талошҳо барои инҳисори қудрат, мо мушоҳида мекунем, ки дар ин ҷуғрофиё касе дар фикри сарнавишти мардум нест ва ҳамагӣ ё масту махмури сарнавишти қудратанд ва ё аз ташнагии қудрат лаб мелесанд. Ва як чиз мушаххас аст, ки шадидтарин ташнаҳо дар дохили хонаводаҳои ҳоким сарҷамъ мебошанд...
Мӯҳр
.............
Ин дар айни пириашам бахси об мекунад, халки худашам безор шидагиай об-об гуфта инсульт нашидаги бошад.

хоҷи
Кирил, Ба ҳама дард даво ҳаст, ба ҷуз пирӣ...

Низоми сиёси чи сулолави бошаду чи мардуми барои мардуми одди фарке надорад, мухим сулху суботи чомеа асту бас. Агар низоми сиёси дар Узбекистонро гирем, хак бар чониби Ислом Каримов, чунки у тавонист дар ин давоми хукмрониаш тинчиву оромии зиёда аз 30 000 000 нафар ахолии кишварашро таъмин намояд, ки ин ба нафъи авзои минтака буд, хаст ва мемонад. Узбекистон ноором мешуд, албата ба дигар кишвархои минтака таъсири манфии худро мерасонд, хушбахтона чунин набуд. Низоми сиёсии сулолави ва ё мардуми ин барои тангназарон бахонае беш нест. Хар як миллат ва ё кавм бояд рохбари ягонаи худро дошта бошад, ба мисли мо точикон. Чунки ин такозои замон аст. Бе рохбар ва ё ПЕШВО миллат туъмаи душманон мегардад, ба мисле, ки "рамаи бечупон туъмаи гургон мегардад". Пешрафти босуръати Точикистонро дар арсаи чахони нодида гирифтан даркор нест. Бояд ба кадри ин пешрафтхо расид, ки хамаи ин аз кордониву аклу идроки рохбари давлатамон ПЕШВОИ миллат Э.Рахмон бар меояд. Сулху субот поянда бод!...

И марди Худо хеч бовар надошт ки Пешвои Мо дар муддати кутохтарин рохи охани Вахдат-Кургонтеппаро мекушояд. Ба фикрам шишта шишта таъсираш кардаст да...

Суфии Фархори "тараккиёти босуръати Точикистон"-ро дар чи медида бошад? Дар босуръат зиёд шудани сафи мухочирони мехнати,камбизоатон,мухточон,гуруснагон,бе
морони бе маблаг барои табобат ё .........?

Гунг.Метро.
Узбекистон 25-_сол пеш истиклолият хост,боз ба дасти Каримов дармонда мустамликаи Каримов гардид.Акнун расо баьд аз 25-соли мустамликаи яккахукмронии И Каримуф,боз аз нав истиклолия эьлон мекунад.Истиклолият ин маротиба аз диктатори мархум.Вакт чунин дакик кардани марги диктаторро ,дар айни чашни истиклолият бехато муайян сохт.Ин шояд дар таьрих хело ачоиб бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)