Бахшҳо
29 авг 2016 16:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Конфронси “Бехатарии сейсмикии Осиёи Марказӣ” дар Душанбе

“Бехатарии сейсмикии Осиёи Марказӣ”. Таҳти ҳамин унвон аз 25 то 27 августи соли 2016 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор шуд. Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳадафи ин конфронсаро таъсиси платформаи ягона оид ба табодули иттилооти илмию амалӣ, баррасии фикру ақидаҳои олимон, коршиносон ва дигар мутахассисон дар соҳаи амнияти сейсмикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, ИМА, Аврупо ва Осиё мегӯяд. Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш 100 донишманд, мутахассис ва корманди муассисаҳои илмию таҳқиқотии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Олмон, Норвегия, Фаронса, Италия, ИМА, Чин, Эрон, Афғонистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд: “Конференсия дар се бахш: мониторинги сейсмикӣ, паст намудани хатари сейсмикӣ барои шаҳрҳои калон ва амнияти силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои куҳӣ гузаронида шуд”.

Манбаъ меафзояд, диққати асосии иштирокчиёни конфронс ба муҳокимаи мушкилоти вазъи мониторинги сейсмикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, табодули таҷрибаи байналмилалии арзёбӣ намудани пасткунии хатари сейсмикӣ барои шаҳрҳои калон ва таъмини амнияти силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ равона карда шуд: “Аз рӯи ҷамъбасти маърӯзаҳо ва муҳокимаҳои фаъол иштирокчиёни конференсия ба ақидаи ягонаи зерин омаданд:
- арзёбии хатари сейсмикӣ ва оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоию иқтисодии заминларзаҳои сахт, инчунин таҳия ва ташкили чорабиниҳои самарабахшат, ки барои коҳиш додани онҳо равона шуданд, мебояд бо истифода аз усулҳои муосири ГИС - технология ва рушди шабакаҳои муосири рақамии пойгоҳҳои сейсмикӣ гузаронида шаванд;
- барқароркунӣ ва рушди мониторинги сейсмикии минтақавӣ ва ҳамкории мутахассисон дар соҳаи сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар навбати аввал барои арзёбии хатарҳои сейсмикӣ ва коҳиш додани онҳо дар ин минтақа аҳамияти муҳим дорад;
- зарур аст, ки дастрасии озод ба маълумоти сейсмологӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таъсиси системаи ягонаи ҷамъ овардан ва коркарди маълумот дар ҳамаи марказҳои сейсмикии минтақаҳо таъмин карда шаванд;
- гузаронидани чорабиниҳо доир ба баланд бардоштани дарки хатарҳои сейсмикӣ ва аз ҷониби аҳолӣ муҳим будани огоҳшавӣ дар масъалаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва мақомоти давлатие, ки барои қабули қарорҳо масъул мебошанд, зарур аст;
- маълумоти таърихӣ ва муоинаҳои сейсмикӣ нишон медиҳанд, ки дар силсиланеругоҳҳои барқи обии минтақаи дарёи Вахш дар 500 соли охир заминларзаҳо бо иқтидори 6 балл аз рӯи ҷадвали MSK-64 рӯй надодаанд. Бинобар ҳамин сохтмони силсиланеругоҳҳои барқи обӣ новобаста ба баландии сарбанди об ҳангоми риояи стандартҳои байналмилалии сохтмонӣ аз сатҳи муқаррарии хатари сейсмикӣ баланд намебошад”.

Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, иштирокчиёни конфронс пешниҳодҳои зеринро мувофиқи мақсад донистанд:
- ба муттаҳидии кӯшишҳои олимон ва мутахассисон оид ба табодули маълумоти сейсмикӣ ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам бо марказҳои байналмилалӣ бо мақсади кам намудани хатар аз заминларзаҳои эҳтимолии маҳаллӣ ва наздисарҳадӣ мусоидат карда шавад;
- корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ба пешбинии оқибатҳои заминларзаҳои сахт ва ташкили чорабиниҳои самарабахш оид ба кам кардани зарарҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дастгирӣ карда шаванд;
- барои татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, ки ҷиҳати таъмини амнияти аҳолӣ аз заминҷунбӣ, арзёбӣ ва паст намудани хатари сейсмикӣ барои шаҳру ноҳияҳои гуногуни Осиёи Марказӣ мусоидат карда шавад;
- дар самти мубодилаи наздисарҳадии иттилоот оид ба масъалаҳои саҳои фавқулодда (аз ҷумла тағйирёбии ҷаҳонии иқлим) сиёсати ҳамгиро коркард шавад;
- барои таъсис додани марказҳои минтақавии ҷамъоварӣ, ҳифз ва табодули иттилоот мусоидат карда шавад;
- барои оҷилан ҷорӣ намудани системаи мониторинги сейсмикӣ дар минтақаҳои пайдошавии зилзилаҳои сахт мусоидат карда шавад;
- дар асоси натиҷаҳои илмии бадастовардашуда ба диққати шахсони қабулкунандаи қарорҳо ва аҳолии минтақа расонида шавад, ки ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва истифодаи онҳо хатар таҳдид намекунад;
- натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии олимон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар амалияи тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, сохтмонӣ ва дигар ташкилотҳо, ки дар ин самт фаъолият доранд, истифода карда шаванд;
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)