Бахшҳо

Президент лентаи рамзии бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бурид

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 барои бунёди ин иншоот санги асос гузошта буд ва корҳо аз моҳи июни соли 2012 оғоз шуд. Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва пудратчӣ ширкати “Сур-саф” мебошад: “Барои бунёди иншооти мазкур 50 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бинои таълимӣ аз 3 иморати 5 ошёна иборат мебошад ва барои 1072 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст”.

Ба иттилои манбаъ, масоҳати умумии бинои нав 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва барои таҳсили донишҷӯён дар шароити муосир басо созгор аст. Дар таҳхона ошхона бо 280 ҷойи нишаст, 5 адад озмоишгоҳи химия, физика ва биология сохта шудааст: “Дар бинои нав толори варзишӣ бо 195 ҷой барои тамошобин, 3 утоқи лингофонӣ бо 50 ҷой, толори машваратӣ бо 20 ҷой, озмоишгоҳи криминалӣ, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, маркази матбуотӣ бо студияи радио ва телевизион, аудиторияҳо бо 280 ҷой, 2 синфхонаи компютерӣ бо 70 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи панҷум китобхонаи электронӣ бо 50 ҷой мавҷуд аст”.

Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон яке аз калонтарин донишгоҳҳои кишвар ба шумор рафта, соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар донишгоҳ аз рӯйи 18 равияи бакалавриат, 11 равияи таълимии магистратура зиёда аз 20 барномаи магистрӣ, 2 равияи докторантура ва 3 равияи аспирантура фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-тадқиқот бурда мешавад. То имрӯз ин донишгоҳро беш аз 20 ҳазор нафар хатм кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ дар расми баҳрабардорӣ аз ин муассисаи таълимӣ Русияро шарики муҳими иқтисодии Тоҷикистон хонда, гуфтааст, дар низоми робитаҳои иқтисодии хориҷии кишвар мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Ба гуфтаи Президент, гуфтааст, “мо ба сармояи Русия зарурат дорем ва дар ҷалби он ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳавасмандем”.
Мӯҳр
Дар хакикат ПЕШВО-и миллат дар рушди маориф ва илм диккати чидди дода, сатхи пешрафти хар як чомеаро дар бурду бохти ин соха мепиндорад. Дар тули 25 соли ИСТИКЛОЛИЯТ махз бо дастгирии ПЕШВО хазорон нафар чавонони точик муассисахои олии хоричи кишварро хатм карда, дар пешрафти сохахои хочагии халки кишварамон сахми беандозаи худро гузошта истодаанд. Чи кадар хонандагон дар олимпиадахои фании сатхи чахони иштирок во сохиби чойхои ифтихори гаштаанд. Мисолхо хеле зиёданд, ки хамаи ин пешрафтхо боиси ифтихори миллати сарбаланди точикон аст. Хозира кушодашавии даргохи илму маърифат, заррае аз дастовархо ба шумор меравад. Пешравихо дар ин соха ва дигар сохахо махсус бо супориши бевоситаи ПЕШВОИ миллат идома дорад...

Кайчи
Суфии фархори,
Ура -ура - ура!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)