Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 22 июл 2017, 03:39

Спартакиадаи донишҷӯёни Тоҷикистон оғоз ёфт

20 май 2011, 11:42

Дар Душанбе спартакиадаи варзишӣ миёни ҷавонон ва донишҷӯён оғоз гардид.

Тибқи иттилои расида, ин чорабинии варзишӣ бо ибтикори кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ доир мешавад. Дар маросими расмии ифтитоҳи он Маликшо Неъматов суханронӣ карда гуфт, спартакиада аз рӯйи 12 намуди варзиш ба монанди футбол, волейбол, баскетбол, теннис, чавгонбозӣ, шашка, шоҳмот, варзиши сабук, якҳарбаи шарқӣ ва  намудҳои  гӯштин сурат мегирад. Ҷавонони варзишгар аз  донишкадаи тарбияи чисмонӣ, донишкадаи забонҳо, донишгоҳҳои миллӣ, аграрӣ, тиббӣ, донишкадаи иқтисодӣ ва коллеҷи  тарбияи ҷисмонӣ  байни ҳам рақобат мекунанд. Ҳамзамон, аз ҷониби раёсати донишкадаи варзиш ва кумитаи ҷавонон  барои  мусоидат дар  рушди сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, собиқадорони соҳа ва донишҷӯ-варзишгароне, ки  натиҷаҳои хуби варзишӣ  доранд,   бо сипоснома     қадрдонӣ   шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!