Бахшҳо

Шаҳрдорӣ: Интиқоли қувваи барқ ва оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

Тибқи иттилое, ки ахиран аз дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» расид, бо сабаби иваз кардани таҷҳизотҳои марбута интиқоли барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков» ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ -Ғарбӣ» муваққатан қатъ карда мешавад.


Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт зимни ташреҳи ин хабар гуфт, ҳукумати Душанбе муроҷиати Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»-ро баррасӣ намуда, ҷиҳати муваққатан қатъ намудани интиқоли қувваи барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков» ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ-Ғарбӣ» иҷозат дод.

Манбаъ афзуд, дар дар ҷараёни гузаронидани корҳои васлкунии зеристгоҳи навбунёд дар шаҳраки Гипрозем аз ҷониби Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе интиқоли қувваи барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков» ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва мувофиқан интиқоли оби нўшокӣ аз «Истгоҳи обтозакунии Ҷанубӣ-Ғарбӣ» аз соати 9-00 то соати 11-00 рўзи 25 ноябри соли 2011 қатъ карда мешавад.

Ҳамин тавр, сарвари корхонаи «Шабакаҳои  барқии шаҳри Душанбе» Аттоев С.К. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. муваззаф шудаанд, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ҷиҳати муваққатан қатъ намудани интиқоли қувваи барқ дар самти кўчаҳои Гипрозем, Нахимов, Навбаҳор, маҳаллаи Пахтакор, шаҳраки ҳарбиён ва интиқоли оби нўшокӣ дар шаҳракҳои 52, 53, 43, 65, 44, 24, 25, кўчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 82, 83, 84, 103, 104, кўчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврўз, Ҳаёти Нав, Конститутсияи ноҳияи Сино эълон пахш намоянд. Аз сокинони маҳаллаю кўчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нўшокиро захира намоянд.

Раисони ноҳияҳои Сино-Сафаров З.А., Фирдавсӣ-Алиев С.А. ва директори КВД «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи қатъи интиқоли оби нўшокӣ, бо  истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нўшокӣ таъмин намоянд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)