Бахшҳо

Чаро бархе донишмандон расули Худоро таҳқир мекунанд?

Далер Шарифов

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қиммати санг наафзояду зар кам нашавад.
(Саъдӣ Шерозӣ)


Таҳқиру таҳвини дин ва донишмандони исломӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин авохир “муд” шудааст. Бархеҳо ҳатто пайғомбари Худоро таҳқир намуда, ӯро дар беадабиву бадахлоқӣ муттаҳам мекунанд. Одамони огоҳ медонанд, ки ин ҳарфҳо ҳеч ҳақиқате надоранд. Гузашта аз ин қонунгузории Тоҷикистон тавҳин ва таҳқири динҳо ё пайравони онҳоро манъ карда, ҷазо пешбинӣ кардааст. Вақтҳои охир дар бораи тибқи банди “барангехтани кинаву адовати диннӣ, миллӣ ва маҳаллӣ” боздошту пушти панҷара рафтани бисёриҳо шунидаем, аммо чаро онҳое, ки дини Худо ва расули ӯро таҳқир мекунанд, хеле роҳатанд?

Динситезон иқрор мекунанд, ки ба Худо ва шариати Муҳаммад (с) эмону эътиқод надоранд. Аз ин рӯ барои онҳо аз Қуръони карим, ки донишмандони саршинос онро китоби ҷовидонаву бузург эътироф мекунад, овардани далелҳо дар бораи пайёмбар ва ахлоқи бузургии ӯ мантиқӣ ба назар намерасад. Шояд ин тоифа ҳеч як аз татқиқоту навишта ва садҳо китоби марбут ба расули Худоро варақ назадаанд. Аммо бовар накарданист, ки онҳо суханҳои ҳамкешони гузаштаи худ дар мавриди ахлоқ, рафтор, гуфтор ва кирдори бемисли Муҳаммад (с) ва мактаби бузурги иҷтимоиву сиёсии ӯро нахонда бошанд. Имкон надорад, ки аз андешаи Алфонс Де Хамартин, Хюстин Смит, Херберт Ҷорҷ Велҷ, Ҳанри Массе, Ирвинг, Борталме Сен Хилёрд, Ҷон Ди Финорт, Хеберт Вил, Ҷавоҳир Лаъл Неҳру, Ҷорҷ Бернард Шоу, Карл Маркс, Аня Бисант, Эдуард Гебин, Монте, Ҳегел, Вилли Дурант, Пер Симон Лапалс, Лев Толстой, Реналд Ален Николсон, Перси Сайкес, Фелкид, Густов Лобон, Гёте, Ҷон Де Фин Рот, Луи Томас, Хенсиё Далбир ва даҳҳои дигар, ки ба ҳастии Худои якто бовар надоштанд, вале дар бораи Муҳаммад (с), ахлоқ ва шариати ӯ бо эҳтиром, воқеъбинона ва ҷавонмардона гуфтаанд, огоҳ набошанд.

Ҷон Де Фин Рот мегӯяд: “Муҳаммад аз бузургтарин хайрхоҳони башар аст ва зуҳури ӯ нишонаи яке аз олитарин ақлҳо мебошад”. Лев Толстой, нависандаи машҳури рус навиштааст: “Ҷойи шаку шубҳа нест, ки пайёмбари Ислом аз бузургони муслиҳини дунё аст, он ҳам муслиҳе, ки ба башарият хидмати бузурге кардааст”. Андешаи Пер Симон Лаплас чунин аст: “Гарчи мо ба динҳои осмонӣ ақида надорем, вале ойини ҳазрати Муҳаммад (с) ва таълимоти ӯ ду намунаи иҷтимоӣ барои зиндагии башарият аст, бинобар ин эътироф мекунем, ки зуҳури дини ӯ ва аҳкоми хирадмандонааш бузург ва бо арзиш мебошад ва ба ҳамин ҷиҳат аз пазириши таълимоти ҳазрати Муҳаммад бениёз нестем”.

Ҷорҷ Бернард Шоу гуфтааст: “...ман мӯътақидам, ки агар марде монанди пайёмбари Ислом фармонравоии мутаалиқи ҷаҳони асри ҷадидро ба даст гирад, чунон тавфиқе дар ҳалли масоили ҷаҳон хоҳад ёфт, ки сулҳу саодатеро ки башар ба шиддат ба он эҳтиёҷ дорад, таъмин хоҳад кард”. Хербер Ҷорч Вел навиштааст: “Ислом танҳо дине аст, ки ҳар башари шарофатманд метавонад бо доштани он ифтихор варзад...”. Аня Бистан: “Ғайри мумкин аст, ки касе зиндагӣ ва шахсияти паёмбари бузургро мутолиа кунад ва ӯро такрим накунад...”

Чунин мисолҳоро зиёд мешавад овард, аммо ҳоло бо ҳамин иктифо мекунем. Тавре ишора рафт, аксари ин мутаффакирон ба Худо бовар надоранд, аммо дар баҳогузорӣ аз ҳадди эътидол нагузашта, воқеъиятро эътироф кардаанд. Андешаи бархе аз донишмандони тоҷикро хонда, баъзан гумон мекунед, ки онҳо мубталои бемории равоние ҳастанд ва бояд табобат шаванд.

Ҳама медонанд, ки бо ҳарфу андешаи онҳо ҷойгоҳ ва шарофту қадосати пайёмбарони Худо ва орифону донишмандони ростин газанде намебинанд. Таърихи башарият чунин инсонҳоро зиёд дидааст ва боз зиёд хоҳад дид. Беҳтар аст, онҳо донишҳои андухтаи худро дар роҳи саодат ва хушбахтии мардум ва миллати азизамон сарф кунанд...
Мӯҳр
Ҳоҷӣ
Мутаассифона, дар ин мақола ба ҷуз умумигуӣ чизе нест. Кадом донишмандони тоҷик ин ҷо дар назаранд, гуфта нашудааст ва ҳадафи муаллиф низ чист маълум нест. Агар ӯ бузургии Паёмбари исломро(с) гуфтанӣ бошад, мо инро бе ӯ ҳам медонем ва Паёмабар (с) ниёз ба он надорад,ки бузургии ӯро таъкид кунанд.

адиб
боваркун мести мести як чизо менависи ки тамоман нофахмохай тура чию хами гапо чи худои хута гу

Бисёр суханони бамаврид. Баъзе нафарон албатта бо мақсадҳои ғаразноки худ ҳар гуна суханон нисбати дини Ислом мезананд, аммо набояд фаромуш кард, ки ба Ислом беш аз 1 миллиард нафар эътиқод доранд ва фикри 10-20 нафар вазифаталабон заррае, ҳам ба он таъсир намерасонад.

Аҳсан
Офарин Далер. Ҳамаи суханҳот мушаххас ва ҳадафрас аст. Онҳое ки аз асли уазия огоҳ нестанд, фикр мекунанд ки умумигуи аст, аммо барои огоҳон хеле матлаби ҷолиб аст. Муште бар даҳони ҳарзагуёни мутаассифи ифротии дунёпараст бо номи дунявиҳо аст.

ҳизбӣ
Аввалан, муаллиф бояд ном мебурд, ки кадом олимон ва донишмандон, дар куҷо, кай ба дину эътиқоди мусулмонон расидаанд.
Сониан, ҷои "разбор" ВАО нест, балки додгоҳ аст. Анар ба ҳиссиёти диннии шумо касе расидааст, равед ба мақомот муроҷиат кунеду ба додноҳ равед.
Солисан, агар нафаре фикри худро дар бораи ин ё он шахси таърихӣ иброз доштааст ва шумо аз он хушатон намеояду бо ӯ тавони баҳсро надоред, бояд маҳкум ва муҷозот шавад?
Ақоиди диннӣ ва фалсафаи динӣ, ки онро шумо ҳамчун "мутлақ" қабул доред, маънии онро надорад, ки дигарҳо ҳам онро бояд бе чуну чаро қабул кунанд.
Ҷои таассуф ва ҳайрат аст, ки дигар халқу миллатҳо дар фикри дарки коинот ва фатҳи саёраҳоянд, мо бошем ҳанӯз паси ришу сатру зану баҳсҳои бемантиқу асримиёнагӣ гаштем.

dar tojikiston in guna toifa nest.agar boshand musalmon nestand.

Сорбонхон
Бо хами бача сар кад "доногира". Агар сухани олимои "тахкиргар" ба обруи паёмбар латма назанд, чи сарта гаранг кадеси , бра 5 вакт намозта бхону кори худата када гащтан гир...медунмт худат ки хасти...

Роҳнамо
Дурст ва воқеият аст

Али
Гуфтаи муаллиф баҷо ва мантиқона аст! Бисёр мавзӯи муҳимро интихоб кардааст! Агарчи бисёриҳо намедонанд ки инҷо муаллиф киҳоро дар назар дорад аммо мо хуб медонем!! Дар охир боз ҳам ташаккур ба муаллиф!!!

Точик
Ташаккур ба муаллиф

Чанд рӯз пеш дар Душанбе Ҳафиз Бобоёров дар як мақола паёмбари исломро бадахлоқ хонда буд, ман фикр мекунам ки ҳадафи муаллиф ҳамин аст.

Бародарони гиромӣ барои ин мақоларо дарк кардан ба шабакаи иҷтимоъии Facebook назар афканед. Аниқтараф навиштаҳои Hafiz Boboyorov-ро мутолиа кунед.

Хофиз
Окои Далер, Саъдии Шерози "кимат" гуфтааст, на "киммат". Китоб хондан даркор кам-кам.

Абдурахман
Офарин Далер!...
Офарин "Озодагон"!!!-барои чопи Ин мааолаи нек!!!

Ман мехоҳам донам кадом донишманди тоҷикро Шумо дар назар доред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)