Бахшҳо

«Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» дар Оби Гарм

Дар нишасти машваратии муаллифони лоиҳаҳои беҳтарини Анҷумани «Ҷавонони рақамии  Осиёи Марказӣ» (DYCA), ки рӯзҳои 14-16 ноябри соли 2011 дар осоишгоҳи «Сароб» (Хоҷа Оби Гарм) баргузор шуд, 25 ғояву лоиҳаҳо аз ҷониби ҷавонон пешниҳод гашт.


Сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» Талъат Нӯъмонов гуфт, ки тасмим доранд барои пешбурди 25 ғояву лоиҳаи пешниҳодкардаи ҷавонон ҳамаҷониба мусоидат кунанд. Ба гуфтаи ў дар ҷараёни ҳамоиши мазкур он лоиҳаҳое мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки барои ҳалли масоили мубрами иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ гардидаанд. «Аз ҷумла, 6 лоиҳаи дорои аҳамияти ҷамъиятӣ бо дастгирии коршиносон такмил дода шуданд, ки имкони амалисозии минбаъдаи онҳоро бамаротиб меафзояд», иброз дошт Т. Нӯъмонов.

Нишасти мазкур идомаи чорабиниҳои Анҷумани чаҳоруми минтақавии «Ҷавонони рақамии  Осиёи Марказӣ» (DYCA) буд, ки 12-13 ноябри соли 2011 дар Филиали ДДМ ба номи М.В.Ломоносови ш. Душанбе доир гардид. Дар он беш аз 150 нафар  мутахассисони ҷавони бахши фанновариҳо ва барномаҳои иттилоотию иртиботӣ, Интернети мобилӣ, ороишгарону тарроҳон ва моликони сомонаҳо, устодони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон, иқтисодшиносон ва рӯзноманигорон аз  Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, инчунин Эрон ва ИМА ширкат варзиданд.

Ёдрас мешавем, ки дар нишасти қаблӣ ҳайати ҳакамон муаллифони 6 лоиҳаи беҳтаринро муайян сохт: ду ҷойи аввалро сокини шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Мақсудов бо тарҷумони худкор аз забонҳои ғайр ба забони тоҷикӣ дар Интернет ва намояндагон аз Душанбе Шоҳрух Давлатов ва Қобил Ҳақназаров бо барномаи компутерӣ барои донишҷӯён ва устодони риёзӣ соҳиб гардиданд. Ҷойҳои дуюмро низоми таълими фосилавӣ (донишгоҳи электронӣ, муаллиф - Ҷамшед Шарифов аз Хуҷанд) ва лоиҳаи «Ёвари электронӣ» барои одамони имконияташон маҳдуд (маҳсули гурӯҳи муаллифон аз Душанбе - Бахтиёр Ғайбуллоев, Довуд Раҷабов ва Эраҷ Шеров) ба даст оварданд. Лоиҳаҳои телевизиони «Илм ва маориф» дар заминаи донишгоҳ (муаллиф - Шаҳло Носирова аз Душанбе) ва сарчашмаи таъмини механикии барқ ба телефонҳои дастӣ (маҳсули Қиёмиддин Муҳаммадшарифӣ аз Душанбе) ба дарёфти ду ҷойи сеюм ноил гардиданд.

Анҷуман бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ташкил ва баргузории он Филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе, ширкати Вавилон-Т ва Вавилон-М, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI», ҶММ «Промоушн», Ширкати Dr. Web ва Филиали «Интернюс Нетуорк Инк» дар Тоҷикистон мусоидат карданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)