Бахшҳо

(ВИДЕО) Чаро Гулнора Каримова дар ҷанозаи падараш набуд?

Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар маросими видоъ бо падараш ҳузур надошт. Баъди нашри аксу наворҳо аз ин маросим, ки 3 сентябр доир гардид, дар расонаҳо баҳси дар куҷо будани Гулнора гарм шуд. На хонаводаи Ислом Каримов ва на мақомоти расмии Узбакистон дар ин маврид ҳанӯз шарҳе надодаанд.

Бархе расонаҳо менависанд, Гулнора Каримова аз соли 2014 ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Хабари хабси хонагии ӯ баъди он расонаӣ шуда буд, ки Гулнора дар шабакаҳои иҷтимоӣ модар, хоҳараш Лола ва раҳбари хадамоти амниятии Узбакистонро танқид кард.

Хабаргузории “Фарғона” навиштааст, ҳанӯз Гулнора ҳамроҳ бо писараш Имон дар ҳабси хонагӣ буда, ҳатто ба интернет дастрасӣ надорад. Писари калонии Гулнора -- Ислом Каримови хурдӣ дар Лондон зиндагӣ мекунад ва бино ба иттилои расонаҳо дар ҷанозаи бобояш иштирок надоштааст. Ба тахмини пойгоҳи хабарии “Фарғона” бо ду далел Ислом Каримови хурдӣ дар ҷанозаи бобояш ширкат накардааст: “Ё ӯ аз бобояш барои корҳои бо модараш суратгирифта ранҷидааст ё ин ки ӯро нагузоштаанд ширкат бикунад”.

Гулнора Каримова ки духтари дӯстори Каримов гуфта мешуд аз поёни соли 2013 гирифтори мушкилот шуд ва расонаҳо дар мавриди ӯ хабарҳои зидду нақизе нашр мекарданд. Аз ҷумла мегуфтанд, сабаби ба ҳабс кашидани ӯ ин аст, ки вай муқобили падарш тавтеъа омода мекунад ва мехоҳад ба ҷойи падараш писари тағояш Акбар Абдуллоевро ба раёсати курсии раҳбарии Узбакистон биоварад. “Вақте Рустам Иноятов, раиси хадамоти амният ин иттилоъро ба Ислом Каримов мерасонад, ӯ хиёнати духтарашро нодида гирифта наметавонад”,-навиштааст пойгоҳи zanoza.kg.

Ба иддаои торнамои мазкур, дастури ҳасби хонагии Гулнораро худи Каримов додааст.

Расонаҳои ғарбӣ Гулнора Каримоваро яке аз пояҳои муқтадири фасод дар Узбакистон ва ҳукумати Ислом Каримов медонистанд. Расонаҳои маъруфи ғарбӣ сари ҳар вақт дороиҳои ӯро ҳисобу китоб мекарданд ва дар ҳамин рӯзҳои ахир, баъди марги падараш нашри “Ню-Йорктаймз” низ бори дигар рӯйхати дороиҳои Гулнора Каримоваро дар хориҷ аз Узбакситон нашр намуд.

Соли 2014 Бӣ-бӣ-Сӣ навореро нашр намуда буд, ки дар он Гулнора мегуфт ба ӯ “бадтар аз саг муносибат” мекунанд. Дар ин сабт ҳамчунин Гулнора гуфта буд, ба ёрии оҷили тиббӣ ниёз дорад.

Гулнора Каримова то оғози моҷарояш яке аз сарватмандони маъруфи Узбакистон буд, ки бо дипломи донишгоҳи Ҳарвард аз ҷумлаи овозхонҳо ва модели варзида дар Узбакистон дониста мешуд. Дар ин авохир дар интернет суруде ҳам нашр шуд, ки гуфта мешавад, онро Гулнора дар бораи Ислом Каримов сароидааст. Аммо коршиносон мегӯянд, ин таронаро духтари президент чанд сол қабл иҷро намуда буд, танҳо онро дар ин авохир клип карда, нашр кардаанд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)