Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июл 2017, 11:39

Коршиносон: Ҷануби Тоҷикистонро қиматӣ таҳдид кардан дорад

24 ноябр 2011, 03:30

Дар пайи таркиш, ки шаби 17 –уми ноябр дар роҳи оҳани Тирмиз – Қӯрғонтеппа ба вуқўъ пайваст додугирифти мол тавассути роҳи оҳан бо ҷануби Тоҷикистон қатъ гардидаст.


Тибқи иттилоъ, аллакай беш аз 270 вагони самти вилоти Хатлон дар ҳудуди Ўзбакистон бозмондаанд. Ба гуфтаи масъулини роҳи оҳани Ўзбакистон сарфи назар аз қатъи ҳаракати қатораҳо ба ҷануби Тоҷикистон, ҷониби Ўзбакистон қабули вагонҳоро ба ин самт идома дода истодааст, ки танҳо давоми 5 рўзи баъди таркиш шумораашон ба 270 адад расидааст. Масъулини роҳи оҳани Ўзбакистон  бо пахши изҳороти расмӣ омодагиашонро барои интиқоли ин  вагонҳо, ки  маҳсулоти ниёзи аввал аз ҷумлаи орду гандум ва сўзишвориро доранд,  тавассути гузаргоҳи Қудуқлӣ изҳор доштаанд.

Ҳамзамон, масъулини роҳи оҳани Тоҷикистон мегўянд дар сурати идомаи вазъ ночор пешниҳоди ўзбакҳоро қабул намуда, вагонҳои самти вилояти Хатлон ба роҳи оҳани самти Душанбе интиқол дода мешаванд ва аз ин ҷо аллакай ба воситаи ҳамлу нақли дигар, аз ҷумла мошинҳо ба ҷануби кишвар равона хоҳанд шуд.Коршиносони масоили иқтисодии тоҷик мегўянд, тавассути роҳи оҳани самти Душанбе интиқол додани молу маҳсулотро ба ҷануби кишвар, боиси гаронишавӣ дар бозорҳои ин минтақа мегардад, зеро хароҷоти интиқол афзоиш хоҳад ёфт. Истифодаи мошинҳо зимни интиқол, дар шароити ҳозира, ки сўзишворӣ бемайлон гарон шуда истодааст, молҳои дигарро ҳам қиммат мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!