Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:07

Истеҳсоли сангҳои ороишӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

24 ноябр 2011, 07:00

Тайи 10 моҳи ахири соли равон дар Тоҷикистон 10,7 ҳазор м2 тахтасанг истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6 ҳазор м2 афзоиш ёфтааст.


Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, айни ҳол дар Тоҷикистон 6 корхонаи истихроҷу коркарди сангҳои ороишӣ фаъолият доранд. ҶСП «Мармари Зарафшон», ҶДММ «Хорои Хуҷанд», ҶДММ «Зинат», ҶДММ «Табошар мармар», ҶДММ «Тоҷикмармар», ҶДММ «Сангҳои ороишӣ» аз қабили ин корхонаҳое мебошанд, ки ба истеҳсоли масолеҳи ороишӣ ба монанди тахтасанг, санги мазор, раввора, панҷара ва  сутунҳои теғакардашуда машғуланд.

Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки аз корхонаҳои коркарди санг фаъолияти ҶДММ «Хорои Хуҷанд» нисбат ба дигар корхонаҳо беҳтар буда, шумораи коргарону мутахассисонашро 150 нафар ташкил менамояд. Корхонаи мазкур имсол 3,9 ҳазор м2 тахтасанг истеҳсол намуда, суръати афзоишро 161,3% таъмин намудааст. Корхонаи «Ҷобири Собир» бошад, феълан дастгоҳҳои ҳозиразамонро харидорӣ намуда, ният дорад, онҳоро насб намояду бо истифода аз конҳои оҳак санги мармаршуда ва истеҳсоли диаг намуди сангҳои ороиширо ба роҳ монад. Гуфтанист, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои коркарди санг беш аз 85 ҳазор м2 тахтасанг ва дигар маҳсулоти ороиширо ташкил дода, имконияти таъмини эҳтиёҷи муштариёнро доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!