Бахшҳо

Ҷӯрабек Мурод: Ҳар чӣ мегӯянд, аммо оши палов тоҷикист (ВИДЕО)

Ҷӯрабек Мурод, ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ дар пасманзари баҳсҳо атрофи оши палав гуфт, ин ғизо моли тоҷикон буда, онро бори нахуст Абуалӣ ибни Сино омода кардааст.

Ҷурабек Мурод, ин нуктаро дар як маҳфил иброз дошта, афзуд, ки атрофи оши палов ҳар хел гапҳо мегӯянд: “Аммо ошпазҳо бояд донанд, ки ин навъи таомро Сино омода карда он тоҷикист”.

Ӯ шарҳ дод, ки “О-об, Ш-шолӣ, П-пиёз, А-аёз, Л-лаҳм, О-оташ, В-вед” будааст. Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ошпазҳо тавсия дод, дар ҳар куҷое-хоҳ Русия, хоҳ Узбакисон ва ё ҷойи дигар, ки ош пазанд, бигӯянд оши палав тоҷикист: “Абӯалӣ ибни Сино ош паловро омода кардааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Узбакистон нахустин шуда ба ЮНЕСКО дархост дода буд, то оши палавро ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии Идораи илму фарҳанги СММ шомил кунад. Тоҷикистон низ бо чунин дархост ба ин ниҳоди байналмилалӣ муроҷиат кард, ки баҳсҳои гармро дар расонаҳои интернетиву иҷтимоӣ ба миён овард.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар мавриди оқибатҳои “кашмакаш” барои “Оши палав”, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон онро ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд, гуфта буд, ки ЮНЕСКО метавонад, пешниҳоди ҳар ду ҷонибро қабул кунад. Вазири тоҷик қайд намуд, ки ҳарчанд Узбакистон “Оши палав”-ро пештар пешниҳод кардааст, вале ин муҳим нест ва “Юнеско” метавонад аз номи 2, 10 ва ё 12 кишвар, инро қабул кунад: “Қаблан рӯзноманигорони муҳтарам масъалаи ҷашни чавгонро бардоштанд ки чаро дигарон пешдастӣ кардаанд? Ба наздикӣ дар Ереван дар як сафари корӣ доштам ва ҳамон ҷо як мутаххасиси хеле баландпоя аз Эрон гуфт, “ЮНЕСКО” ташкилотест, ки кишварҳоро ба дӯстӣ меоварад. Ин ҷо муҳим нест, ки аз нигоҳи хронологӣ Шумо пешдастед ё дигар, муҳим нест, ки кӣ пештар пешниҳод кардааст. Муҳим рамзи дӯстӣ аст, мардумро ба ҳам овардан аст. Бояд заминаҳои дӯстияшро ба кор барем. Агар пешниҳоди Узбакистон дар мавриди “Оши палав” қабул шуд, Тоҷикистон бо он ҳамроҳ мешавад, ки мо ҳам дорем. Мисол Наврӯзро, ки Эрон ташаббускор шуд ва мо ҳам шомил астем. Мо ба Конвенсия тағййрот ворид мекунем, ки аввал пешниҳод кардан муҳим набошад”.
Мӯҳр
у
Шояд хамин хел бошад, лекин аз бехунарии точикон бошад, дар тамоми дуне ин таомро оши узбаки меноманд.

Калимаи ош сирф тоҷикӣ аст. Вай решаи калимаи "ошомидан" аст, яъне хӯрдан. Ба забони форсии иронӣ оби нӯшокие, ки мо мегӯем, "оби ошомиданӣ" мегӯянд. Ӯзбакҳо аз калимаи "ош" ягон калимаи ҳосила надоранд. Фақат ҳамин асту тамом. Дар муқоиса мо ин тавр мегӯем: "оши бурида, оши туппа, оши палав". Тавре мебинем ин хӯрок бо пуррагӣ "оши палав" ном дошта, мо кӯтоҳтар карда, фақат қисми "ош"и онро ба забон мегирем.
Дар урфият мегӯянд, "ба номи киву ба коми кӣ". Яъне "ош"ро кӣ ихтиро кардаасту кӣ соҳиб шудааст! Ош ягона хӯроке нест, ки ӯзбакҳо ғасб кардаанд. Аз ҷумла самбуса (узбак "сомса" гӯяд), шӯрбо (шӯрва), мастоба (мастава), манту (манти),суманак ё саманак (сумалак), ҳалво (холва) ҳама таомҳои тоҷикианд. Яке аз дӯстдоштатарин ширинии ӯзбако "холвайтар" аст, ки субҳона пеши меҳмони азиз гузошта мешавад. Тавре мебинед, он ширинӣ "ҳалвои тар" аст, ки дар баъзе минтақаҳои ҶТ ҳануз ҳам маъмул аст.
Акнун худ қазоват кунед, ки чӣ таоме ба ҳамсоя боқӣ мемонад? Беҳуда нагуфтаанд, "Дузди зӯр соҳиби говро бастааст!"
Бояд қайд гардад, ки калимаҳои тоҷикии "намакоб, сартарош"ро бародарони узбак ҳануз ҳам тарҷума карда наметавонанд ва ба ҳамин шакл истифода мекунанд.

Салим
Хамин худи калима, ки точикист, дар мавриди моли кй буданаш чойи бахс набояд бошад.

Точик
Хамин оша капидед-дия. Наход одами боакл биринчро дар равган пухта хурад. Ин хуроки миллии мо нест, чунки хуроки зараровар аст. Ин хурок хуроки кучманчихост.

Devona
Точик,
HUdi tu zararovari!!! "oshi palav(palab) , shurbo (shurpa ne), mastoba(mastava ne), man(u) tu (manti ne), atlasjon, tamomi urfu odathoi mardumi Samarkandu Buhoro in moli tojik ast, tojiki ast! Hamai pastzanihoi tojik dar rusijo niz kori dasti bahilonu tojikbadbinon ast, namehohand,ki 15 mln. tojiki uzbakiston rohat, bo vikor hudro tojik guyand...

Хаваскор
Ба ин чо нигаред

https://golibus.livejournal.com/117912.html

Оши точикии бухорои

https://golibus.livejournal.com/117912.html

кулоби
устод садсола шавед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)