Бахшҳо

Абдуссалом Одиназода: Муҳлат доданд, то гум шавам

Абдуссалом Одиназода, донишманд ва пизишки тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Амрико, Шветсия ва Австралия корҳои илмӣ ва пажуҳишӣ кардааст, бо ҳадафи кору зиндагӣ ба Тоҷикистон баргашт, аммо ахиран маҷбур шуд, дубора аз ватан берун шавад. Дирӯз, 22 сентябр ӯ Дубайро ба қасди Австралия тарк кард. Ҷаноби Одиназода қабл аз парвоз бо “Озодагон” суҳбати кутоҳе анҷом дод.

Озодагон: Шумо шаҳрвандии Австралияро доред, на?

Абдуссалом Одиназода:
Бале

Озодагон: Ҳоло барои зиндагӣ онҷо меравед?

Абдуссалом Одиназода:
Дуруст аст. Баъд аз он тасмим хоҳам гириф чӣ кор бояд кунам. Аз Донишгоҳи Қазоқистон пешниҳоди кор дорам, профессорӣ. Дар Покистон хам ҷойи кор ҳаст барои профессори биохимия. Метавонистам аз тариқи шахсе ба президентамон мустақим муроҷиат кунам ва дар Тоҷикистон як тарҳи биотехнологӣ ва ё ташхиси пизишкӣ роҳандозӣ кунам. Имконият зиёд аст. Аммо аввал бояд ҳама чизро ҳазм бикунам.

Озодагон: Шунидам, Шуморо аз Тоҷикистон депорт кардаанд. Оё ин гап дуруст аст?

Абдуссалом Одиназода:
Бале. Муҳлат доданд, то гум шавам. Ташкилоти илмӣ-пизишкие мехост моро ба кор бигирад, аммо раводиди ман рад шуд. Касе хабар дод, ки ман “дар рӯйхати одамони мамнӯъ” ҳастам.

Озодагон: Яъне, ҳоло дигар муроҷиат кардан ба Президенту он имкониятҳои зиёде, ки гуфтед, номумкин аст?

Абдуссалом Одиназода:
Мумкин аст. Қабл аз ҳама ман асноди русиямро бояд барқарор кунам, ки 6 моҳ муҳлат лозим аст. Бо шиносномаи русӣ метавонам баргардам. Баъд одаме наздик ба Президент бо ман дар тамос аст. Ин кори аҳмақӣ (талош барои аз ватан берун кардан - Озодагон)-ро 2-3 нафар дар Донишгоҳи тиббӣ карданд. Онҳо туҳмат кардаанд, ки ман бо исломгароҳо иртибот дорам.

Озодагон: Пас, ин талошро дубора мекунед, манзурам аз тариқи барқарор кардани паспорти русӣ?

Абдуссалом Одиназода:
Бубинед, барои баргаштан мушкилии зиёд надорам. Аз чизе ҳам наметарсам. Аммо ин ҷо як чизе ҳаст.

Озодагон: Чӣ?

Абдуссалом Одиназода:
Намедонам оё дар чаҳорчӯби система кор кардан метонам ё не. Манзурам ин аст, ки дуздиву қаллобӣ дар системаи омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ ба сурати маъмулӣ даромадааст. Ман қатъан наметавонам ба ягон системаи пулшӯӣ ва ё ришвахӯрӣ худамро ҳамроҳ кунам. Алъон мефаҳмам, ки чӣ қадар олимонро аз ОМИТ-и ДДТТ барои ҳамин "айб" аз кор сиёҳ карда пеш кардаанд. Яъне, ба назар мерасад, ки кулли ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ҳаминанд. Ба мо барин одамҳо иҷоза намедиҳанд кор бикунем. Яъне, мехоҳам болои ҳамин матлаб фикр бикунам, ки оё тасаввуроти ман дуруст аст ё на.

Озодагон: Яъне, пешниҳоди кор дар Қазоқистон ва Покистон дар авлавиятанд?

Абдуссалом Одиназода:
На! Ватан аввал аст. Вагарна ман алъон мустақим мерафтам Покистон ва ё дар Қазоқистон мемондам. Тасмими мо Тоҷикистон буд ва ҳаст. Мехоҳам аввал ҳамин корҳои шурӯъшуда ба ҳаллу фасли ниҳоӣ бирасанд. Мо масхарабоз нестем, ки аз ин ҷо ба он ҷо хесгирак кардан гирем. Мӯътақидам, ки барои мақомот одамони бокалла ва мутахассис ҳам лозиманд ва дар он ҷо одамоне ҳастанд, ки инро мефаҳманд.


Озодагон: Гуфтед, дар системаи омӯзишӣ ва пажуҳишӣ корҳо ба сурати дуруст анҷом намешаванд ва наметавонед бо онҳо кор кунед. Ҳоло чаро талоши боз ба ин гуна фазо омаданро доред?

Абдуссалом Одиназода:
Вақте ки дар Қазоқистон будам аз онҳо чизи зиёд омӯхтам ва чун дӯстони хубро ҳам дар он ҷо дорам (ҳамкурсони донишгоҳи русӣ) баъзе тавсияҳои хубро ҳам ба даст овардам. Мехоҳам аз Ерлан ном шахсе, ки Маркази миллии биотехнологии Қазоқистонро сохтааст, ибрат бигирам. Яъне, пружаеро мехоҳам омода бикунам ва аз тариқи шахсе ба дасти Президент расонам. Мехоҳам бубинам, оё мешавад, ки як маркази замонавии биотехнологӣ, ки аз ҳама ин ниҳодҳои феълӣ ҷудо ва мустақил бошад, таъсис диҳам. Ин кор бояд аз сохтани бино шурӯъ шавад ва баъд то ҷамъ кардани мутахассисҳо ва харидани таҷҳизот. Бояд чизе бошад, ки куллан берун аз системаи омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ ба мисли як ширкати саҳҳомӣ. Ерлан мегӯяд, якчанд рӯз дар қабулгоҳи Назарбоев шишта будааст, то бо худи ӯ гап бизанад. Ӯ ҳам мисли ман тӯлонӣ дар Ғарб кор кардааст ва ба Ватан баргашт, аммо бо плани мушаххас.

Озодагон: То чӣ ҳад боварӣ доред, ки бо Президенти Тоҷикистон рӯбарӯ хоҳед шуд? Коре, ки дӯсти шумо дар Қазоқистон кард.

Абдуссалом Одиназода: Муҳлат доданд, то гум шавамАбдуссалом Одиназода:
На, ман наметавонам бо ӯ рӯбарӯ бишавам, чун пружаро ба шахси масъул аз Австролиё хоҳам фиристод. Баъд мехоҳам бубинам вокуниши мақомот чӣ аст. Албатта баъд аз 6 моҳ бо барқарор кардани асноди русӣ метавонам Душанбе биёям ва бубинам, оё имконияти пешбарии пружаи ман ҳаст ё нест. Агар ҳаст сари он кор хоҳам кард ва агар не, пас, гузинаҳои дигари кишварҳои дигарро хоҳам баррасӣ кард. Гап боз дар сари он аст, ки агар ман хоҳам, эҳтимолияти бозгашт ба донишгоҳи тиббӣ ҳаст. Ба ман гуфтанд дар ду саҳифа гапҳои асосиро навис ва мо онро назди раисҷумҳур ва ё Озода Раҳмон мебарем ва баъд бо пуштибонии хубе ба вазифаат бармегардӣ. Аммо худро дохил кардан ба он системаи Донишгоҳи тиббӣ ҳам барои ман муносиб нест ва ҳам барои зиёд одамон, ки бизнеси хуберо дар он ҷо роҳандозӣ кардаанд.

Озодагон: Метавонед бигӯед, ки тақрибан бо харҷи чӣ қадар маблағ метавон пружаатонро амалӣ кард?

Абдуссалом Одиназода:
На, наметавонам. Мехоҳам сари мавзӯъ кор бикунам, таҳқиқот бибарам, ба таҷрубаи кишварҳои дигар, махсусан қазоқҳо нигоҳ кунам. Баъд пружаи муносиберо барои Тоҷикистон омода бикунам. Ҳамеша метавон аз сандуқҳои байналмилалӣ истифода кард, агар шахсияти илмӣ ва фании одами асосӣ хуб бошад ва агар пружа хуб омода шуда бишад. Албатта ин ҷо аз аввал ба ҳама рӯшан гуфтан лозим аст, ки он чизҳое, ки оқоён Масъуди Миршоҳӣ ва Муртазо Хидиров барои Донишгоҳи тиббӣ раво диданд, набояд такрор шавад.

Озодагон: Сафари хубе дошта бошед!

Абдуссалом Одиназода:
Ташаккур.

Суҳбати Сайф САФАР

P.S. Абдуссалом Одиназода, ки солҳои тӯлонӣ дар Ватан набуд, сабаби баргаштанаш ба Тоҷикистон ва тамоми саргузаштҳояшро дар блоге навиштааст.
Мӯҳр
к
Яке аз сабабхои ба мушкилот гирифтор шудани ого дар Точикистон ин географияи у аст. Дуюм, хукуматдорон танхо ба он пружахое таваччух хонад кард ки шахсан барои онхо фоидаовар бошад.

Акмал
....дар рузхои вазбин ... мардуми Точикистон партофта рафтед ...акнун шукри Пешвои Миллат мо тинчу ором хастем ..акнун омадед , ки вазифа гиренд ....не бародар рав ба хамон чои шахрвандиат...

Кухистони
Холо дар Точикистон одамони босавод, бомаърифат ва сохибкасб лозим нестанд. Танхо лесакон, бесаводон ва бенангу беномусони манкурт лозим аст, ки барои чанд сомонак тайёранд -модари худро фурушанд

Муаллим
Аз суханони ин бародар маълум, ки ҷомеаи моро хуб шинохтааст.
Вале аз чӣ бошад, боз мехоҳад бо ин ҳама мушкилиҳо ва садроҳшуданҳо барои Ватан коре анҷом диҳад. Он ҳамоқат ва ҷаҳолатеро, ки саросари ҷомеаро фаро гирифтааст, хуб дарк мекунад, медонам, дарун-дарун месӯзад, чун бештар дарк мекунаду ояндаро дида метавонад.
Бародар, худатро сарсон накун. Агар он марказро сохта ҳам тавонед, дар ин системаи фасодзадаву порахурону чоплусон шумо кор карда наметавонед. Ҳамин мушкили визаатон бояд сабақ бошад. Барои виза гирифтан бояд ба дасти миёнаравҳо камаш 500 доллар супорӣ.

Ман агар ба чои ин журналист мебудам, бештар дар бораи биотехнология ва пружаи коркарди у суол медодам. Нафъ ва зарари онро мепурсидам. Шояд сабаби барои чи ба у чумлаи "Мухлат доданд, гум шавам" аник мекард. Аксари онхое, ки дар хорич тахсил мекунанд, аз руи тачриба магзашон шустушу шудааст. Аммо Точикистон хам кадрхои бокуввати давроне дорад,ки дигар мамалакактхо аз онхо омузиш мекарданд.

а
Акмал,

Барои Точикистон ки бештар лозим аст: олими ботачрибае, ки аз илми замонави бархурдор аст ё ту барин аклакхое, ки дар як чумла се хато мекунед?

Вафо
Барои табиби хуб будан аввал аз кучо буданаш ягон фаркияте надорад хамаи мо точик хастем хамаи мо аз хазрати одам таваллуд шудаем хар яки мо бояд напурсем аз кучои мо бояд як шахсияти покдилу донишмандро дастгири кунем,ки нафъи у ба мардум расад он бадие ки хешат мекунад бегона намекунад аз хамшахрию аз хамкишлокихоятон эхтиёт бошед. Шахсони худотарсро дастгири кунед.бародарони азиз табибони босавод лозим аст.ба фикри ман бисёр хуб шудааст ки тачрибаи дигар мамлакатхоро омухтааст.мебахшед маро дар худамон ба табибони чавон коро намеомузанд пинхони аз чавонон чарохи мекунанд.........хочати гап нест медицинада.......

о
шахрванд,

Бе далел гап назан. Номбар бикун хамон кадрхои бокуввати давронро, ки аз онхо мамлакатхои дигар сабак гирифтаанд.

к, Чихел сабаби мушкилиаш география будааст? Тамоми давлатхо рафтааст магар географияро намедонад?
Дуюм дар тамоми дунё аминхел аст, пружае ё лоихае ки фоидаовар нест хичкас дасгири намекунад... Формулаи иктисод хаминро талаб мекунад...

Darvesh
шахрванд,
Magzi SHUMO bo chi shushta shudaast??? Bo dastro peshi bar giriftand va .... digaronro lesidan?????

ученик
Чи кадар дарднок аст хондан ва шунидани саргузашти донишманди точик, ки дар Ватани худ кадр намеёбад. Албатта агар ин пизишк гайриточик мебуд харгиз орзуи Точикистон омаданро намекард. Бародар Абдуссалом Одиназода Худованд хамеша ёру мададгоратон бошад.

Тупой
Мухочир,

Чи худро иванушка-дурачок нишон дода истодаи? Нагз мефахми, ки сухан дар бораи чист.

Саид
Дар ёд дорам, вақте, ки аввалин бор маро ба мудири ин шуъба муаррифӣ карданд, ин хонум ба ман 30 дақиқа дар бораи он гап мезад, ки гӯё бо паспорти хориҷӣ дар Тоҷикистон кор кардан шадидан мушкил будааст. “Бисёр вақт мешавад, ки мо ҳама чизро дуруст омода мекунем, ва ба консулгарӣ таҳмил медиҳем, аммо онҳо ҳуҷҷатҳоро ба ҳар ҳол рад мекунанд, иҷозаи корӣ намедиҳанд ва ҳатто намегӯянд, ки сабаб дар чист. Хеле мушкил аст, намедонам, мешавад ё намешавад”...
О бародар! Инхо аз шумо пули миёнаравиро мехостанд. Шумо ки нафахмидед, -“Малимҷон мо сари шумоя ахир мехӯрдием-дия”!

Сорбон аз Хиебон.
Шахрванди Россия будаед,доктор!Пас ба ин чо баргардед.Як Точикистони дигар ин чост.Дар ин чо хам заруред!

Дарахт дар як чо месабзад, баъд хамин хел аз ин мондаву, аз он ронда мешави... Агар дар ончо кор медошт, дар сад сол хам барнамегашт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)