Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:50

100-солагии Мирзо Турсунзодаро дар Ҳиндустон ҳам ҷашн мегиранд

25 ноябр 2011, 05:00

Зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистонро дар Ҳиндустон таҷлил мекунанд.


2 декабри соли равон бо ибтикори сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлӣ ва дар ҳамкорӣ бо  академияи «Саҳития»- Фарҳангистони илмии забон ва адабиёти Ҳинд» бахшида ба таҷлили 100-умин солгарди зодрӯзи қаҳрамони миллати тоҷик, шоир, нависанда ва ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ Мирзо Турсунзода ва перомуни фаъолияти адабии ӯ симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад.Дар кори ҳамойиш  меҳмонон аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон, инчунин корпуси дипломатии муқими Ҳиндустон ширкат хоҳанд кард.

Ҳамзамон, дар нишаст дар бораи паҳлӯҳои мухталифи ҳаёту эҷодиёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода маърӯзаҳои илмӣ сурат мегиранд. Ба ҷуз ин, дар рафти кори симпозиум нмоиши филми мустанад дар бораи устод Турсунзода дар назар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!