Бахшҳо

Раддияи Назарзода: Ҳазфи «Е», «Ё», «Ю» ва «Я»-ро пешниҳод накардаам

Профессор Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабари расонаҳои русӣ дар мавриди тағйир додани алифбои тоҷикӣ ва ҳазфи ҳарфҳои «Е», «Ё», «Ю» ва «Я»-ро дурӯғи маҳз хонд.

Назарзода имрӯз, 24-уми сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки ин хабар ҳеч воқеияте надорад ва зарурате ҳам барои чунин тағйирот нест: “Мо, нав, чанд сол пеш ба қоидаҳои имло тағйирот ворид кардем ва ҳоло дар як фосилаи бисёр кутоҳ, дубора ворид кардани тағйирот ба он ҳеч зарурат надорад”.

Такзиби ин хабар аз ҷониби Назарзода дар ҳолест, ки баъзе аз расонаҳои русӣ ӯро муаллифи лоиҳа барои лағви ҳарфҳои йодбарсар хондаанд. Аз ҷумла торнигори kapital-rus.ru бо истинод ба оҷонсии хабарии “Регнюм” навиштааст, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд ҳарфҳои «Е», «Ё», «Ю» ва «Я»-ро аз алифбо ҳазф кунанд. Ба навиштаи ин торнамо муаллифи ин лоиҳа Сайфиддин Назарзода мебошад ва дар рӯзномаи ҳукуматии “Ҷумҳурият” ҳам чунин як матлабро нашр намудааст.

Аммо Сайфиддин Назарзода, ки аз ӯ дар хабари kapital-rus.ru бо иштибоҳ директори феълии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳо ном бурда шудааст, гуфт, ки ӯ ҳеч гуна лоиҳа коркард ва дар “Ҷумҳурият” нашр нанамудааст.
Мӯҳр
Донишчу
И Русхо чи мехоханд, аз мо? ё бесаводанд ё чи хадафе доранд, наход инкадар бешармона хабари дуруг пахн намоянд.

Aгар ҷаноби Назарзода чунин як пешниҳод мекарданд ҳам, хеле кори савоб мешуд. Якум инки алифбои тоҷикӣ хеле сабук мешуд. Дар он сурат мо метавонистем ба ҷойи калимаи "ятим" - "йатим", ба ҷойи "ёдгор" - "йодгор" нависем. Магар ин чӣ бадӣ дорад? Бояд зикр гардад, ки бо хати тоҷикии арабиасос маҳз ҳамин хел нависта мешавад.
Дуввум инки, тағйирот ба алифбои тоҷикӣ ба русу забони русӣ чӣ алоқа дорад, ки инро онҳо беморвор қабул мекунанд. Ё онҳо ҳоло ҳам ҳар як иқдому амали моро идора мекунанд? Чаро ҷаноби Назарзода як ҷавоби шадиде ба русҳо надодааст? Чаро ба густохӣ ва дахолати онҳо масъулини тоҷик ҳеҷ як ҷавоби муносиб намедиҳанд, даҳони онҳоро напӯшанд, ҳамеша рӯи хотир мекунанд?
Зимнан, модоме онҳо ба кӯчактарин тағйирот дар алифбои тоҷикӣ-русӣ инқадар дахолату таваҷҷӯҳ мекунанд, чӣ мешавад, ки мо рӯзе пурра ба алифбои арабии тоҷикӣ гузарем? Он гоҳ аксуламали рус тасаввурнопазир хоҳад буд, зеро ба назар мерасад, ки Русия тоҷикон ва Тоҷикистонро ҳанӯз ҳам моли худ медонад. Пас, яқинан, як ҷанги шаҳрвандии дигарро инҷо аланга мезанад ё Тоҷикистонро мисли Гурҷистону Украина.мекунад. Худи ҳамин далел сабақест барои руспарастони тоҷику Тоҷикистон. Аз хоби гарон бедор шавед! Рафоқат бо русу Русия оқибати хуб надорад!

xonanda
Вокеъан хеч зарурате дар забони точики ба е,ё,ю,я нест,е-ро це,ё-ро йо,ю-ро йу ва я-ро йа навиштан дуруст аст.Вакте ба шогирдони навомуз ин харфхоро меомузед,табиатан йа,йо,йу менависанд,мо чабран ба онхо харди хатои я,ё,ю-ро яд медихем

Фаридун
Харф нишони шартиест, ки овози муайянро ифода мекунад. Чи гуна шакл доштани он чандон мухим нест. Забоншиносони мо бачои корхои мухими илми кардан ба имло часпидаанд, ки як кори бехуда аст.

Мавзуи аз мантик ва акл берунро пайгири кардед. Бе чавоби хами мардак маълум буд ки ин мавзу сохтаву бофта аст. Агар фарз кардем ки дуруст бо баъд Яхдон- Хдон, Ер- Р, Юнус- Нус, Едбуд- дбуд, язна-зна ва янга - нга шиданш мумкин хахаха

точик
бешниход хам мекарданд бад набуд

Ibrohim
Ин тагйиротест, ки барои кабули он професори Донишгохи технологии Точикистон, устод Исмоилов Мизроб солхост кушиш мекунанд. Албатта бояд йотбарсархоро аз байн бурд. Ин барои халли мушкилоти компютеркунонии забони мо нихоят муфид аст. Аз Озодагон хохиш мекунам бо ин профессор як мусохибаи махсус ташкил кунед ва далелхои нихоят пурзурро дар ин замина дарёфт мекунед. Каблан миннатдорам!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)