Бахшҳо

“Депресия”, сармозадагӣ,... – дардҳои асосии муҳоҷирон дар Русия

Олимони Донишгоҳи тиббии Новосибирск зимни як таҳқиқот муайян кардаанд, ки ҳар 10-умин муҳоҷири корӣ дар Русия гирифтори афсурдагӣ (депресия) мебошад.

Ин таҳқиқот миёни 1 ҳазору 597 нафар муҳоҷир аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон гузаронида шудааст. Тибқи ин таҳқиқот 94 нафар муҳоҷири мавриди таҳқиқ гирифтори афсурдагии баланд буда, 80 нафар мубталои афсурдагии сабук мебошанд.

Ширкатҳои бимаи тандурустӣ изҳор доштаанд, ки танҳо 15 фоизи муҳоҷирон аз бимаашон истифода кардаанд, аммо тадриҷан теъдодашон рӯ ба афзоиш аст. Андрей Абрамов, муовини мудири кулли ширкати бимаи “ВСК” гуфтааст муҳоҷирон баробари шаҳрвандони Русия ба кумаки тиббӣ муроҷиат мекунанд. Ӯ гуфтааст муҳоҷирон бештар аз захму осеб, дарди шадиди дандон ва сармохӯрдагӣ шикоят мекунанд.

Соли 2015 ба ширкати “ВСК” 524 ҳазор муҳоҷир ва нимаи аввали соли ҷорӣ 330 ҳазор муҳоҷир муроҷиат кардааст. Бимаи ин ширкат барои 3 моҳ 340 рубл ва 12 моҳ 5,6 ҳазор рубл нарх дорад. Ширкати бимаи “Согалисие” гуфтааст муҳоҷирон дар аксарияти маврид бо осебдидагӣ, бемориҳои сироятӣ ва сухтагӣ муроҷиат мекунанд. Ин ширкат соли гузашта 10 ҳазор ва дар муддати 8 моҳи соли ҷорӣ 20 ҳазор муҳоҷир қабул кардааст. Бемории сил ҳам миёни муҳоҷирон зиёд мушоҳида мешудааст.

Олимони Донишгоҳи тиббии Смоленск 614 кӯдакро аз оилаҳои муҳоҷирон, ки солҳои 2014-2015 ба Русия омадаанд, ташхис кардаанд. Бештари волидайни ин кӯдакон аз Украина ва бахши дигар аз Тоҷикистон, Молдова, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Русия муҳоҷир шуданд.

Натиҷаи ин ташхис нишон додааст, ки 2,7 фоизи онҳо аз оилаи муҳоҷирон ва 0,3 фоиз аз оилаи шаҳрвандони Русия будаанд, ки бо гирифторони беморони сил робита доштаанд. 74 фоизи фарзандони муҳоҷирон ва 98 фоизи шаҳрвандони Русия аз эмгузаронӣ гузаштаанд. Ба ин тартиб пажуҳишгарон мегӯянд, бемории сил миёни муҳоҷирон нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)