Бахшҳо

Медведев аз созишномаи нахуствазири Тоҷикистон пуштибонӣ кард

Дмитрий Медведев, президенти Русия, Созишнома оиди таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ дар ҳудуди ИДМ - ро, ки Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон моҳи гузашта онро имзо намуда буд, тасдиқ карда, рӯзе пеш барои тасвиб ба парлумони Русия пешниҳод намудааст.


Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Русия иттилоъ паҳн кардааст.Созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратии ИДМ – ро,  санаи 18 –уми моҳи гузашта, дар баробари Оқил Оқилов, инчунин Владимир Путин, сарвазири Русия ва сарони ҳукуматҳои Қазоқистон, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон имзо намуданд.  Мақомоти Ӯзбакистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ваъда додаанд, ки то охири соли ҷорӣ мавқеъашонро нисбати таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ дар ИДМ муайян мекунанд.

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» таъсиси минтақаи озоди тиҷоратии ИДМ – ро ба фоидаи иқтисодиёти кишвар арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ, баъзе намуди пардохтҳо зимни воридоту содироти мол бекор мешаванд, ки ин дар навбати ба афзоиши гардиши мол ва арзонӣ дар бозорҳои кишвар мусоидат мекунад.

Акнун ба гуфтаи Владимир Путин, сарвазири Русия барои амал намудани муқаррароти Созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратии ИДМ зарур аст, ки парлумони кишварҳои узв онро ба тасвиб расонанд. Президенти  Русия якумин шуда, созишномаро барои тасвиб ба парлумон  пешниҳод кард. Ҳукумати Украина аз кишварҳои узви ИДМ даъват кардаст, ки корҳоро дар самти тасвиби созишнома вусъат диҳанд, то минтақаи озоди тиҷоратии ИДМ тавонад аз 1 –уми январи соли 2012 –ум фаъолият кунад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)