Хулосаи тафтишот: Гулчеҳра девона аст, бояд табобат шавад
Мақомоти тафтишотии Маскав зимни анҷоми таҳқиқоти парвандаи пурсарусадои Гулчеҳра Бобоқулова муайян кардаанд, ки ӯ мубталои бемории шизофренияи шадид аст.
Гулчеҳра Бобоқулова, зодаи 39-солаи Узбакистон моҳи феврали соли ҷорӣ сари кӯдаки 4-солаи мавриди парастории худашро, аз тан ҷудо карда буд. Тибқи ташхиси табибон Гулчеҳра девона шумурда шудааст. Аз ин рӯ, муфаттишон парвандаи ин мутаҳҳамро бо ин хулоса, ки ӯ ба табобати ҳатмӣ ниёз дорад, ба додситонӣ фиристодаанд.
Гулчеҳра Бобоқулова рӯзи 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр" дар ҳоле боздошт шуд, ки сари буридаи кӯдакеро дар даст дошт. Баъдтар эълон шуд, ин кӯдак Настя ном доштаву Гулчеҳра ба ҳайси парастори ӯ фаъолият мекардааст. Бино ба иттилои тафтишот, ин шаҳрванди Узбакистон баъди он ки волидони кӯдак аз хона мебароянд, сари ӯро бурида, хонаро оташ мезанад. Бобоқулова ҳангоми бозпурсиҳо, ки навори онҳо низ дар интернет нашр гардид, куштори кӯдакро қасос аз Владимир Путин, президенти Русия барои иқдомаш дар Сурия гуфтааст. Аммо Кремл ин баёнияро натиҷаи бемории равонии боздоштшуда эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |