Бахшҳо

Президент дар иди дипломатҳо: Аз кадрҳои ғайрикасбию ҷобаҷогузории нодуруст то ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29-уми сентябр, ки нахустин бор дар кишвар “Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ” таҷлил мешавад, бинои Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷиро ба истифода дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар ҳузури дипломатҳои тоҷик 29 сентябри соли 1993-ро дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард: “Дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд”.

Соли равон парлумони Тоҷикистон бахшида ба нахустин баромади Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз минбари СММ, ки 29-уми сентябри соли 1993 сурат гирифт, ин санаро рӯзи касбии дипломатҳои тоҷик эълон кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди вазъи феълии дипломатияи тоҷик гуфт, айни ҳол зиёда аз 30 намояндагии дипломатии мо дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ҳамарӯза талош меварзанд: “Фаъолияти солҳои охири Вазорати корҳои хориҷӣ доир ба татбиқи навгониҳо дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ боиси таҳсин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доимо дастгирӣ меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон дар озмуни ахири ҷумҳуриявӣ беҳтарин сохтори марказии ҳокимияти давлатӣ эътироф шудани Вазорати умури хориҷиро баёнгари пешрафти ниҳодҳои вазорат, аз ҷумла хадамоти консулии он донист: “Зимнан, бояд гуфт, ки дар даврони пеш аз истиқлол Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ собиқаи муайяне дошт, вале дар арсаи сиёсати хориҷӣ дорои чунин таҷриба набуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 1944 таъсис ёфта буд, танҳо баъзе масъалаҳои ташрифотию намояндагиро ба иҷро мерасонид”.

Ӯ афзуд, дар замони Истиқлол сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ ва доираи фаъолияти он чун мақоми идораи давлатӣ ба таври назаррас тағйир ёфт: “Дар робита ба ин, ишора ба як далел кофист, ки ҳайати кормандони он аз 11 нафари давраи пеш аз истиқлол ба зиёда аз 300 нафар расид”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баробари дастовардҳо изҳор доштааст, ки дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ, аз ҷумла дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо камбудиҳои зиёде вуҷуд доранд: “.Ҳарчанд ки барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати дипломатӣ озмунҳо мунтазам гузаронида мешаванд, вале баъзе ҳолатҳои муносибати ғайрихолисона ба масъалаи арзёбии сифатҳои касбиву шахсии кадрҳои ҷавон ба мушоҳида мерасанд. Сатҳи пасти малакаи касбии баъзе дипломатҳои тоҷик, алалхусус, дар самти омӯзиши забон, таърих, анъанаву фарҳанг ва қонунҳои кишвари иқомат, боиси нигаронист. Дар масъалаи таъмин намудани сатҳи зарурии интизом ва масъулиятшиносии кадрҳо низ норасоиҳо ба назар мерасанд”.

Дар пасманзари ифшои бархе аз мукотибаи махфии дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид намудааст, ки “ҳолати таъмини бехатарии иттилоотиву иртиботии фаъолияти намояндагиҳои дипломатии мо дар кишварҳои хориҷӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад. Имрӯз мо бояд ба ин масъалаҳо ҳам дар дастгоҳи марказии вазорат ва ҳам дар сафорату намояндагиҳои дипломатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иҷрои хуби вазифаҳои дипломатӣ донишу таҷриба, ахлоқи ҳамида, одоби муошират, донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забони кишвари иқомат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва поквиҷдониро муҳим хонд. Ӯ таъкид намудаст, ки корҳо барои муаррифӣ ва ҳифзи чеҳраи мусбати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ бояд тақвият ёбанд “Истифодаи ҳамаи василаҳои дастрас, аз ҷумла таҳкими робитаҳои кории самарабахш бо ниҳодҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат, тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва дигаргуниҳои бунёдии ҷомеаи мо аз тариқи суханрониву мусоҳибаҳои матбуотӣ ва музокироту вохӯриҳои дипломатӣ амри комилан зарур аст”.

Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва аз Фирдавсӣ иқтибос овардааст, ки дар Шоҳнома барои сафирон чунин хислатҳоро муҳим хондааст:

Фиристода бояд, ки доно бувад
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Раисиҷумҳур аз ҷои дигари Шоҳнома зикр кардааст, ки Хусрави Парвиз ба фиристодагони худ чунин дастур медиҳад:

Хирадманд бошеду равшанравон,
Ниюшандаву чарбу ширинзабон.
Бад-он анҷуман ту забони манӣ,
Ба ҳар неку бад тарҷумони манӣ.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши дипломатҳо бори дигар таъкид ба сиёсати дарҳои боз карда, илова намудааст, ки Тоҷикистон тайи даврони соҳибихтиёрии хеш муносибатҳои судмандро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда, ҷойгоҳу мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ марҳала ба марҳала мустаҳкам гардонид. Айни ҳол Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Тоҷикистон то имрӯз бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 140 кишвари дуру наздик робитаҳои дӯстонаву беғараз ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро ба роҳ монда, густариш медиҳад”.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон аз имзои беш аз 2000 санади ҳуқуқӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳонро зикр карда, аз татбиқи бархеи онҳо изҳори норозигӣ кард: “Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дигар ба масъалаҳои вобаста ба таҳияи хушсифату саривақтии санадҳои дар чорчӯбаи сафарҳои расмиву кории роҳбарияти олии кишвар имзошаванда ва умуман, ба мазмуну мундариҷаи баланди чунин сафарҳо аҳаммияти пайваста ва хосса диҳанд. Ҳар як шартномае, ки ба имзо мерасад, пеш аз ҳама, бояд воқеиву иҷрошаванда ва ҷавобгӯи талаботи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва манфиатҳои миллии мо бошад”.

Дар мавриди ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки “роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи аввалин ва муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва амниятӣ дар Осиёи Марказӣ мешуморад. Тайи чоряк асри соҳибистиқлолӣ давлати Тоҷикистон чунин мавқеъ ва дидгоҳи худро дар амалияи сиёсиаш борҳо намоиш додаст. Мо итминони комил дорем, ки ҳамгироии созанда дар заминаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимод ба якдигар ба манфиати ҳар як давлату халқи минтақа аст. Мо дар якҷоягӣ метавонем низоми фарогири амнияти минтақаамонро эҷод намоем ва бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муборизаи муштарак барем”.

Дар раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки “риояи манофеи миллӣ ва заминасозӣ барои таъмини рушди устувори кишварамон, баробари ҳифзи дастовардҳои истиқлол, аз ҳар корманди хизмати дипломатӣ зиракии сиёсӣ, огоҳии комил аз равандҳои ҷаҳони муосир, шинохти дурусти ҳадафҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон, қобилияти таҳлили воқеаҳои дохиливу хориҷӣ, тасмимгирии саривақтӣ ва мантиқӣ дар баробари рӯйдодҳо ва албатта, садоқату самимияти хосса ба давлату миллатро тақозо менамояд”. Ӯ барои дипломатҳои тоҷик дар роҳи хизмат ба давлату миллат барору комёбӣ орзу намуд.
Мӯҳр
Соҳибкор
Ҷаноби Олӣ. Мо соҳибкорон аз сиёсати хирадмандонаву одилонаи шумо доимо пуштибонӣ мекунем. Барои мо соҳибкорон зарур аст, ки соҳибкориро бо мардумони давлатҳои гуногун равнақу ривоҷ диҳем, сармояи хориҷиро ворид кунем, корхонаҳо созем ва ҷоҳои нави корӣ ташкил кунем.
Мутаассифона аксарияти вақт ин ниятҳои мо барбод мераванд аз сабаби мушкил будани гирифтани визаи Тоҷикистон барои партнерҳоямон аз хориҷа. Барои як визаи Тоҷикистонро гирифтан бояд як моҳ интизорӣ кашем, ҳол он ки барои соҳибкор вақт аз тилло ҳам гарон аст. Аз ҳамин сабаб аксари соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон намеоянд. Дар бораи корупсия дар консулӣ ва сафоратҳои Тоҷикистон ҷои гуфтан ҳам зарур нест. Хадамоти меҳнат иҷозат барои корро дар ауксион мемонад, касе нархи баланд дода метавонад, соҳиби иҷозат мешавад.
Ҷаноби Олӣ. Шумо дар баромадҳоятон аз рушти туризм доимо таъкид мекунед, вақте ки турист барои виза як моҳ интизорӣ мекашад, мо кадом рушти туризмро муваффақ мешавем? Кумитаи ҷавонон ва туризм беҳтарин иқдому корҳоро барои таблиғи Тоҷикистон карда истода аст, лекин агар турист дар сафоратҳои Тоҷикистон як моҳ дар интизори визааш саргардон шавад, чи гуна дар мо туризм рушт мекунад?


р
Соҳибкор,

РушТ не, рушД. Туризм хеч гох дар Точикистон таракки нахохад кард. Ракобат дар ин соха хеле шадид аст. Магар Точикистон бо Туркия, Миср, Таиланд е Испания ракобат карда метавонад? Хатто бо Узбакистону Киргизистон хам ракобат карда наметавонад.

Соҳибкор
Ба Р.
Туризм дар мо рушд мекунад. Визаро осон кунанд одамҳо зиёд рафтуо мекунанду туризм тарақӣ мекунад. Вақте ки одам намеояд аз куҷо туризмро тарақӣ медиҳед? ВизаИ осон қадами якум барои туризм аст ки хориҷиҳо озод омадурафт карда тавонанд.

ба соҳибкор
мо ба испания италия ё дигар кишварҳо баробар шуда натонем бояд туризмро инкишоф надиҳем ба гуфти ту? касе ҳасти тамоман аклт дар ҷояш нест. чихел хатогии як каси дигара ту ислоҳ мекуни

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)